Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 08:04

Тоҷикистон барои роҳхат ба Ҷоми Ҷаҳон-2014 мубориза мебарад

28 июл 2011, 10:55

Ҳамин лаҳза дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бозии ҷавобӣ миёни тимҳои миллии Тоҷикистон ва Сурия оғоз шуд.


Ориф Ҷӯраев, раиси доварони федератсияи футболи Тоҷикистон ба «Озодагон» гуфт, ҳайати доварон аз ҷумҳурии Қирғизистон интихоб шудаанд. Комисари ин дидор аз Баҳрайн буда, нозир аз ҷумҳурии исломии Эрон аст.
Ёдовар мешавем, бозии дастаҳои миллии Тоҷикистону Сурия дар чорчуби даври интихобии Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон, ки соли 2014 баргузор мешавад, сурат мегирад. Дар дидори аввал, ки бо иллати вазъи нохуби амниятии Сурия дар Урдун баргузор шуд, тими Тоҷикистон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Барои ба даври минбаъда роҳхат гирифтани Тоҷикистон бозингарони моро зарур аст, ки рақиби худро бо ҳисоби 1:0 шикаст бидиҳанд.  {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!