Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 01:12

ВИДЕО: Шикасти мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Эрон

4 октябр 2013, 11:38

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) аз тими лигаи дуюми футболи Эрон--“Самсунг” бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ин бозии санҷишӣ буда, дар доираи омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Кирмон барпо гардид. Голи ягонаи дастаи ҷавонони Тоҷикистонро Шоҳрух Раҷабматов дар дақиқаи 80-ум ба ҳадаф расонд.



Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста ва ширкат дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ба ҳайати даста 23 футболбозро шомил кардааст:

Ҳайати мунтахаби ҷавонон Тоҷикистон (U-19):

Дарвозабонҳо: Муродулло Саидов (“Энергетик”), Эмомалӣ Сониев (“Истиқлол”), Дилшод Дадобоев (“Пахтакор”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов);

Ҳимоятгар: Самандари Хайриддин, Зокир Иброҳимов (ҳарду - “Истиқлол”), Фирдавс Чақалов, Анварҷон Хамроқулов (ҳарду - ССКА “Памир”), Далер Бердиқулов (“Регар-ТадАЗ”), Алишер Холмуродов (“Энергетик”);

Нимҳимоятгар: Амирбек Ҷурабоев (ДЮСШ ПФК ССКА, Москва), Парвиз Ҳамидов, Муҳсинҷон Парпиев (харду – “Хайр”), Вайсиддин Сафаров (“Истиклол”), Шорух Раҷаматов (“Парвоз”), Комрон Турсунов, Дилшод Саломов, Дилшод Расулов (ҳама – РТСУ), Ойбек Абдуғаффоров, Мармар Зокиров (ҳарду – “Энергетик”),

Ҳамлагар: Меҳроҷиддин Музаффаров (“Хайр”), Суннатулло Холов (“Вахш”), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Муҳсинов (ҳарду - “Истиқлол”).

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ки дар Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни ҷавонон ба гуруҳи “D” шомил шудааст, рӯзи 8-уми октябри соли равон дар варзишгоҳи “Шаҳид Боҳунар” бо тими ҷавонони Эрон (мизбон) қувваозмоӣ намуда, рӯзи 10-уми октябр бо Арабистони Саудӣ ва рӯзи 12-уми октябр бо Лубнон мубориза мебарад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистонро дар ин бозиҳо сармураббӣ Салоҳиддин Ғаффуров роҳбарӣ мекунад.

Ғолибони 9 гуруҳ ва 6 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба сабқати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19), ки моҳи октябри соли 2014 дар Мянмар доир мегардад, роҳхат мегиранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!