Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:46

Толиббек Бухориев: “Таҳлилгарон намедонанд, ки ман кистам” (ВИДЕО)

4 октябр 2013, 11:51

Мусоҳибаи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон” бо Толиббек Бухориев -- муовини раҳбари Ҳизби аграрӣ (ҲАТ) ва номзад ба мақоми президентии Тоҷикистон.

Озодагон: Дар бораи ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ба мақоми президентӣ сарусадо зиёд аст. Бисёриҳо мегӯянд, гӯиё мақомот ба ҷуз аз номзади ислоҳотхоҳон ба номзадҳои дигар барои ҷамъоварии имзо кумак мекунад. Ин то куҷо ҳақиқат дорад ва оё Шумо ҳам аз ин кумакҳо “баҳра” гирифтед?

Бухориев: “Ситоди интихоботии мо кор мекунад. Раҳбари ҳизб Амир Қароқулов ва муовини дигар - Рустам Латипов ҳам пайваста дар талошанд. Чаро ҳукумат ба мо кумак мекунад? Ҳукумат чӣ хел кумак мекунад? Ҳукумат шароит додааст. Барои ҳар як номзад шароит фароҳам овардааст, ки мо ситод ташкил карда, кор кунем, имзо ҷамъ оварем. Инҷо ягон кумак ва ё кори ғайриқонунӣ нест. Чаро ҳукумат маҳз ба Бухориев бояд кумак кунад? Касе барои ман кумак намекунад. Номзад ҳастам, ситод ва ҳизб ҳаст, кор мекунем. Ҳар ҳизби сиёсӣ барои худ мавқеъ дорад. Агар мардум нахоҳад, касе онҳоро маҷбур карда наметавонад, то имзо гузоранд.”

Озодагон: Бубинед, ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзад аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, аз монеагузориҳои мақомот барои ҷамъоварри имзо шикоят кардааст. Ба назари Шумо, чаро як гуруҳи номзадҳо бе мушкил ва як нафар бо мушкил корашро пеш мебарад?

Бухориев: “Ба фикрам, ҳеч мушкиле вуҷуд надорад. Масоиле пайдо мешаванд, ки он ҳам зуд ҳалли худро меёбанд. Барои мисол, шояд гуруҳҳои ташаббускор он замоне вориди мақомоти маҳаллӣ мешаванд, ки руасои ноҳияҳо дар ягон ҷаласа ҳастанд ва ё сафари хидматӣ доранд. Бо ин гуна мушкил намояндагони мо ҳам дучор шуданд, аммо он бартараф шуд. Гуруҳҳои мо дар чунин ҳолат сабр карданд, то қабули раис. Барои мо мушкиле пеш наомад.”



Озодагон: Пас, ин ҳама сарусадо атрофи номзадҳо, бахусус, ҳизбу шахсияти Шумо аз куҷо пайдо мешавад?

Бухориев: “Ҳамин расонаҳои хабарӣ бисёр вақт он қадар иттилои дақиқ пахш намекунанд.”

Озодагон: Аммо расонаҳо ҳам аз забони худ намегӯянд. Назари таҳлилгарону коршиносонро меоранд...

Бухориев: “Таҳлилгарон ҳам фикри пурра надоранд. Таҳлилгар ҳам намедонад, ки Бухориев кист. Вай - таҳлилгар маро намешиносад. Як чиз гирифта, дар асоси он таҳлил мекунад. Зарурат нест, ки ман ҳатман дар ягон масъала бояд мухолифат нишон бидиҳам ва баъд маро коршиносону таҳлилгарон бишносанд. Мо бояд аз рӯи одобу ахлоқ ва ақл кор кунем. На ин ки ба кори якдигар дахолат кунем ва ё ба якдигар санг бизанем. Мо бояд якҷо бошем ва барои обод кардани давлат фаъолият кунем.”

Озодагон: Шумо мегӯед, таҳлилгарон шахсияти Шуморо намешиносанд. Шояд мардум ҳам чандон шиносоӣ надошта бошанд. Ин магар барои дарёфти раъйи мардум мушкил нест? Лутфан, мегуфтед, бештар ба чӣ кор машғул будед?

Бухориев: “Ман солҳои зиёд ҳамчун директори Институти зироаткорӣ будам ва ҳамзамон дарс ҳам мегуфтам. Як давра мудири кафедра низ будам. Дар институти зироаткорӣ фаъолият доштам ва солҳои охир ҳамчун ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ фаъолият дорам. Доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, академик.”

Озодагон: Шуморо ҳамчун як донишманд, профессор чӣ маҷбур кард, то берунтар аз корҳои илмӣ биравед ва ба сиёсат пайвандед?

