Бахшҳо
03 окт 2013 10:14Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

1 октябр гузашт, аммо камераҳои назоратӣ ҳанӯз фаъол нашудаанд

Дурбинҳои назоратӣ (камера) дар кӯчаҳои асосии пойтахти Тоҷикистон, ки бояд рӯзи якуми октябр фаъол шуда, хатои ронандагонро сабт мекарданд, ҳанӯз ба кори худ оғоз нанамудаанд. Мақомот мегӯянд, ба далели мушкили техникӣ ин кор ҳанӯз анҷом нагирифтааст.

Шукрӣ Зубайдов, раҳбари корхонаи васлу истифодаи назди БДА (ГАИ), дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “дурбинҳо аз Фурудгоҳи байналмилалӣ (Аэропорт) то охири хиёбони Рӯдакӣ (Водонасос) насб карда шуд, аммо камтар мушкили техникӣ ба амал омадааст, ки рӯи он кормандони ширкати “Huawei” кор мекунанд.”

Қаблан, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки то моҳи ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар 855 камераи назоратӣ насб мешаванд, ки хароҷоти миёнаи насбу ба истифодадиҳии ҳар кадомашон ҳудуди 25 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин тарҳ бо харҷи 22 миллион доллар, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Чин тавассути Созмони Ҳамкории Шонгҳой мебошад, дар зарфи 7 моҳ амалӣ гардида, 5 сол мӯҳлати кафолат дорад.

Дар доираи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” аз ҷониби ширкати «Ҳуавей» мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд.
Мӯҳр
Э монед ин камерахо фаъол нашаванд, набошад дар шахр ягон мошин намемонад. Чунки 90 дарсади ронандагоне, ки имруз дар шахр саворихояшонро меронанд аз коидахои харакати рох дар фосилаанд. Ба гайр аз ин вакте одам савор мекуни мега ака хамича бест агар наисти тамом таги дашному хакорат мемони 3 сомони додам гуфта ченки 30 сомони гур-гур мекуна агар кахраш паст нашава мумкин лату куб хам кунад. Бовар кунед агар камерахои назорати фаъол шаваду вокеона кор кунам дар шахр 80 фоизи мошин кам мешавад. Танхо хамонхое меронанд, ки МЕТАВОНАНД! НАХАРИДААНД ПРАВАРО!))). Вале барои ба тартиб даровардани харакати наклиёт ва кам шудани пробка (танба)-шави кумак мекунад....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)