Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 16:59

Баъди кушторҳо: Президент вуруди силоҳ ба Тоҷикистонро манъ кард

4 октябр 2013, 09:09

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, фармон додааст, ки вуруди силоҳи ғайринизомӣ ба Тоҷикистон муваққатан боздошта шавад.

Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон фармон додааст, ки бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ворид намудани силоҳи ғайринизомии намудҳои таппонча, револверҳо бо патронҳои ҷароҳатрасон, газӣ ва пневматикӣ муваққатан, яъне то 31-уми декабри соли 2013 боздошта шавад.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин барои танзими гардиши силоҳи ғайринизомӣ дар кишвар дастур додааст, ки истеҳсол, харидуфурӯш, бо худ гирифта гаштан ва ба шахси дигар додани ин гуна силоҳҳо манъ аст.

Ин дастури раисиҷумҳур дар ҳолест, ки давоми моҳҳои охир бо истифода аз силлоҳи оташфишон чанд куштори мудҳиш сурат гирифт. Аз ҷумла ахиран бо истифода аз силоҳ дар ноҳияи Файзобод, посбони “Агроинвестбонк”, дар Рашт, раиси кони “Назарайлоқ”, дар Бобоҷон Ғафуров, хонаводаи як соҳибкор ва дар Чоркуҳ низ як хонаводаи шаҳрванди Тоҷикистон қатл шуда буданд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мебахшеду ба фикрам онхо бо силохи гайринизоми кушта нашудаанд бо яроки оташфишони низоми кушта шуданд ва ба ярокхои ҷароҳатрасон, газӣ ва пневматикӣ алокаманди надоранд
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахли оилаи сокинони Чоркухи Исфара бо тири автомати Калашников кушта шуда буданд. Сафар дуруст мегуяд, дигар кушторхо хам хама бо яроки низоми содир шуда буданд. Аз ярокхои гайринизоми хануз касе кушта нашудааст. Калашникову Макаровхоро манъ кунед

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!