Бухориев: “Донишманд ва академик ҳам узви ҳамин ҷомеа аст. Сиёсат танҳо ба як сиёсатмадор марбут нест. Ҳар як шаҳрванд метавонад бо сиёсат машғул бошад. Ман низ ҳамчун як донишманд мехоҳам саҳми худро дар сиёсати аграрии кишар гузорам. Барои пешравии ҷомеа, мардуми худ талош дошта бошам. Барои пешравии мардуми деҳот, ки хеле азият мекашанд. Барои онҳо як каме зиндагии беҳтар бояд фароҳам овард. Дар ин маврид мо наметавонем бетараф бошем. Мо ҳам бояд саҳми худро гузорем.”

Озодагон: Магар аз сиёсати кишоварзии ҳукумат чандон қонеъ нестед?

Бухориев: “Ман аз сиёсати кишоварзӣ қонеъ ҳастам. Аммо масъалаҳое ҳастанд, ки ҳалталабанд. Истеҳсолкунанда ин деҳқон аст. Аммо зиндагии аз ҳама мушкилро деҳқонон доранд. Бубинед, ки дар деҳот чӣ қадар мардум бекор ҳастанд. Ҷавонон мактаби миёнаро хатм мекунанду ба муҳоҷират мераванд. Чунки корхонае нест, ки кор кунанд. Мо саноати корхонаҳои хурду миёнаро бояд ба роҳ бимонем. Ашёи хом бояд ба берун наравад, дар дохил коркард шавад. Муҳоҷирати меҳнатиро бояд кам бикунем. Масоили аграрӣ зиёд ҳастанд, ки мо бояд кӯшиш кунем, то он дар миқёси давлатӣ ҳалли худро ёбад.”

Озодагон: Нуктаҳои аслии барномаи Шумо чӣ хоҳад буд? Фарз кардем, чӣ ваъда медиҳед, то мардум аз миёни 7 номзад Шуморо интихоб кунад?

Бухориев: “Мақсади асосии мо таъмини амнияти озуқаворӣ ва худкифоӣ ҳаст. Он ҷабҳаҳои иқтисодӣ, сиёсие, ки мушкил доранд, агар амнияти ғизоӣ бошад, ҳал мешаванд. Норизоӣ бештар дар бахши кишоварзӣ ҳаст. Ҳадафи асосии мо ин аст. Мо мехостем, ки ислоҳот ҷорӣ шавад, шуд. Акнун мо мехоҳем, ки хоҷагии деҳқонӣ ба фермерӣ табдил ёбад, бояд ба технологияи нави корӣ гузаранд. Нархгузориро дар барномаи худ ишора кардаем. Агар бахши кишоварзӣ рушд ёбад, дигар бахшҳо ҳам пеш мераванд. Дар мавриди ҷавонон низ дар барномаи худ ишора кардаем. Мо бояд ҷавононро пешбарӣ кунем дар мақомоти давлатӣ. Барои ин, онҳоро бояд бо шароит таъмин кард.”

Озодагон: Дар масъалаи сиёсати хориҷӣ пешниҳоде доред?

Бухориев: “Дар сиёсати хориҷӣ ҳадафҳои мо ин аст, ки Тоҷикистон бояд бо тамоми кишварҳои ҷаҳон дар муносибати баробарӣ ва бародарӣ дошта бошад. Аммо дар доираи меъёр ва чаҳорчӯбаи муносибати дипломатӣ.”

Озодагон: Оид ба сиёсати дохилии кишвар чӣ назар доред. Аксар вақт шикоят мешавад, ки ҳукумат ба таври зарурӣ бо аҳзоб ҳамкорӣ намекунад. Оё воқеан ҳамин тавр аст?

Бухориев: “Ба фикри ман, барои ҳама шароит фароҳам оварда шудааст. Он нофаҳмиҳое, ки ҳам мо бояд онро бартараф кунем. Мухолифат ҳамеша буд ва ҳаст. Аммо мухолифат мешавад одилона ва ғайриодилона.”

Озодагон: Мухолифате, ки феълан миёни аҳзоби сиёсӣ ва ҳукумат аст, чӣ гуна аст. Ба хусус дар ин шабу рӯз, ки аҳзоби сиёсии мухолиф аз тарафи расонаҳои давлатӣ мавриди интиқоду таҳқир қарор гирифтаанд?

