Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:30

Иқрори гуноҳ ва узрхоҳии раҳбарияти “Равшан” аз мухлисон

2 октябр 2013, 17:45

Роҳбарияти дастаи “Равшан”-и Кӯлоб иқрор кардааст, ки бо иштибоҳи идорӣ, ин даста аз ҳақи идомаи қувваозмоӣ барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2013 маҳрум шудааст ва аз мухлисони даста узрхоҳӣ кардаанд.

Тими “Равшан”-и Кӯлоб, рӯзи 18-ум сентябр дар бозии ҷавобии 1/ 4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон 2013, дар майдони худ дастаи “Парвоз”-ро бо ҳисоби 2-1 шикаст дода буд. Аммо пас аз анҷоми ин бозӣ раҳбарияти бошгоҳи “Парвоз” ба ФФТ эътирози расмӣ навишт, ки гӯиё дар нимаи дувуми бозӣ бозигари 19-солаи “Равшан” Саидхони Амрохонро легионер Гершон Акуффо иваз кард, ки синнаш аз 19 боло аст ва ин мухолифи Дастури мусобиқот мебошад. Аз сабаби риоя накардани дастурҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ), “Равшан” расман мағлуб ва 1000 сомонӣ ҷарима карда шуд.

Торнамои расмии “Равшан” аз қавли Дилшод Шарифов, менеҷери даста навиштааст: “Аслан баъд аз маҷруҳ шудани Саидхони Ҳамрохон, мураббиён каме саросема шуда, ба хатогӣ роҳ доданд. Албатта мо интизори рух додани чунин воқеаи нохуш набудем. Дар рафти бозӣ мутаассифона бо ин гуна мушкили рӯ ба рӯ шуда, иштибоҳ кардем. Ин кор, айби худи мо, роҳбарони дастаи Равшан буд”.

Дилшод Шарифов гуфтааст: “Футбол аз қонуну дастурҳои муайян сохта шудааст. ФФТ низ ин қонуну дастурҳоро барои кулли дастаҳои Тоҷикистон пешкаши кардааст. Ҳар як даста бояд тибқи ин дастур ҳаракат намуда, ҳаргиз аз чорчубаи дастурҳо берун набарояд. Қонун барои ҳама як аст. Аз ин сабаб, мо ки яке аз дастурҳои ФФТ-ро вайрон кардем, пас ҳатман ҷазояшро гирифтем ва гунаҳгор худамонро меҳисобем. Гарчӣ ин барои мо талх ҳам бошад, дар оянда барои мо ва дигар дастаҳо ибрат хоҳад шуд. Илова бар ин, аз тарафи президенти даста-- Зайнулло Соҳибов низ муҷозот шудем.”

“Дар охир аз тамоми мухлисони даста аз самими қалб узрхоҳӣ намуда, ваъда медиҳам, ки дуюм маротиба ба ингуна хатогиҳо роҳ намедиҳeм. Мо ба кулли мухлисони худ ваъда медиҳем, ки соли оянда ҳам дар Лигаи олӣ ва ҳам дар Ҷоми Тоҷикистон қаҳрамон шуда, ин хатогии худро ҷуброн хоҳем кард. Роҳбарияти дастаи “Равшан” аз мухлисони худ ҳама ҷиҳат розӣ буда, ҳамеша барои мухлисон комёбӣ ва ғолибият тақдим мекунад.”-афзудааст Дилшод Шарифов.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Огоҳ

  • 2 октябр 2013 19:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Иштибоҳ" не, фишор овардан ё маблағ ваъда карданд гуед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хама бахона. Хамин холат дар дастаи Истиклол рух дода буд. Хами бозингари 22 солаша 19 сола карда баровардагияй чанд бор. хама медонанд, дар ФФТ, чаро хомушанд. рохбарои Равшан, айбай, шумо хам медоне. Ха мардак бори бигуе ки мо таксим кардем. Чемпиони мода, Кубок Истиклолда. Боки саломат боше, футболи точика хор накуне.
Посух додан
  • Alex

  • 3 октябр 2013 06:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Проста бозира ФУРУХТЕМ бгу боварут кунем. Обидно
Посух додан
  • Комрон

  • 3 октябр 2013 09:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухлисора дилхунук кардед ба бахшиш мепурсед!!!
Посух додан
  • истравшани

  • 3 октябр 2013 09:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Равшан" ман мухлиси туам.... Гарчанде аз дигар махал хастам. ... Факат бо ракобату зиддият футбол пеш хохад рафт.... Автократия дар футбол набояд бошад.... Илтимос мавкеихудро гум накунед... Мухлисон хамаи Шуморо бозингари 12 мегуянд.. Дастгири мекунем... Равшан худо ёрат бод...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рохша ёфтен мухлисора фреб кнен
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Равшан мо хамеша бо туем

Равшан мо хамеша бо туем

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!