Бахшҳо

Омодагии мунтахаби Тоҷикистон барои қувваозмоӣ бо қирғизҳо

[size=3]Мунтахаби милии Тоҷикистон барои вохӯрии дӯстона бо якачини Қирғизистон дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор омодагӣ мебинад.

Ин вохӯрии дӯстона рӯзи 15-уми октябри соли ҷорӣ дар варзишгоҳи “Долона Омурзаков”-и шаҳри Бишкек баргузор хоҳад шуд. Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон барои омодагии кӯтоҳмуддат 24- бозигарро даъват кардааст, ки 7-уми октябр дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор ба тамрин шурӯъ хоҳанд кард.

Бори аввал аст, ки Мирзобек Мирзоев, ҳамлагари дастаи “Хайр”, ҳимоятгари ин даста Идибек Ҳабибуллоев, Бахтиёр Ҳасанов аз тими “Равшан” ва Илҳом Баротов, нимҳимоятгари дастаи “Истаравшан” дар ҳайати мунтахаб шомил шудаанд.

Дастаи миллии Тоҷикистону Қирғизистон то ҳол 9 бозӣ ба анҷом расонидаанд, ки 6 дидор ба манфиати мунтахаби тоҷик анҷом ёфта, як мусовӣ ва дар ду бозӣ мағлуб шудааст. Мунтахаби миллии кишвар дар бозиҳои қаблӣ 12-гол ва мунтахаби Қирғизистон 7-гол задааст.

Ҳайати мантахаби миллии Тоҷикистон:

Дарвозабонҳо: Алишер Туйчиев (“Истиқлол”), Рустам Ризоев (“Равшан”);
Ҳимоятгарон: Соҳиб Саванқулов (“Ряван”, Озорбойҷон), Фарҳод Восиев (“Газовик”, Русия), Даврон Эргашев (“Жетису”, Қазоқистон), Далер Тухтасунов, Хасан Рустамов, Алексей Негматов (ҳама - “Равшан”), Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Эраҷ Раҷабов, Аҳтам Назаров (ҳама - “Истиқлол”), Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”);

Нимҳимоятгар: Илҳом Баротов (“Истаравшан”), Нуриддин Давронов, Дилшод Восиев, Ибрагим Рабимов, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Фатҳулло Фатҳуллоев (ҳама - “Истиклол”), Бахтиёр Ҳасанов (“Равшан”);

Ҳамлагар: Мирзобек Мирзоев (“Хайр”), Фарҳод Тоҳиров (“Истаравшан”), Аҳтам Ҳамроқулов (“Регар-ТадАЗ”), Ҷахонгир Эргашев (“Истиклол”).

Барои Мӯҳсин Муҳаммадиев, сармураббии дастаи мунтахаби тоҷик, ин бори дуюм мешавад, ба ҳайси сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳо иштирок дорад. Мунтахаби миллии Тоҷикистон 14-уми августи соли равон дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, дар бозии дӯстона бо мунтахаби миллии Ҳиндустон бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуда буд.
Мӯҳр
Ман ба дастаи мунтахаби Точикистон ва махсусан ба сармурабби Мухсин Мхаммадиев(собик хучумкунандаи дастаи овозадори Помир) барор мехохам, акалан дар доираи Осиё ба дахгонаи аввал ворид шаванд.Махсусан аз дастаи Узбакистон гузаранд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)