Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 20:56

Сафири нави Русия гуфт, пойгоҳи 201 истиқлоли Тоҷикистонро ҳифз мекунад

5 октябр 2013, 11:06

Сафири нави Русия дар Душанбе мегӯяд, тамдиди ҳузури пойгоҳи низомии 201 дар Тоҷикистон на танҳо ба манфиати русҳо, балки ба фоидаи тоҷикҳо низ ҳаст. Зеро, ба гуфтаи ӯ, ин пойгоҳ мустақилияти Тоҷикистонро ҳифз мекунад.

Игор Лякин-Фролов, сафири тозатаъини Русия дар Тоҷикистон, рӯзи 4-уми октябр баъд аз супоридани эътимодномаи худ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон дар суҳбати ихтисосӣ бо радиои русии “Голос России" гуфтааст, пойгоҳи низомии 201-и кишвараш бар асоси банди дуюми қарордод оид ба будубоши он дар Тоҷикистон, ҳам манофеи Маскав ва ҳам Душанберо ҳимоят мекунад.

Флоров мегӯяд, артиши пойгоҳи Русия дар якҷоягӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ амну субот дар Тоҷикистонро ҳифз ва таъмин хоҳанд кард: “Аз ин рӯ, ба хотири расидан ба ин аҳдоф, ҷониби Русия ба артиши Тоҷикистон таҷҳизоти ҳарбӣ кумак хоҳад кард.” Инчунин, сафири Русия илова намудааст, тибқи банди 4-уми ин қарордод, дар сурати ҳамла ё таҳдиди ягон кишвар ва гуруҳе барои халадор намудани истиқлолияти Тоҷикистон пойгоҳи низомии Маскав садо баланд хоҳад кард: “Ҳамаи иқдомҳо бар асоси тавофуқи сарфармондеҳони низомии ду кишвар ва қонунгузории Тоҷикистон иҷро хоҳанд шуд.”

Ахиран парлумони Тоҷикистон тарҳи созишномаи миёни Душанбеву Маскавро дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201 дар кишвар тасвиб кард. Бар асоси ин қарордод, пойгоҳи низомии 201-и Русия, ки беш аз 7 ҳазор сарбозу афсар дорад, то соли 2042 дар хоки Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин ваъдахои хушку холист мо бояд барои пойгохи русия маблаги заруриро талаб кунем ки яке аз нишонахои мустакилиятии моро нишон медихад он мегуянд истиклолияти моро хифз мекунанд охоло ки худашон ин истиклолияти моро халалдор кардаистодаанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!