Бахшҳо

Муаррихи тоҷик: "Хатти кириллӣ саратони забони миллист"

Озодагон: Чанд моҳи қабл муаррих ва шарқшиноси тоҷик Луқмон Бойматов дар Донишгоҳи Уппсалаи Суед (Шветсия) дар мавӯи «Забон ва хатти тоҷикӣ: гузашта, имрӯз ва оянда» суханронии илмӣ дошт. Ин суханронӣ дар асл пажӯҳиши муҳаққиқ дар масоили таърихӣ - иҷтимоии забони миллӣ аст. Муаллиф дар ин таҳқиқи худ хатти киррилик-русиро саратони забони миллӣ номидааст. Мо тасмим гирифтем, то қисмати охир ё хулосаи ин матни комили суханронии муаррихи тоҷикро ба чоп расонда, дигаронро ҳам ба ин баҳс даъват кунем.


Луқмон БОЙМАТОВ,
муаррих

"…Бояд мутазаккир бошем, ки яке аз масоъили бисёр муҳим ва дар айни ҳол нигаронкунанда, масъалаи забони миллӣ ҳаллу фасл намудани шароит ва муҳити гузаштан ба хатти ниёгон аст. Албатта, дар ин замина донишмандону ва муҳаққиқин, бахусус, адибону адабиётшиносон, файласуфону ҷомеъшиносони ҷумуҳурӣ изҳори назар карда ва ҳанӯз ҳам баҳсҳо миёни рӯшанфкарон ва аҳли зиё идома дорад.

Ба унвони як муаррих мегӯям, ки бетаваҷӯҳҳии муаррихин ва пажӯҳишгарони таъриху фарҳанги миллӣ нисбати ин мавзӯъ зиёда нигаронкуннада аст. Бо камоли таассуф, аѓлаби муаррихин ва нависандагони таърихи миллӣ аз ҳаллу фасл ин масъала боз ҳам ба наҳве канорагирӣ мекунанд. Шояд ин фирқа аз аҳли илм «сукут ва бепарвоиҳо»-ро нисбат ба ҳассостарин ва дар айни ҳол, муаассиртарин омили пойдории ҳуввияти миллӣ, иқдоме аз «дурнигарӣ», «эҳтиёткорӣ» ва ё «дурандешиҳо»-и сиёсии хеш бидонанд. Аммо ин дидгоҳ на «дурандешӣ ва на «эҳтиёткорӣ» аст, балки бо тамоми маъно, беэҳтиромӣ ва шояд дуруст бошад бигӯем, ки навъе аз хиёнатҳо нисбат ба вазоифи илмиву миллӣ хеш аст. Дар зимн, бояд огоҳ бошем, ки сафаҳоти таърих пур аз он чизе, ки ба ѓалат бетаваҷҷӯҳӣ мехонданд, дар асл хиёнат будааст! Надониста хомӯш ва бетафовут будани олим далели заъфи хирадаш, вале дониста хомӯш ва бетафовут будан - хиёнати ақлаш аст.

Дар кишварҳое, ки бӯҳрони ҳуввияти миллии худро паси сар намуда ва истиқлоли воқеъиро касб кардаанд (мисли Эрон, Туркия, Миср ва ғ.) муаррихин ва пажӯҳишгарони масоили таърих буданд, ки қабл аз ақшори дигари ҷомеъа назари хешро нисбат ба таъйини авомили сарнавиштсози миллаташон эълом намуда буданд, чун онон хуб медонистанд, ки роҳҳои ҳалли ҳар гуна масоъили фарҳангӣ, беш аз пеш реша дар умқи таърих дорад.

Муаррихине, ки баъд аз ҳаллу фасли муҳимтарин масоъили таърихӣ ва тақдирсоз, изҳори назар мекунанд ва «тарафдорӣ» аз таҳвуллоту ислоҳоти анҷом шуда менамоянд, дар воқеъ, беш аз почалесону чоплусони қудрат нахоҳанд буд.

