Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:09

Раҳмон дар Ваҳдат. Аз планшет то лентабурии Бозор Собир

3 октябр 2013, 09:14

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми боздид аз хонаи ятимон ва бепарасторони шаҳри Ваҳдат ба чиҳил нафари онҳо корти “Амонатбонк” ва якдонаӣ планшет тақдим намудааст. Оқои Раҳмон субҳи севуми октябр бо як сафари корӣ вориди шаҳри Ваҳдат шуда, ҳадафаш ҳам “ошноии бештар бо зиндагии мардум” аст.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар ҷараёни ин сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Ваҳдат як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ ва бинои Кохи маърифат ифтитоҳ ёфта, ба сохтмони чанд иншооти дигар оғоз бахшида шудааст. Ба қавли ӯ, ҳангоми ифтитоҳи Кохи маърифат оқои Раҳмон бо Бозор Собир дидор карда, якҷоя лентаи рамзиро буридаанд.

"Баъдан раисиҷумҳур бо шоиру нависандагон атрофи мушкилоту дастовардхои мамлакат сӯҳбати гарму самимӣ орост, ки дар нақшаи сафар пешбинӣ нашуда буд",-афзуд ӯ.

Ба гуфтаи манбаъ, қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон, аз гимназияи хонандагони болаёқати ба номи Балъамии шаҳри Ваҳдат низ боздид намуда, бо шароити таълиму тарбияи онҳо шинос шавад. Эмомалӣ Раҳмон зимни ин сафар, ҳамчунин бо роҳбарияту фаъолони Ваҳдат доир ба натиҷаҳои фаъолияти онҳо дар 9 моҳи соли равон ва вазифаҳои оянда машварати васеи корӣ баргузор хоҳад кард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Мах

  • 3 октябр 2013 09:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ozodagon чаро ошнои бештар бо зиндагии мардум мебошад- ро дар нохунак гирифтед? Агар дар хакикат тарафдори хакикатен чоп кунеду чавобашро рушод чоп кунед!!!
Посух додан
  • КИРМОНШОХ, ВАНЧ

  • 3 октябр 2013 10:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
РАХМОН БОРИ ДИГАР ИСБОТ КАРД КИ АХЛИ КИТОБРИ СОХИБИ МЕКУНАД
Посух додан
  • ф

  • 3 октябр 2013 10:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бозор дар Вахдат ягон обру надорад. Чаро лентабуриро ба у супориданд?
Посух додан
  • Ahmad

  • 3 октябр 2013 15:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
онҳое ки обру ва иззат дар назди миллат доранд онҳоро дар кишвар ҳаргиз намегузоранд ҳатто ба сyрати лента наздик шаванд.
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 3 октябр 2013 19:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ээхх Бозор-Бозор...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мах, ба Шумо хамчун як хонандаи холдон чавоб медихам: барои он ки ин иктибоси сухани каси дигар, яъне цитата аст. Аз афташ, ин хадафро расман эълон намуданд ва "Озодагон" онро иктибос овардааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ТАЪЧИБИ БА ХАМА ЯК ПЛАНШЕТИ ДОДААСТ БА БОЗОР СОБИР ДУ ПЛАНШЕТ ДОДААСТ АЗ КИСАИ ТОЧИРОНУ СОХИБ КОРОНИ НОХИЯ

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!