Бухориев: “Чунин мухолифат на он қадар зиёд ҳаст. Аз ин мо набояд барои худ парчам кунем. Ин ҳатман аз байн меравад. Баъзе аз хабарҳоро набояд расонаӣ кард. Дар мавриди барномаҳои расонаҳои давлатӣ ҳаминро гуфтаниам, ки барнома аз тарафи хабарнигорон сохта мешавад. Имкон надорад, ки ҳамаи он сохта бошад.”

Озодагон: Нуктаи дигаре, ки Шумо зикр кардед, ин таъмини амнияти озуқаворӣ буд. Бубинед, давоми 10 соли охир ин яке аз барномаи дурнамои давлатӣ ҳаст. Аммо тавре мушоҳида мешавад, мушкили таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҷойи бартараф, афзун мегардад. Метавон гуфт, ки ҳукумат аз иҷрои амалӣ сохтани ин дурнамои давлатӣ набаромад?

Бухориев: “Эҳсос мешавад, ки ҳукумат дар ин самт кор карда истодааст. Барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва худкифоӣ вақт лозим аст. Мо бояд мушкилотро бартараф кунем. Мо оҳиста-оҳиста аз ин марҳала гузашта истодаем. Дар оянда боз кушиш кунем, то комилан муваффақ шавем. Мушкил дар дастрасии замин аст. Манзурам заминҳои кишоварзӣ кам шудаанд.”

Озодагон: Дар масъалаи муҳоҷирон. Одатан қабл аз ҳар интихобот дар Тоҷикистон ҳамаи довталабони ин ё он курсӣ рӯ ба ин масъала меоранд. Вале шароити кори муҳоҷирони мо дар Русия беҳтар нагардида, вазнин мешавад. Оё Шумо ҳам аз чунин ваъдаҳо истифода хоҳед кард?

Бухориев: “Мо бояд кӯшиш кунем, то қадри имкон онҳоро баргардонем. Мақсади асосии мо ин ҳифзи онҳо аз лиҳози ҳуқуқӣ аст, то ҳеч давлати дигар шаҳрвандони моро зери истисмор нагирад. Вале муҳоҷират дар умум аз байн намеравад. Мо танҳо барои мутобиқ кардани шароити кории онҳо ба меъёри байналмиллалӣ кӯшиш кунем. Он ваъдаҳое, ки медиҳанд барои аз байн бурдани муҳоҷират ҳама дурӯғ аст. Барои ин мо бояд шароитро дар деҳот беҳтар кунем. Агар ҳам шаҳрвандони мо мераванд, бигзор забони русиро аз худ кунанд ва касбе ҳам дошта бошанд. Ҳеч сиёсат ва ё ҳизҳби сиёсӣ барои комилан баргардонидани шаҳрвандонаш муваффақ намешавад. Мушкиле, ки ҳаст бояд дар сатҳи давлат ҳал шавад.”

Озодагон: Ҳукумати Тоҷикистон аз ӯҳдаи ҳимояи шаҳрвандонаш мебарояд?

Бухориев: “Ҳукумати Тоҷикистон кӯшиш дорад. Барои комилан баратарф кардани ин мушкилот фурсат лозим аст. Чун муҳоҷирати меҳнатии мо танзим надорад. Ҳар духтари синфи ҳашт ва ё ҳар наврас метавонад зуд муҳоҷирати меҳнатиро ихтиёр кунад. Дуруст аст, ки онҳо аз мушкили зиндагӣ мераванд. Аммо ин равандро бояд ба танзим даровард.”

Озодагон: Аз суҳбат бардоште ҳосил шуд, ки Шумо бештар бо он барномаҳое, ки ҳукумат дорад, мувофиқ ҳастед. Пас сабаби муддаии курсии раисҷумҳурӣ шудани Шумо чист?


Бухориев: “Ҳамаи он масоиле, ки ҳақиқат ҳастанд ман розӣ мешавам. Чӣ хел он масоиле ки ҳақиқат доранд, ман розӣ нашавам? Инсони огоҳ ҳастам, мебинам, таҳлил мекунам ва розӣ мешавам. Ман гуфтам, ки ҳастанд мушкилоте, ки такмил мехоҳанд. Сари ин масъала мо ҳам бо ҳукумати норизо ҳастем.”

Озодагон: Оё бо чунин барнома миёни номзадҳо пешсаф мешавед?

Бухориев: “Ман боварӣ дорам, чунки мо барои мардум асил мегӯем. Мо чизе, ҳарфе аз ҳад берун намегӯем. Оне, ки ҳатман бояд як касро танқид кардаву эътироз дошта бошӣ, ин падидаро мардум қабул надорад. Мардум чизи бисёр соддаро мехоҳад. Агар мо бо ин шева равем, пирӯз мешавем.”

