Бахшҳо

Асрори 5 октябр. Зодрӯзи президент, туҳфаҳо ва Раҳмон Набиев

Абдулазизи ВОСЕЪ

5-уми октябр. 278-умин рӯзи сол. То охири сол 87 рӯзи дигар мемонад. Аслан ин сана ҳам монанди 4-уми октябр, 8-уми декабр ё 11-уми февралу ба ин монандҳо як рӯзи одӣ менамояд. Аммо оё дар асл чунин аст? Пас, чӣ ҳикмате дорад ин 5-уми октябр?


Шояд дар назари аввал ҳаводисе, ки дар Тоҷикистон ба ин сана рабт мегирад, тасодуфӣ намояд, аммо вақте жарфтар менигарем, ҳамаи он аз қабл тарҳрезишуда ва хуб санҷидашуда менамояд.

Дар ҳоли ҳозир муҳимтарин факт, ки ҳамаи дигар далелҳо ба он марбут мешаванд, зодрӯзи президенти кишвар аст. Ӯ 5-уми октябри соли 1952 дар шаҳраки Данғараи вилояти Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1992 раиси Шӯрои олӣ ва соли 1994 президенти Тоҷикистон интихоб шуд. Ҷаноби Раҳмон беш аз 21 сол аст, ки кишварро раҳбарӣ мекунад. Ӯ натанҳо раҳбари давлату ҳукумат, балки сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳ ва раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ буда, боз дар як ниҳоди дигар мақоми президентро дорад. 3-юми апрели соли ҷорӣ ӯ бори дигар барои чор сол президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон таъин шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ин моҳ зодрӯз дорад. Ва вақте гап аз мавлуд меравад, ҳатман туҳфа пеши назар меояд. Ҳама гирифтани туҳфаро дӯст медорад. Мо аслан коре надорем, ки дар доираи хонаводагӣ ба президент кӣ ва чӣ туҳфае медиҳад. Аммо намешавад аз чанд туҳфае гузашт, ки оммавиянд.

Туҳфаи ҳамҳизбиён

Чоруми октябр Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ҳизби ҳоким, ки бештари вазифаҳои давлатӣ ва курсиҳои парлумонро дар ихтиёр дорад, анҷумани пешазинтихоботӣ баргузор мекунад. Раҳбарии ин ҳизбро Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад. Касе ҳам шак надорад, ки анҷуман якдилона Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мақоми президентӣ эълон мекунад. Аз ин дида, туҳфаи хубтаре метавонад бошад?

Туҳфаи Рустам

Панҷуми октябр дар варзишгоҳи ҷумҳуриявӣ, ки ахиран тармим шуд, бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 баргузор мешавад. Интизор меравад, Эмомалӣ Раҳмон ҳам ба тамошои ин бозӣ биравад. Аммо ин ба зодрӯзи ӯ чӣ дахл дорад? Барои Ҷоми Тоҷикистон тими “Истиқлол” ва як тими дигар қувваозмоӣ хоҳанд кард. Муассиси “Истиқлол” Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳур аст, ки ҳамчунин курсии президенти Федератсияи футболи кишварро дар ихтиёр дорад. Кӣ шубҳа дорад, ки ин рақобат бар нафъи “Истиқлол” тамом намешавад? Аз соҳиби ҷом шудани дастаи писар барои падар дида туҳфаи арзишмандтаре ҳаст?

Туҳфаи парлумон

Дар ин миён туҳфаҳое ҳастанд, ки куҳна намешаванд. Онҳоро туҳфаҳои ҷовидона ё таърихӣ мегӯянд. Чунин як туҳфа ба зодрӯзи президент Рӯзи забон аст. Ин туҳфаи вакилони парлумон ба Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Соли чорум аст, ки Рӯзи забони тоҷикӣ дар рӯзи мавлуди раисиҷумҳур ҷашн гирифта мешавад. Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро аз 22-юми июл ба 5-уми октябр кӯчонд. Нахустин қонуни забони тоҷикӣ дар пайи пофишорӣ ва талошҳои рӯшанфикрони тоҷик 22-юми июли соли 1989, замоне, ки Иттиҳоди Шӯравӣ по бар ҷой буд, ба тасвиб расид. Аз Рӯзи забон дида туҳфаи гуворотаре ҳаст?

