Бахшҳо

Истиқболи Абдуҷаббор Раҳмонов ва Олим Бобоев аз тасмими ҲХДТ

Баъд аз поёни Анҷумани 11-уми Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки рӯзи чоруми октябр дар Душанбе баргузор шуда, Эмомалӣ Раҳмонро бори дигар номзади худ дар интихоботи президентӣ интихоб кард, баъзе аз тарафдорон ва мухолифонаш изҳори назар карданд.

Ҷӯрахон Бӯриев, раҳбари дастгоҳи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, гуфт, ҳизби онҳо дар маҷмӯъ 230 ҳазор узв дошта, дар анҷумани 11-ум беш аз ҳазор вакил ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, “Эмомалӣ Раҳмон дар ҳизби мо алтернатива надорад.” “Мо бори дигар раҳбари худро барои ширкат дар маъракаи муҳими сиёсӣ пешбарӣ кардем”,-афзуд ӯ.

Абдуҷаббор Раҳмонов, вазири собиқи маориф ва ҳоло раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, мегӯяд, аз пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон ифтихор мекунад. Ба гуфтаи ӯ, бори дигар пешбарӣ гардидани номзадии оқои Раҳмон барои ширкат дар интихоботи президентӣ “ин амали хирадмандона аст”. “Мо дидем, ки чӣ гуна бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти зиёд дар бахши маориф ҷорӣ шуд. Барои мисол, муассисаҳои таълимӣ бо фанновариҳои муосир таъмин шуд, қабули қонуни масъулияти падару модар ва боз шудани муассисаҳои ҷадиди таълимӣ нишони ин заҳматҳои президент мебошад. Ташкили стипендияи “Дурахшандагон” низ аз ғамхориҳои президенти кишвар дар бахши маориф аст”,-таъкид кард Раҳмонов. Вай баръакс аз волидон интиқод кард, ки сабаби камсаводии фарзандони худ мешаванд.

Олим Бобоев, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва яке аз номзадҳо ба мақоми президентӣ, ки дар анҷумани ҳизби ҳоким иштирок дошт, гуфт, дар умум аз баргузории анҷуман ва масоили матраҳшуда, қонеъ аст: “Пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмонро дар интихоботи президентии соли 2013 мусбат қабул кардам. Албатта, иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар ин интихобот рақобатро бештар мекунад ва ҳамзамон як баҳс ва фазои созгорро ба вуҷуд меорад.” Оқои Бобоев дар идома гуфт, бештар ба нуктаҳои иқтисодии барномаи ҳизби ҳоким таваҷҷуҳ кардааст, зеро ин нуктаҳо яке аз самтҳои аслии фаъолияти ҳизби онҳо низ мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, барои бори чорум дар интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок мекунад. Ӯ то кунун дар се интихоб иштирок карда ва бар рақибонаш дастболо шудааст. Дар маҷмӯъ, вай бештар аз 20 сол боз зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар даст дорад.
Мӯҳр
Зиё
Пешбари кардани Эмомалии Рахмон албата кори "хирадмандона" аст. Зеро агар дигар кас пешбари мешуд Абдучаббор Рахмон аз вазифа мепарид.

Бобочон.
Бобоев ту хизби киссаги буданатро исбот карди!!!

Аз вазифа мепаррид, не бо чурми сангини коррупсиони якчанд солакак хабс мешуд...

ali
Абдучаббор Рахмон барои модари точики мусалмону фарзанди хурдакакро МАЙМУН гуфта аз сахни мактаб рондан дар назди миллати Точик чавоб гуяд. ин спектаклу раксубози хама хок ба чашми мардумасту халос.

Боби
Бобоев кисаги буд ва хаст!!!! Як трафдорхам надорад.

Чаноби Абчабор рахмон шумо фикр накунед дунё дарвоза надорад. ин баромадхои зидди исломии шумо хатман кайд шудааст. рузе чавоб хохи гуфт. Наход ки аз дастат наомад волидайнро гунахгор куни. Ин шармандаги вазорати маориф буд дар даврони шумо ва холо хам хаст.

Мегуянд Бобоеф худаш ба рахмон овоз додааст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)