Бахшҳо
04 окт 2013 15:19Хабарҳои ҷаҳон

Сенати Амрико баррасии таҳримҳои ҷадиди зидди Эрониро ба баъди музокироти Женева гузошт

Кумитаи банкдории Сенати Амрико баррасии тарҳҳои тасвиб шуда дар маҷлиси намояндагони ин кишвар барои таҳрими содиротии нафтии Эронро ба баъд аз баргузории музокироти 5+1 дар Женева гузошт.

Ба гузориши “Форс” ба нақл аз хабаргузории Ройтерз дар ҳоле ки кумитаи банкдории Сенати Амрико қарор буд дар моҳи сентябри соли равон ба баррасии бастаи ҷадиди таҳримҳои қабул шуда, дар моҳи июли маҷлиси намояндагон алайҳи Эрон бипардозад, ин баррасӣ ҳадди ақал ба муддати чандин ҳафта то баргузории музокироти гуруҳи 5+1 бо Эрон дар Женева, ба таъхир афтод.

Ройтерз ин хабарро ба нақл аз қонунгузорон ва дастёрони намояндагони конгресси Амрико мунташир карда аст. Ройтерз навишата аст, ки чунин иқдоме метавонад боиси эҷоди фазои беҳтаре дар музокироти байни Эрон ва 6 қудрати ҷаҳон дар Женева шавад; ин музокирот қарор аст рӯзҳои 15 ва 16 октябр соли равон баргузор шавад ва дар ҳақиқат аввалин давр аз музокирот баъд аз тамоси телефонии таърихии ҳафтаи гузашта байни Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико ва Ҳасани Руҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон хоҳад шуд.

Илова бар ин дар ҳолеки баррасии мавзуи таҳримҳои Эрон ба далели кашокаш миёни қонунгузорони конгресси Амрико бар сари таътил кардани давлати Вашингтон ба кундӣ пеш меравад, аммо қонунгузорони амрикоӣ эътироф кардаанд, ки таъхир дар баррасии таҳмили таҳримҳои ҷадид матраҳ шуда аст, то фазои ҳоким бар музокирот Женева беҳбуҳд бахшад.

Ройтерз дар идомаи ин хабар ба изҳороти рӯзи душанбеи ҳафтаи равони Катрин Эштон, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ишора карда , ки ошкоро эълон карда аст, ки авлотар медонад қонунгузорони амрикоӣ ва дигарон, қабл аз баргузории музокироти ҳастаӣ дар Женева, таҳримҳои бештаре алайҳи Эрон ҷорӣ накунанд.

Дастёрони намояндагони конгресси Амрико дар ин бора эълон кардаанд , ки бархе аз мақомоти давлати Обама ба сурати махфиёна конгрессро таҳти фишор қарор додаанд, то баррасии таҳримҳои Эронро ба таъхир бияндозанд.
Ин хабар дар шароите мунташир мешавад, ки маҷлиси намояндагони конгресси Амрико моҳи июли соли равон , бастаи ҷадиде аз таҳримҳои зидди эрониро бо 400 раъйи мувофиқ дар баробари 20 раъйи мухолиф, ба тасвиб расонд; ҳадаф аз ин тарҳ, коҳиши содироти нафтиии Эрон то ҳудуди як милион бушкаи дигар дар рӯз, дар тул муддати як сол аст, то аз ин тариқ тамоми содироти нафтии Эрон ба сифр наздик шавад.

Маҷлиси намояндагони Амрико иддао карда аст, бо коҳиши содироти нафтии Эрон, будҷаи лозим барои фаъолиятҳои ҳастаии Теҳронро коҳиш медиҳад.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)