Боиси хушнудист, ки иддае аз муаррихон ва пажӯҳишгарони таърихи миллӣ бо дарки масъулияти илмӣ, гузаштан ба хатти ниёконро аз муҳимтарин ва муаассиртарин омили пешрафти миллат медонанд. Онон дуруст мегӯянд, ки миллат бидуни хатти аслӣ ва суннатии хеш наметавонад ояндаи худро бисозад.
Мо бояд бидонем, ки хатти кириллик (русӣ) саратони хуни маънавиёти миллат аст. Хатти кириллик - русӣ аз гурӯҳи хатти арабиасос нест ва он барои русзабонон омили пешрафат аст, вале барои тоҷикон нобудкунандаи селулҳои ҳастии миллат ва маънавиёти он аст. Замоне ки миллат рӯҳияаш қавӣ аст, ҳар зарбаро метавонад таҳаммул кунад, вале рӯҳияи шикастаи миллатро кадом ҷомеъа метавонад таҳаммул намояд? Фақат хатти ниёкон хуни зиндасоз дар сарнавишти таърих, ҳуввият ва тафаккури миллӣ аст ва бидуни хуни хеш сарнавишти хеш зиндаву солим нахоҳад буд!

Оре, ҳар чиз ба асли худ муроҷиа менамояд ва руҷӯъ ба асл низ аз фитрати вижаи инсон аст. Чун забон ҳам аз аносири аслии инсон аст, пас чаро гуфта нашавад, ки такомулаш аз роҳи расидан ба аслаш бошад?

Барои пешрафту такомул ба коргирии унсури асл муҳим аст, на фаръ. Аѓлаби рӯшанфикарону фарҳангиён, чӣ дар гузашта ва чӣ дар муосир аслро раҳо мекарданду дунболи фаръ мегардиданд ва ин суннат, бо камоли таассуф, ҳанӯз ҳам побарҷост. Фарҳангиёни миллӣ, мисли гузашта амали худро намебинанд, фақат илалу авомили сонавиву атрофро ба ҳисоб меоваранд.

Воқеъияти талхи таърихи муосири миллӣ ин аст, ки ислоҳоти сарнавиштсоз ҷиҳати ҳимояти забони миллӣ ҳанӯз, ки ҳанӯз сурат нагирифтааст! Масъала бо интиқоди андешаву дидгоҳҳо ҳалл намешавад. Роҳи ҳалл фақат якест ва он ҳам анҷоми ислоҳоти решаиву сарнавиштсоз аст.

Оқил бошем ва бояд бипазирем, ки мабдаъ ва роҳи ислоҳи аслии ҳар гуна мушкилот худ ҷомеъа аст ва дар амри ислоҳ донишмандон ва фарҳанигён, ки масъулияти бештареро бар ӯҳда доранд, боястӣ иродаву ҷасорат аз худ нишон бидиҳанд. Агар марди донишманд иродаву ҷасорат надошта бошад ва сухани ҳаққро напазирад, вай фақат дузди босавод аст. Вақте ки дар миёни рӯшанфикрони миллат дуздони андеша ва дар миёни андешмандон чоплусони қудрат зиёд мешаванд, дар ҷомеъа фақру бенавоии маънавият ҳоким мегардад. Фақри маънавият модари ҳамаи фасодҳои ҷомеъа аст. Пас, нахуст бояд илали фақрро аз миён бардошт!

Биёед, бо афкор ва андешаи нек баҳри пешрафт ва саодати ҷомеъа як дилу як тан бошем ва бо пиндору гуфтору кирдорамон забони модариро пос дошта бошем ва ин ҳақиқатро низ фаромӯш накунем, ки рӯйдодҳои фардоро аз кайфияти имрӯз метавон пешбинӣ кард. Хостан тавонистан аст!»
Мӯҳр
TK
2 mushkili kalon dar gapi shumo:

1) Nemi nevishtayi shumo dar asl Tojik nest, balki Arabi ast! Baroyi misol faqat dar paragrafi avvali shumo in kalamot dar asl Tojiki nestand, balki Arabiyand:

муаррих
Kalamoti ARABI dar inshoyi shomo:
Мутазаккир
Масоъил
Муҳим
Миллӣ
Ҳалл
шароит ва муҳит
хат
муҳаққиқин
адабиёт
ҷомеъ
ҷумуҳурӣ
назар

Oyo shumo mexohed ba xatti aseeli Tojiki yani Avestoyi bargarded?