Озодагон: Шумо ба пирӯзии худ бовар доред?

Бухориев: “Бовар ҳаст, ки пирӯз мешавем.”

Озодагон: Дар соли 2006 ҳам ҳизби Шумо барои мақоми президентӣ талош дошт, аммо ҳамагӣ каме бештар аз 7 дарсад овози мардумро ба даст овард. Пешбинии Шумо барои ин навбат чӣ гуна аст?

Бухориев: “Мо аз нишондоди соли 2006 мегузарем. Ин дафъа овози бештар хоҳем гирифт.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • в

  • 4 октябр 2013 12:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Марди баномус харгиз худро лухтаки бозии дигарон намекунад. Бехтараш бигуй ки ба ивази чи ба ин гуна бешарафи рози шуди?
Посух додан
  • Бахтовар.

  • 4 октябр 2013 12:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Валлоh касам ин хамааш дуруги хос асту халос инхо ягон вакт имзочмкуни нарафтагиянду намераванд ман бо хамкорхои худ маслихад кардем,ки дар 25 нохияхо мепурсем,ки ое гайр аз мову ххдт ягом номзад дар инчахо гаштанд мегуянд то дируз хишкара надидаанд. Хамаша ин хукумат аз пеши худашон додиян некем хамаи инхо хидматгору лагандбардори Эмомалиянд. Мардуми точика фиреб карда гаштиян. Иншоаллох пирузи насиби хнит ва инит мебошад.
Посух додан
  • собит

  • 4 октябр 2013 12:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
давлатдори сабзикорию пиёзкори нест бародар
Посух додан
  • Сироч

  • 4 октябр 2013 12:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин мард сиёсатмадор нест аммо бо фармони аз боло шудаги мачбураш кардаанд.
Посух додан
  • А

  • 4 октябр 2013 12:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дуруги навбати
Посух додан
  • Зез

  • 4 октябр 2013 12:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Касе инхоро бовар мекунад ё девонаст, ё беакли беаклош. гапидига надорам.
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 4 октябр 2013 13:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ташаккур ба хонум Хумайро.Бо ин саволхоятон 77:0 задед уро! Хонуми азиз бо бокимонда "номзад"-хо хам суолу чавоб кунед. Ба фикрам як ё ду "номзад"-и дигар мондаги аст сухбат нокарда. Як кисагии дигарро хам биёред ба сухбат! Ин ду хизб дар ду кисаи шими ххдт истодаанд.
"...Бовари хаст, ки пируз мешавем" Уваахахахахаааааа.Хари маро хандонди чаноби бухориев.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эшон мегуянд ки ба умеди касе нашуда забони русиро ед гиред ва равед суи Руссия ин аст барномаи пеш аз интихоботи хамин тавр хулосабарори кардем.
Посух додан
  • овоздиханда

  • 4 октябр 2013 13:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аз хозир ин кадар дуруг мегуи пагох раис чумхур шави миллатро холаш чи мешавад!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Руирост дуруг мегуяд, аз хукумат ки рози боши кучо номзад мешави? Офарин апаи Хумайро, аммо як суолро аз хотир баровардед. Мегуфтед бартарии худро аз рахмон дар чи мебинед, магар шумо гуфта метавонед ки аз Рахмон дида болайокат хастед? Бад хамаш малум мешуд албата хозирхам хамааш рушанаст аммо медодед ин саволро бисйор хуб мешуд.
Посух додан
  • Masxaraboz- kloun

  • 4 октябр 2013 13:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
JANOBI BUXORIEV BA XOTI XUDO MONED HAMIN MASXARABOZIHOYATONRO. GUMON MEKUNED KI MARDUM GUSALAI GOVAND KI IN MASXARABOZIHOYATONRO NAMEFAHMAND?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хубтар мешуд мухтарам номзад аввало тарзи суханрониро ва дар сухан истифодаи калимахои точикиро аз худ менамуданд ва баъд ба халли масъалахои чомеаи мо сухан мегуфтанд.
Посух додан
  • Комрон

  • 4 октябр 2013 14:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Карочи , чи гуфтанша худаш намедонад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хайронам ин чихели номзад аст? О бародар вакте ки ба хама сиесати хукумат розии пас барои чи номзадиатро монди!!? Шарм намекуни??!! Садкаи хамон унвонхо шави!!!!! Мудири кафедра, "профессор" "академик" профессору академик
Посух додан
  • Ман

  • 4 октябр 2013 15:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хамара шарманда кард ку. Чаро шумо руирост дуруг мегуеду сурх намешавед? Сад фоиза шумо хаматон хизбхои кисагиен.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!