Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 19:07

Пешсафии Тоҷикистон дар гузориши нави Бонки Ҷаҳонӣ

3 октябр 2013, 10:58

Бонки Ҷаҳонӣ дар гузориши нави худ Тоҷикистонро аз рӯи таносуби интиқоли маблағҳо аз хориҷ ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҷои якум қарор додааст. Ин бонк мегӯяд, дар соли 2013 маблағҳои воридшуда ба Тоҷикистон аз ҳадди 4 миллиард доллари амрикоӣ гузашта, беш аз 48 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил хоҳад дод.

Ин нишондод дар Қирғизистон 31 дарсад, Лесота ва Непал 25 дарсадӣ ва Молдова 24 дарсадро ташкил додааст, ки баландтаринҳо дар ҷаҳон ба ҳисоб мераванд.

Дар маҷмуъ, Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, кишварҳои рӯ ба тараққӣ аз хориҷ давоми соли равон ҳудуди 410 миллиард доллари амрикоиро мегиранд, ки нисбат ба соли гузашта 6,3 дарсад бештар аст. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, гирандагони асосии маблағ аз хориҷ, Ҳиндустон-71 миллиард, Чин-60 миллиард, Филиппин-26 миллиард, Мексика-22 миллиард, Нигерия-21 миллиард ва Миср-20 миллиард мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • л

  • 3 октябр 2013 12:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикистонро хамин мгрантхо хуронида истодаанд. Лекин ба мардум хамин хел расонида истодаанд, ки "ободии" Точикистон гуё махз аз дасти ЧО аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!