2) Shuma metavoned to abad az Rosiya va Rosho gapi nohaq zaned vali haqiqat on ast ki to omadani Rusho ba Emoroti pasraftayi Bukhoro, na besh as 0.5% to 1% aholiyi on vaqt xondan va naveshtan ro medonestand, van onham ba xattiki degar ajnabiho (yani Arabho) bo deneshon Islam ba Bukhara ovarda boodand!

Shumo faqat Afghanistani imruz ro bo Osiyoyi miyona muqoyisa kuned. Kudomen beshtar khondan va naveshtan metavonand?

Agar xohed ba xatti Arabi bargarded, marhimat, vali xatti cyrilic ro zeri po nagozored!

-TK

Насибҷон
Сипос, донишманди арҷманд оқои Бойматов! Ҷойи хушист, ки ниҳоят муаррихони мо ҳам дар шахси Шумо ба ин мавзӯи сарнавиштсоз ва ё сарнавишткуш даст зада, то чи андоза ба мо зараровар будани хати сирилликро баён кардед. Воқеан ин хат барои мо саратон аст, ки моро аз ҳаммиллатонамон ва ҳамзабононамон дур сохта оҳиста -оҳиста ба нобудӣ мебарад. Вале ин воқеияти талхро дигар муаррихони номвар ва донишмандони суханшинос ё дарк накардаанд ва ё бо ҳимояти манфиатҳои кишварҳои бегона, аз ҷумла ҳимоя аз хат ва сиёсати онҳо хати сирилликро "наҷотбахш" ва "омили босаводии мардум" меҳисобанд. Зеро худи онон ҳарчанд то ҷойе аз хати сириллик огоҳанд, вале дар бораи хати форсӣ ва ҷойгоҳи он дар гузашта ва ба вижа имрӯза чун омили васлкунандаи миллат ва ҳамзабонон ва василаи беҳтарини як сохтани муҳити забонӣ ва интишоротии кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон чизе намедонанд ва ё донистан ҳам намехоҳанд. Онон як нуктаи одиро ҳам намефаҳманд, ки хат худ сиёсат аст ва аз ин нигоҳ ҳама кишварҳое, ки забонашон решаи турки дорад, барои як кардани хати хеш кушиш карда истодаанд ва холо бештари онҳо ба хати лотини гузаштаанд ва ё дар ҳоли гузаштан ҳастанд. Вале мо ҳамон бегонапарастӣ мекунем ва ҳеч не ки ба фармудаи Мавлонои бузург " Ҳар касе, к-ӯ дур монд аз асли хеш, Боз ҷӯяд рӯзгори васли хеш" амал карда, омили асосии васлкунандаи миллат ва забонамон, яъне хатро ягона кунем. Барои мо мардуми форсизабон ду роҳ аст, яке ҳама, ба шумули бародарони эронӣ ва афғонистонӣ гузаштан ба хати сириллик, ки ин кори комилан ношуданист ва амали кушандаи миллат аст, ва дигаре ба хати ниёконамон форсӣ баргаштан, ки ин кор бо ёрии бародарони эронӣ ва афғонистониамон ҳам осон ва ҳам барои миллат давои дарди беш аз 80 сола ва марҳами ҷон аст. Ба андешаи мо, ин нигоштаи илмии донишманди арҷманд Луқмон Бойматов арзандаи ҳама гуна ситоиш аст ва бовар дорем, он моро ҳушдор медиҳад, ки аз ин саратони аз кишвари бегона ва ба асари сиёсати бегонаи коммунистӣ ба кишвар ва мардуми мо сироят карда, ҳарчи зудтар худро раҳо кунем ва тани дардманди худро ба оғӯши хати бобоиамон андохта, бо пайванд шудан ба бародарони ҳамзабонамон ҳама дардҳоямонро даво бахшем ва худ ҳам дар ин замони ҷаҳонишавӣ дар ҳама маврид дар паҳлӯи бародарону хоҳарони эронӣ ва афғонистониамон қарор гирем ва онҳоро ҳам бо ин кори худ боз ҳам неруманду тавоно гардонем. Ман бовар дорам, ки агар мо ба хати ниёконамон-- форсӣ баргардем, зуд тоҷикони Ӯзбакистон ва минтақа ҳам ҳаракатҳои фарогиреро барои омӯзиши ин хат бо равишҳои гуногун ба роҳ хоҳанд андохт ва ин ҳаракатро аз ҳоло мо дар дунёи маҷозӣ( интернет) дар баъзеи онон мушоҳида карда истодаем.