Шоу-бизнес чаро хомӯш аст?

Толибҷон Қурбонхонов, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро фанати аслии Владимир Путин медонад, яке аз се сурудашро, ки дар васфи ӯ хондааст ба зодрузи президенти Русия бахшидааст. “Юбилей муборак, ҷаноби президент” чунин аст, таронаи Қурбонхонов, ки мегӯяд, “Мавлуд муборак, ҷаноби президент. Муборак мегӯям, ҷаноби президент, Юбилей муборак, ҷаноби президент!”

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки шахспарастӣ дар Тоҷикистон ҷойгоҳи намоёне дорад ва ҳеч маҳфилу нишасте бидуни таърифу тавсифҳои болохонадори раҳбари кишвар оғозу анҷом намешавад, кайҳо мебоист таронае бахшида ба мавлуди ҷаноби Раҳмон расонаӣ мегардид. Аммо ҳарчанд дар кулбори шоу-бизнес сурудҳои мадҳу сано ва тавсифӣ нисбат ба президенти кишвар кам нест, аммо тавре гуфтем, махсус барои мавлуди ӯ касе тарона нахондааст. Вале эҳтимоли чунин як иттифоқ дар соли равон, ки интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баргузор мешаваду зимнан Эмомалӣ Раҳмон барои чорумин маротиба ҷиҳати ҳифзи курсияш вориди корзори интихоботӣ мешавад, хеле зиёд аст. Ногуфта намонад, ки 5-уми октябр ӯ 61-ро пур мекунад.

P.S. Эмомалӣ Раҳмон ягона президенте нест, ки панҷуми октябр ба дунё омадааст. Ба ҷуз ӯ дар ин сана чор раисиҷумҳури дигар низ таваллуд шудаанд. 5-уми октябри соли 1829 Честер Алан Артур чашм ба олами ҳастӣ боз кардааст. Ӯ 21-умин президенти Амрико буда, аз соли 1881 то 1885 Иёлоти Муттаҳидаро раҳбарӣ кардааст.

Соли 1936 бошад, дар ин рӯз Ватслав Ҳавел, президенти собиқи Ҷумҳурии Чех ба дунё омадааст. Ҳавел охирин президенти Чехославакия (1989-1992) ва нахустин президенти Чехия (1993-2003) мебошад.

5-уми октябри соли 1976 бошад, Рамзан Қодиров ба дунё омадааст. Рамзан Аҳмадович аз соли 2007 ба ин сӯ раисиҷумҳури Чеченистон аст. Ва панҷуми октябри соли 1930 Раҳмон Набиев, раисиҷумҳури собиқи Тоҷикистон ҳам зода шудааст. Ӯ нахустин президенти бо роҳи интихобот ба қудрат расидаи Тоҷикистон аст, ки соли 1991 интихоб шуда, аммо баъд аз ҳамагӣ як сол, дар соли 1992 маҷбур шуд, курсиро тарк намояд.
Мӯҳр
А. ВОСЕЪ- факат сафсата мегуй бародарам! Кадом маколаи т тахлили проблема буд ва кадомаш мешавад ба гайр аз тухфаву ид хисоб кардан чаро ин кадар шаъну шарафи худатба ахамият намедихи!? Кани ягон макола дар бораи проблемахои сохтаи узбакистон бо забонхои англисиву Руси дар мачалахои хоричи навис ку мохам фахр кунем ки акалан як рузноманигори "часур" дорем!!!!!!! Озодагон илтимос бе таъгирот чоп кунед!

