Бахшҳо
02 окт 2013 17:28Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раҳмон “Тоҷиксемент”-ро бе гази Узбакистон фаъол кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 2-юми октябр, калонтарин корхонаи сементбарории кишвар, “Тоҷиксемент”-ро, ки дар пайи қатъи интиқоли гази Узбакистон аз кор монда буд, пас аз таваққуфи даҳмоҳа дубора фаъол кард.

Тавре аз дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ доданд, “ҳоло дар ин корхона бо васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти нави технологӣ ба ҷойи гази табиӣ ба ҳайси сӯзишворӣ аз ангишт истифода карда мешавад. Захираи ангишт ва ашёи хоми барои истеҳсоли семент зарурӣ дар Тоҷикистон хеле фаровон буда, барои садсолаҳо басандагӣ мекунад.”

Ба иттилои манбаъ ҳоло навбати якуми ин корхона бо технологияи нав мавриди истифода қарор гирифт, ки иқтидори солонаи он 180 ҳазор тонна сементи баландсифат мебошад: “Ин кор бо харҷи қариб 13,5 миллион доллари амрикоӣ анҷом дода шуда, аз 1140 нафар коргарони пешин 883 кас аз нав ба кор ҷалб карда шудааст. Бо вуҷуди истифода аз ангишт, ин технологияи нав камасрафу бепартов буда, ба муҳити зист ҳеч гуна зарар намерасонад. Дар истеҳсоли 510 тонна семент, ки иқтидори шабонарӯзии корхона аст, ҳамагӣ 350-400 кг ангишт сарф мешавад.”

Тавре иттилоъ дода шуд, навбати дуюми корхонаи сементи шаҳри Душанбе пас аз ду моҳи дигар ба кор даромада, иқтидори солонаи истеҳсолии он ба 360 ҳазор тонна маҳсулот расонда шуда, шумораи коргарон боз ҳам афзун хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур меафзояд, ки сементи дар ин корхона истеҳсолшаванда дорои сифати баланд буда, аз ҷумла аз таъсири манфии сулфат ва дигар элементу моддаҳои кимиёӣ эмин мемонад ва аз ин хотир дар бунёди иншооти азими гидроэнергетикӣ васеъ истифода мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи навбати дуюми корхона дастур дода, таъкид кард, ки иқтидори ин корхона дар оянда бояд ба 1 миллион тонна расонда шавад.
Мӯҳр
Ман хело хурсандам, вале на танхо барои сементамон зиёд шуд, балки барои чунин Рохбари ба нангу носус дорем, ки сарашро дар пеши хар як номард хам намекунад.

п
Аз нуктаи назари иктисоди ин амали бехуда аст. Нархи цементашон ба осмон хохад расид. Баъд пошлинаро барои цементи хоричи мебардоранду хамаро мачбур мекунанд цементашонро бо нархи гарон харанд. Ба мардум аз ин чи фоида?

Молодец Президент так держать

НЕЪМАТ.
САЛОМАТ БОШАНД ПАДАРИ МИЛЛАТ.

в
Хизматхои шахсони дигарро президент аз худ карда истодааст. Чи дар Точикистон танхо президент кор мекунаду халос?

ana nomus.xudovand dushmanonu baxeloni rahmonro kur kun.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)