Забон
Ман акаи Акаи Лукмонро мешиносам. Олими хуб аст ва рост мегуяд. Мо бояд ба хати форсии худ баргардем. Ба хати илмии худ. Рости дар чони мо хаму камунистхои пештараи бесаводи академияву дигарчойхо задаанд.

Салимбойбача
Бародари олим хамон хати ниёконат хам аз мо нест. Аъроб омаду дину хаташро болои мо бор кард. Пас бигу саратон кадоме аз инхост. Бо хати форсй ё арабй ба чое намерасем. Туркияву Узбакистон аблаханд, ки ба лотинй гузаштанд. Барои онки илму донишу технологияхои нав моли Аврупост. Танхо бо лотинй метавонем пеш равем. Дунё хамагй як тараф мераванду ту насихат дорй, ки кирилй саратон аст. Бо шарофати хамин кирилй чашми точик кушода шуда, чй будани илму технологияхоро фахмид.

Олими туфта будай Лукмон... Хамин навиштагит худуш сафсатахай...

Форс
Ҳарчи зудтар бояд масъалаи ба хатти ниёгонамон баргашданро ҳаллу фасл намуда, дар ояндаи наздик ба хатти аҷдодони хеш баргардем. Дафъ кунед ҳамин сирилликро, ки ҳама тоҷикро бесавод кард!

Ҳамин худи Луқмонбой хатти арабира дар кадом сатҳ медониста бошад, як имтиҳон гирифтан даркор. Ин марак уқдаи худхоҳӣ (мания величий) ё уқдаи норасоӣ (комплекс непольноценности) дорад. Ҳар чизро баҳона оварда мехоҳад худситоӣ кунад, то худро бузург пиндошта бошад.

Бе тардид, ин таҳқиқ ва пажӯҳиш аз Устоди гаронмоя Луқмон Бойматов, ки ба сурати суханронӣ ҳам эрод шуда, яке аз некӯтарин ва амиқтарин паҳӯҳишҳо дар ин замина дар даҳаи ахир ба шумор меравад; бавижа аз зовияи торихӣ, ки устод, ки худ муаррих ҳастанд, қобили таҳсин аст. Яъне, дар воқеъ, то ин замон, мо пажӯҳишҳо ва таҳқиқот ва мақолоте дар ин мавзӯъ аз сӯйи муҳаққиқин доштем, бахусус нигоштаҳои муҳаққиқ ва рӯзноманигори тоҷик Дориюши Раҷабиён, арзишманд ҳастанд, аммо бештар аз зовияи забонӣ ва таносуби забони порсӣ бо хатти арабиасоси порсӣ буданд, на аз ин зовия, ки Устод ба он пардохта. Бинобар ин, воқеан ҷо дошт як муаррих ин мавзӯъро аз ҳамин нигоҳ ҳам баррасӣ кунад, ки устод ин заҳматро кашиданд. Албатта, агар Устод фурсате доранд, рӯи ин мавзӯъ густардатар кор карда ва ба сурати китоб ба чоп бирасонанд, зеро ончи пеши рӯй аст, ҳарчи ҳаст, фақат ишороте ба мавзӯъ аст, ки албатта дар сухаронӣ ҳам ҷуз ҳаминҳоро наметавон овард.
Ва нуктаи дигар ин ки онҷо ки Устод ишора мефармоянд, "Ба унвони як муаррих мегӯям, ки бетаваҷӯҳҳии муаррихин ва пажӯҳишгарони таъриху фарҳанги миллӣ нисбати ин мавзӯъ зиёда нигаронкуннада аст", воқеан ин нигаронӣ ҷо дорад. Муаррихони мо воқеан дар ин замина саҳлангорӣ мекунанд, ва ё бархе баръакс талош мекунанд, хатти пирилликро муносибтар барои забони мо нишон бидиҳанд, ки воқеан ҷои шигифтӣ дорад, назири коре ки аз Устод Масов мебинем.

