Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 22:17

Сайёҳони гумшудаи амрикоӣ дар Бадахшон ёфт шуданд

3 октябр 2013, 16:17

Панҷ сайёҳи қаиқрони амрикоӣ, ки чанд рӯз пеш дар Боғи миллии Помир дар вилояти Бадахшон нопадид шуда буданд, айни ҳол дарёфт шуда, бо чархбол дар ҳаво сӯи Душанбе қарор доранд.

Тавре ба “Озодагон” маълум шуд, яке аз сайёҳон маҷруҳ шудааст ва ин боиси коҳиши суръати ҳаракати онҳо гардид. Айни ҳол ба гуфтаи мақомот ба ҳаёти сайёҳон таҳдиде вуҷуд надорад.

Ёдрас мекунем, Бен Лак, Нейт Клема, Мет Клема ва ду сайёҳи қаиқрони дигари амрикоӣ, дар маҷмуъ 5 нафар аз аёлати Калорадо, ки рӯзи якшанбеи гузашта ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ахиран ғайб заданд ва охирин бонги ёрӣ аз онҳо тариқи моҳвора рӯзи чоршанбе ирсол шуда буд.

Намояндагони сафорати Амрико дар Душанбе низ ин хабарро таъйид карданд ва изҳор доштанд, ки ба кофтукови сайёҳон мақомоти тоҷику амрикоӣ машғул буданд.

Сайёҳони қаиқрон ният доштаанд, баъди ду ҳафтаи ҳузур дар Тоҷикистон ба Непал ва баъдан ба Чин сафар кунанд. Онҳо ҳамаашон донишҷӯ буда, як сол танаффус гирифтаанд, то дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон қаиқронӣ кунанд. Ин сайёҳон қаблан низ ба ҳолатҳои фавқуллода дучор шудаанд, аммо аксаран аз он раҳо шудаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Хунукбашара

  • 3 октябр 2013 17:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ачаб кору боре! Пагохи хабар буд, ки се америкои гум шудаги, бегох панч нафар шуда пайдо шуданд. Ин моба ду нафар гум мешаванд, акалан нимашонро пайдо намекунем, гумшудахои америкоихоро аз накша зиёд (мисли налог) ичро мекунем!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
pesh az in ham 1 zani urupoi dar Pomir halok shuda bud

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!