Котиб
Aгар дар интихобот нагузарад, шояд он вақт мардуми оддӣ ӯро ба муносибати зодрӯзаш табрик кунанд.

Ман ба тухфахои касе кор надорам.Худ гуфтани хастам.Ба Чаноби Оли Э Р
Чу Саъди пир гарди кам набини,
Чу Хофиз шод боши гам набини.
Чу Чоми окилу фархунда боши,
Чу Сино дар дилу дар дида боши.
Бо ин суханон гуфтани хастам сад соли дигар рохбари мо бошанд дар хонадонашон файз хувайдо бошад хечгох гаму дардро набинанд.

Фарахнуш
Рузи 7-уми октябр В.В Путин хуллас чанд президентхо зодрузи худро дар ин мох чашн хоханд гирифт...

Футболист
хахахха
Озодагон дар гуши фил хобед бозии финали Чоми Точикистон-2013 дар пахтакор мешавад

Абдукарим
материали фачи бемаззаву бе намак!!! аз шумо дигар чиро хам интизор шуда мешавад, хайфи пуле Ки Зафари Суфи ба шумо межихад

Сафар аз Душанбе
Агар хато накунам ба фикрам хукми зиндони Мамадрузи Искандаров хам дар хамин 5-уми октябр содир шуда буд. Он вакт баъзехо онро тухфа ба прездент гуфтанд

Абдуллох
Абдулазиз ман ба чои шумо шарм доштам, чи хел журналист шумо ман хайрон наход ягон мавзуи чолиби диккат наёбед, фикр мекунед бо ин маколаатон мардум шуморо дуст медораду ретингатон боло меравад не хато мекунед хамин касба хор накунед, ягон маколае нависед ки шуморо бисёртар мутолеъа кунанд кинаву бахилиро дур кунед тапаку каду гуфтед бисёр обу ру гирифтед, курнамаки накун номи Восеъро хайф кардаи ту....

Саид
Бародар Абдулло , бо он ки вокуниш мекунед ба ин матлаб , хамин бас аст, пас Абдулазиз чизе гуфтааст.

Ватандор
Зодруз муборак, илохо сад сола шавед!

малик
Дусти Ватан,
Чун Корун дар замин фуру рави.Чун Фиръавн дар бахр гаркшави.

Абдулазиз. Чаро наменависй ки Рахмон Набиевро мохи сентябри соли 1992 дар фурудгохи Душабе Хукумати мусолихаи миллии онвакта (иборат асосан аз нахзатихо!) мачбуран аз вазифааш дур сохт. Ё маколаро яктарафа об медихй?! Вакте хакикатро гуфтй то ба охир гу ё навис!

Ozodagon bas kuned jangdozi va fitnaangeziro....chi gapai i ?? vohima kaden da... Magar digar mavzu nest ? Ruzi zabon ba Zodruzi Rahmon chi svyaz dorad ?? Dar Mavzui maorif , Javonon , Adab , Mavzuhoi ilmi yagon navovari nest ki navisen ?? yo ba in mavzuho akl nadoren ?? Lutfan javobi shumoro intizoram ... Khohish mekunam ba surati zaruri ba savoli man javob gued ...in yagona mavzui bema'nii shumo nest !...

Рустам
дар мо мегуянд "Душман, ки ягон айбатро наёфт, мегуяд ки думи сагат качала аст". ин журналист хам дигар чиз наёфт ки нависад?!?!?!?

Чаноби Икс
Чаноби Абдулазиз ба гапи ин баъзехо диккат надихед! Дар хакикат дуруст мегуед.Аслан ман хам бади он ки ххдт эълон кард рузи 4-октябр анчуманашро баргузор мекунад,хамин андеша ба сарам омад,ки дар анчуман албатта бе шакку шубха президенти кунуниро пешбари мекунанд ва ин тухфаест ба зодрузи чаноби олиашон.
Макола бисёр хуб навишта шудааст.Писанд омад.Ба гапи чо-парастхо гуш надихед.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)