Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 05:01

Шикоят ва дархости Муҳиддин Кабирӣ аз Додгоҳи Қонуни асосӣ

3 октябр 2013, 12:16

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар номае бо имзои Муҳиддин Кабирӣ, раиси ин ҳизб аз қонуншиканиҳо вобаста ба интихоботии президентии 6-уми моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Додгоҳи Қонуни асосӣ (Суди конститутсионӣ)-и кишвар шикоят бурдааст. ҲНИТ аз Додгоҳи Қонуни асосӣ хостааст, тибқи Қонун дар бораи интихоботи президентӣ ба ин ҳама қонуншиканиҳо расидагӣ кунад.

Дар ин номаи ҲНИТ омадааст, “талаботи зикршудаи моддаи 25-и Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” моҳиятан табъиз буда, ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон, аз ҷумла ихтиёрдорӣ аз ин ҳуқуқҳоро тавассути фаъолият дар ҳизбҳои сиёсӣ мамониат мекунад ва аз ин рӯ бархилофи муқаррароти моддаҳои 5-6, 10, 14, 24 ва 27-и Конститутсияи Тоҷикистон мебошад.”

Инчунин гуфта шудааст, дар баробари муқаррар намудани ҳуқуқи умумиву баробари интихоботи президент (қ.1 моддаи 65), Конститутсия дар мавриди дастгирии пешниҳоди номзад ба ин мансаб зарурати имзои ҳадди ақал 5 фоизи интихобкунандагонро сарфи назар аз ҳама гуна фарқият миёнашон, аз ҷумла вобаста ба ҷойи зист, пешбинӣ намудааст. “Талаботи зикршудаи қисми дуюми моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муқаррароти марбутаи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ низ ихтилоф дорад”,-таъкид шудааст дар идома.

ҲНИТ мегӯяд, қисми 2-и моддаи 28-и Конститутсияи Тоҷикистон иштироки ҳизбҳои сиёсиро дар ҳаёти сиёсӣ ва масъулияти онҳоро ҷиҳати мусоидат ба ифодаи иродаи халқ пешбинӣ намудааст: “Ин аст, ки талаботи мавриди назари Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳуқуқҳои конститутсионии аъзову ҷонибдорони Ҳизби сиёсиро низ, бахусус онҳоеро, ки буду бошашон берун аз қаламрави мамлакат аст, маҳдуд месозад.”

Дар идома таъкид шудааст, “қисми дуюми моддаи 25-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз хусуси «пешниҳод намудани бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд, дар ҳолатҳое, ки дар ин Қонуни конститутсионӣ зикр ёфтаанд» ба моддаҳои 5-6, 10, 14, 24 ва 27-и Конститутсияи Тоҷикистон мухолифат дорад, яъне ғайриконститутсионист ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва ҳизбҳои сиёсиро вайрон мекунад.”

Раҳбарияти ҲНИТ афзудаанд, бар асоси моддаҳои 84 ва 89 Конститутсияи Тоҷикистон, моддаҳои 1, 14, 34, зербанди 7) моддаи 37 ва моддаи 40-и Қонуни конститутсионии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш доранд, қисми дуюми моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мазмун аз хусуси «пешниҳод намудани бланкаҳо бо имзои шаҳрвандон оид ба дастгирии номзад ба мансаби Президент, ки раисони ноҳияҳо, шаҳрҳо тасдиқ кардаанд, дар ҳолатҳое, ки дар ин Қонуни конститутсионӣ зикр ёфтаанд», ғайриконститутсионӣ дониста шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Адвакат

  • 4 октябр 2013 06:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Огои Кабири хаминро бояд барвактар мекардед ман аз ин судхо харгиз бовар надораму. Хубтараш барвактар мекардед холо мумкин 300000 имзо ба тарафдории номзади арзанда ва хукукшиноси машхуру адолатхох Бобоназарова чамовари мекардед. Ман ба судхои худамон бовар надорам факат ин шикоятатонро ба суди байналмилали мебурдед шояд бурди шумо мешуд. Ва пирузхам мешудед иншоаллох.
Посух додан
  • Карим

  • 4 октябр 2013 10:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О ин ккабири хирси тирамохи аст, ки дар имруз бедор шудааст аммо вай ба часоратхои Зоиров баробар шуда наметавонад, кучо шуд ин посуххошя ё тарсид ки посух дихад...!!

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!