Бахшҳо

Нопадид шудани шаҳрвандони Амрико дар Бадахшон

Бен Лак, Нейт Клема, Мет Клема ва ду сайёҳи қаиқрони дигари амрикоӣ, дар маҷмуъ 5 нафар аз аёлати Калорадо, ки рӯзи якшанбеи гузашта ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ахиран ғайб задаанд ва охирин бонги ёрӣ аз онҳо тариқи моҳвора рӯзи чоршанбе ирсол шудааст.

Ин хабарро дар суҳбат бо “Озодагон” намояндагони сафорати Амрико дар Душанбе низ таъйид карданд ва изҳор доштанд, ки ҷузъиёти онро баъдан ироа хоҳанд кард. Тавре ба “Озодагон” маълум шуд, телефонҳои сайёҳон дастнорас аст ва танҳо ду бор тавонистаанд, бонги ёрӣ ирсол кунанд. Дар ин бонг макони ҳузури онҳо, дар ҳудуди Боғи миллии Помир нишон дода шудааст. Хешовандони гумшудагон аз расмиёти барзиёду таъхиркориҳои мақомоти тоҷик шикоят доранд. Бо вуҷуд гуфта мешавад, айни ҳол кофтукови онҳо бо ҷалби чархбол ва мақомоти тоҷику амрикоӣ оғоз шудааст.

Дар ҳоле, ки сафорати Амрико мегӯяд, бо ҷалби мақомоти тоҷик дар пайи ҷустуҷӯянд, масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар суҳбат бо "Озодагон" аз ин кор изҳори бехабарӣ карданд. Сафорати Амрико аз нафароне, ки аз шаҳрвандони нопадидшуда, хабаре доранд, хоҳиш дорад ба рақамҳои 229 20 00 ва 229 23 08 дар тамос шаванд.

Сайёҳони қаиқрон ният доштаанд, баъди ду ҳафтаи ҳузур дар Тоҷикистон ба Непал ва баъдан ба Чин сафар кунанд. Онҳо ҳамаашон донишҷӯ буда, як сол танаффус гирифтаанд, то дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон қаиқронӣ кунанд. Ин сайёҳон қаблан низ ба ҳолатҳои фавқуллода дучор шудаанд, аммо аксаран аз он раҳо шудаанд.
Мӯҳр
Рости ингуна "сайёхон" шубханок метобанд. Ман асархои жанри детектив ва филмхои ба ин мазмунро бисёр хондаву дидаам. Як хулосама гуям! Инхо сайёх набуда шпион мебошанд дар арафаи ИНТИХОБОТ ва дар Бадахшон минтакаи калиди Точикистон бенишон шудани онхо низ асроре дар худ дорад. Ин фарзияи ман аз ин хабари Шумо. Шумо чи назар доред хонандахои арчманди Озодагон? Детектив Браун!

Муслим
Рост мегуи бародар инхо хамаш чосусхо мебошандДетектив Браун.,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)