Бахшҳо
04 окт 2013 17:46Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Нигаронии муфтиёт аз афзоиши дуздӣ дар Масҷиди марказӣ

Домулло Сайид Акбар, муовини сархатиби Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, аз рух додани ҳолатҳои дуздӣ дар ин масҷид иброзӣ нигаронӣ намуда, аз ҷавонони кишвар хост, аз ингуна амалҳои нанговар даст кашанд.

Домулло Сайид Акбар, ки рӯзи 4-уми октябр ҳангоми намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, чанде қабл ба ӯ ҷавоне аз рабуда шудани ҷузвдон ҳамроҳ бо маблағу телефони мобилиаш дар таҳоратхонаи ин масҷид шикоят бурдааст. Ӯ мегӯяд, ин ҷавон баъд аз чанд муддат ҷузвдони худро холӣ аз хиёбони наздикии масҷид ёфтааст.

Муовини сархатиби масҷиди марказӣ мегӯяд, дуздида шудани ашёи намозгузорон бори аввал нест: “Имрӯзҳо пеши мо одамон меоянд, шикоят мекунанд, ки ҷузвдон ё пойафзоли онҳоро аз масҷид дуздидаанд.” Домулло Сайид Акбар бо овардани иқтибос аз ҳадисҳои паёмбар илова намуд, агар инсоне тамоми ибодатҳои фармудашударо иҷро карда бошад, вале болои ӯ ҳаққи инсони дигар, яъне ашёи касеро гирифта бошад, Худованд ҳаргиз ӯро нахоҳад бахшид: “Аз ин рӯ, аз ҷавонони азиз хоҳиш менамоям, аз ингуна амалҳои зишт даст бардоранду пеш аз анҷоми ин корҳо боре қазоват кунанд, ки агар моли онҳоро дузданд, чӣ мешавад?”

Муовини сархатиб аз он ибрози таассуф менамояд, аксари одамҳое, ки дар ин масҷид ашёашонро медузданд, донишҷӯён мебошанд: “Дар ҳоле пулу ҷузвдонҳои донишҷӯёнро медузданд, ки онҳо худ толибилманд ва ниёз ба кумак дорад.” Бояд гуфт, нигаронӣ аз рух додани ҳолатҳои дуздӣ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки тамоми бинои масҷид, бахусус таҳоратхонаи он, аксаран ингуна ҳолатҳо дар онҷо сар мезананд, дурбинҳои назоратӣ насб карда шудааст. Атовуллоҳи Қосим, сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон низ қаблан сар задани ҳолатҳои дуздӣ дар масҷиди марказиро таъйид карда, гуфта буд, масъулини масҷид барои пайдо кардани ашёи гумшудаи намозгузорон ҷавобгар нестанд: “Мо метавонем, танҳо навори ҳолати дуздиро, ки агар воқеан ҳам рух додаву сабт шуда бошад, ба соҳиби ашё ироа кунем ва ӯ метавонад аз рӯи ин сабт ба мақомоти пулис муроҷиат карда, моли худро пайдо кунад.”

Вақтҳои охир хабарҳои сар задани дуздӣ дар масҷиди марказии Душанбе мунтазам садо медиҳанд. Аз ҷумла, чанде қабл ҷавоне бо номи Абдуваҳҳоб, яке аз намозгузорони тоҷик дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, рӯзи 16-уми август дар таҳоратхонаи масҷиди марказии Душанбе ҷузвдони ӯро ҳамроҳ бо ҳуҷҷатҳояш рабудаанд.
Мӯҳр
али
Ин ба ном "муллохо" девона шудаанд е хозир аз омон галтидаанд о вактеки чавон то 18-сола масчид нарафт пас халолу харомро аз кучо фарк кунаду ба ин амал даст назанад. Аблахям як хадду канор доштагист. Инхо коркунони дин ( онхо мулло нестанд) аз дарахти бед хурмо чинданианд

Бенамоз
Шармандагй аст, ки дар масчид дуздй сурат мегирад. Ин корхоро хамон бачахои чавон, ки аз мукаррароти шаръй бехабаранд, анчом медиханд. Вактхои охир ходисахои зиёди намозхон-зиногар, намозхон-дузд, намозхон -каллоб, намозхон- бисёрзана, намозхон-бачабоз ва гайра ба мушохида расида истодааст. Бо ин мардум мо кучо мерафта бошем!?

Чамшед
али,

Чураи чон и дузди аз вакташ буд мемонад. Ин ба манъ кардани то 18 сола ба масчит хеч дахле надорад. Пеш аз ин конунхам дузди зиёдтар буду камтар не.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)