Ташаккур ба бародар Насибчон, ки максади олими мухтарамро фахмонд, набошад аз ин "хулосаи кори илми"-ашон хеч далели мантики барои гузариш ба хатти форсиро наёфтам. Факат эхсосот.
Хуб, далели асоси он будааст, ки мо аз хамзабонони афгон ва эрониамон канда шуда, тадричан аз байн хамчун миллати форсзабон меравем. Далели чидди. 1.Оё вокеан ба хатти форси гузашта ба хамзабонон наздиктар мешавем? Аз кадом чихатхо ва чи тавр? 2.Оё вокеан бо сириллик монда аз хамзабонон канда мешавем? ... Барои чавоб додан ба ин саволхо далелхои таърихи оварда мукоиса намудан лозим. Аз хати сирилли ба мо нафъи зиёд аст ва гузариш мушкил хохад буду моро мумкин каме боз акибтар кашад. Барои хамин хубтар ин масъаларо тахкик намудан лозим аст.
Бисёргуии бедалели Лукмон Бойматов бошад ба олим намезебад. Бубахшед, мумкин хато кунам.

Насибҷон
Бисёр хуб мебуд, дар баҳси марбут ба хати форсӣ ононе ҳаққи андешаронӣ дошта бошанд, ки аз ин хат огоҳ бошанд, вагарна, ҳама ҳарфҳои онон монанди суханрни шахсе мешавад, ки худ аз илми тиб фарсахҳо дур асту даъвои давои мардум мекунад. Бештари баҳскунандагон,ки худро бо номи бойбачаҳои кишвари ҳамсоя муаррифӣ мекунанд, монанди ҳамон "табиб"- ҳои навбаромад ҳастанд, ки мову забонамонро ба ҷойи даво кардан ба варта мебаранд...Ба гунае, ки ёд кардам, кишварҳои Туркияву Ӯзбакистон, Озарбойҷон...на ба хотири дастёбӣ ба фанновариҳои навину илми пешрафта ба хати лотинӣ гузаштанд ва мегузаранд, балки онон бо даъвати Туркия мехоҳанд, ки ҳама кишварҳои туркзабонро бо хати лотинӣ зери як парчами туркӣ гирд оваранд. Ин идеяро ҳанӯз сад сол пеш пантуркистон ба миён гузошта буданд ва имрӯз онон дар кӯшиши ба иҷро расониданаш ҳастанд. Салимбойбача ва дигарон, Шумо мехоҳед, ки мо ба ҷойи ба хати форсиамон баргашта, бо бародарони эрониву афғонистонӣ пайванд шуда, дар якҷоягӣ неруманд гардидан ва рӯҳи Устод Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Мавлонову Ҳофизу Саъдӣ ва дигар бузургонамон -- падару бобоҳои маънавии хешро шод кардан, ба хати лотинӣ гузашта худро ба оғӯши туркҳо андозем ва зудтар аз байн бибарем?! Ман дар бораи бартариҳои хати форсӣ далели бисёр намеорам, танҳо чанд нуктаро баён мекунам. Ба ин хат ва забон беҳтарин асарҳои адибони ҷаҳон тарҷума ва нашр шудаанд, ки мо сирилликхонон ҳатто номи он адибонро ҳам намедонем; ба хати форсӣ беш аз 1000 торнамо(сайт) ҳаст ва шумори он дар ҳоли афзоиш мебошад. Танҳо дар торнамои Ганҷур тамоми осори ҳама бузургони адабиёти форс -тоҷик( беш аз 50 адиби машҳур) гирд оварда шудаанд ва нуктаи дигар ин ки дар Донишномаи озод (Энсиклопедияи интернетӣ) ба хати форсӣ наздик ба 220 ҳазор мақола гирд оварда шудааст ва медонед, ба хати сириллик мо Дар Донишномаи озод чӣ қадар матлаб дорем-- хамагӣ даҳ ҳазор... Ба андешаам, дигар дар ин маврид ҳоҷат ба дарозо кашидани сухан нест ва ба ҳар тоҷики худогоҳ бояд рӯшан бошад, ки мо ба ҷуз аз бозгашт ба хати ниёконамон форсӣ дигар роҳи наҷот надорем. Дигар бархурд барои мо фарҷоми бас ногувор дорад ва ба истилоҳ "он роҳ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст". Ҳама тоҷикони Афғонистон, ки шуморашон беш аз 12 миллион аст ва бародарони эрониамон, ки беш аз 85 миллионанд, низ мехоҳанд, ки мо ҳарчи зудтар ба хати ниёконамон баргашта, барои пайванди қавӣ ва неруманд кардани ҳамдигар ёрӣ расонем.

