Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 08:48

Соли чорум аст, ки Тоҷикистон аз Рӯзи забон 5-уми октябр ҷашн мегирад

5 октябр 2013, 08:39

Имрӯз, 5-уми октябр дар Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон, соли 2009 тарҳи нави Қонуни забонро тасвиб кард ва рӯзи Иди забонро аз 22-юми июл ба 5-уми октябр кӯчонд, ки мусодиф бо зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, аст.

Зимнан, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе бо як қарор мақомоти фарҳанги шаҳри Душанберо муваззаф сохтааст, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои шаҳриву ҷумҳуриявӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ шоми имрӯз дар Боғи устод Рӯдакӣ, Муассисаи давлатии “Боғи пойтахт”, “Дӯстии халқҳо”, “Кӯли ҷавонон”, боғи ба номи С.Айнӣ, майдони “800-солагии Москва” чорабиниҳои оммавию базмҳои шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ баргузор кунанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳамчунин ба идораи пулис ва амният дар Душанбе дастур дода, ки дар роҳҳо ва ҷойҳои баргузории чорабиниҳо амнияти шаҳрвандонро таъмин намуда, ҳаракати нақлиётро низ назорат намоянд.

Вазорати умури дохилии кишвар ҳам мегӯяд, шоми имрӯз бахшида ба Рӯзи забон ва Рӯзи касбии кормандони Раёсати кофтукови ҷиноӣ дар Боғи устод Рӯдакии пойтахт барои кормандони ғайриштатии милиса ва дружиначиёни ихтиёрӣ барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони ансамбли «Сипар»-и Вазорати корҳои дохилӣ ва ситораҳои шинохтаи ҷумҳуриро ташкил менамояд.

Нахустин қонуни забони тоҷикӣ дар пайи пофишорӣ ва талошҳои рӯшанфикрони тоҷик рӯзи 22-юми июли соли 1989, дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин, ба тасвиб расида буд. Он замон номи қонунро дар баробари тоҷикӣ вожаи форсӣ дар қавсайн низ ҳамроҳӣ мекард. Аммо ҳоло унвони қонуни забони тоҷикӣ бидуни форсӣ боқӣ мондааст. Зеро дар соли 1994 як идда аз намояндаҳои маҷлиси Тоҷикистон пешниҳод карданд, то калимаи «форсӣ» аз унвони қонуни забони тоҷикӣ берун андохта шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Ойша

  • 5 октябр 2013 11:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои ман рӯзи забон 22 июл аст ва ин рузи адолати таърихиро гиромӣ медорам ва истиқбол мекунам.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!