Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:42

Лондон барои муаррифӣ ва тарғиби Тоҷикистон омодааст

28 июл 2011, 12:27

Матлубхон Давлатов, райиси кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёт ва коммуникатсия дар раъси як ҳайати парламенӣ бо роҳбари гурўҳи парламентии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон Лорд Вейверлӣ мулоқот кард.


Тибқи иттилои Шавкат Сайидов, ёвари райиси ММ МО оид ба равобит бо ҷомеъа, ин тасмим баъд аз нишасти дирӯзаи Маҳмадсайид Убайдуллоев бо ҷаноби Вайверлӣ аз сар гирифта шуда, ҳадафи он баррасии масоили тақвиятбахшии муаррифии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва ҷалби инвеститсияи кишвари мазкур дар барномаҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон аст.

Манбаъ афзуд, дар ҷаласа ҷонибҳо масоили дар назди маркази рушди иқтисодии Тоҷикистон дар Лондон таъсисёбанда фаъол намудани сомонаи интернетии www.trade.tojikiston.com-ро бо инобати бахшҳои фарогири он муфассал матраҳ намуда, барои фаъолияти сомонаи мазкур, ки характери рекламавиро дорад, ҳамарўза таъмин намудани маводҳои заруриро роҷеъ ба барномаҳои инвеститсионии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳое, ки барои ҷалби сармоя пешбинӣ гардидааст, баррасӣ намуданд.

Сайидов ҳамчунин ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, дар кори ҷаласа масъулин  аз вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, кишварзӣ, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Палатаи савдо ва саноат ширкат варзиданд.«Барои ҳамоҳангсозии фаъолияти минбаъдаи гурўҳи корӣ муовини раиси кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Нуриддин Саидовро масъул интихоб намуданд»,-афзуд Шавкат Сайидов.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!