ИН пажуҳиш иқдоми хуб аст ва раванди гузариш ба ин хат бояд тарзе сурат гирад, ки боз мардум бесаводтар нашавад, яъне муназзам бо фароҳам овардани шароит. Дар ин кор иродаи сиёсиии раҳбарият ва маҳли зиё лозим аст, вале ҳар ду гуруҳ дар ин масъала меланганд.

Лукмонбой хаёли хом кардааст. У ягон хел шаркшинос нест ва муаррихе беш нест, ки ин иддаоро дорад. Худ ки нимузбак аст ва кайхост тарки Точикистон кардааст, имруз даъвои хат мекунад ва фармоиши хочагонашро ба сомон мерасонад. Як ба тарчумаи холи ин олимча шинос шавед баъд мефахмед, ки у кист? Дар вакташ у академик Масовро хам бо супориши Узбакхо мазаммат карда буд. Навиштахояшро хам хонед на точики асту на форси гуё як магите беш нест...

хохиш мекунам чоп кунед

Бародари гиромї Киличбек!
Шамшери хусуматро ѓилоф кун, то теѓи тезаш бар решањои хирадат осеб наёварад! Ва ин њадисро њам дар ёд нигањ дор, ки омада: «Озмудагонро намеозмоянд!»

Бародари гиромї Салимбойбача!
Оё шумо медонед, ки дар пазируфтани хатти арабиасос устод Рудакї даст доштааст? Агар вуљуди ин хатт бар зарари пойдории њуввияти миллат аст, пас, биёед нахуст аз мероси маънавии гузаштагон даст бикашем! Шумо аз кучо медонед, ки ин хатт дар шаклгирии хуввияти милли то чи андоза мухим будааст!? Шумо фикр мекунед, ки љойгоњи ин хаттро дар таъйини њуввияти таърихии миллат беш аз Рўдакиву Фирдавсиву Сино ва бузургони дигар мефањмед? Аз ин ки аслро аз чуз натавоностед ташхис бидихед, мутаассифам.

А
Албата рузе мо ба хати нийогонамон бармегардем вале

Рамазон
Хати гузаштагонамон ин хати СОМОНИЁН аст...

Хати гузаштагонамон ин хати СОМОНИЁН аст. Мо СОМОНИЁНРО факат ном мебарем халос, аммо аз риши онхо не, аз хати онхо не, аз дини онхо не, аз либоси онхо не, аз тараккиёти онзамонаи онхо не. Факат дар забон асту таърих. Илтимос чоп.


Огои гироми Луқмонбой манро бобокалонам қирғиз ҳаст, шуморо ҷаддатон узбак барои ҳамин бародар шудан наметавонем. Локин сухани "озмударо намеозмоянд" маҳсули тафаккури Носир Хисрав мебошад. Вале то ҳол ман шуморо наозмоидаам. Барои ҳамин хусумате дар миён нест. Худситоӣ пешаи шайтон бувад, - гуфтаанд. Хатти арабӣ ба Рудакии хоразмӣ чи рабте дорад, манкуртмаобон чандин сол қабл хати арабиро ҷойгузини хатти хоразмӣ карда буданд. Наход шумо муаррих шуда ҳаминро надонед, ки мардони бузург зодаи шаҳрҳои бузурганд, мисли Балху, Хоразму, Марву, Бухоро....? Cамарқанд ҳам дар даврони суғдиҳо шаҳри бузург буд, аммо пас аз турктозиҳо ва муғулсузиҳо аз қавмҳои барлосу арабу ҳиндиву луливу.... пур гардид. Бо як забон гап задан ин маънои онро надорад, ки ҳамаи онҳо тоҷиканд. Пас, даъво макун, ки бартарӣ аз дигарон ба илм, Чун кибр кардӣ аз ҳама нодон фурӯтарӣ (Саъдӣ)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)