Бахшҳо
05 окт 2013 15:36Тоҷикистон / Иқтисодӣ / Акс

Тахриби бозори Ҳисор, додхоҳии тоҷирон ва вокуниши Усмон Сабзов (АКС)

Алишер ЗАРИФӢ

Тахриби бозори фурӯши масолеҳи сохтмонии шаҳри Ҳисор, ки тӯли 3 рӯз боз идома дорад, тоҷиронро нигарон кардааст. Чанд тан аз тоҷирони ин бозор 5-уми октябр дар суҳбат ба “Озодагон” иброз намуданд, ки масъулин онҳоро огоҳ кардаанд, то ҳар чӣ зудтар масолеҳи сохтмонии худро аз бозор ба ҷои дигар кӯчонанд. Вагарна “бо булдозер мағозаҳояшонро чаппа хоҳанд кард”.

Бархе тоҷирон мегӯянд, масъулини бозор сабаби тахриби фурӯшгоҳҳоро ба онҳо дақиқ нафаҳмонда ва макони дигаре низ барои онҳо пешниҳод накардаанд. Дар ҳоле ки ба қавли савдогарон, мебоист каме дуртар бозори нави фурӯши масолеҳи сохтмонӣ бунёд мешуд, аммо феълан сохтмони он идома дорад ва барои қабули тоҷирон омода нест.

Яке аз тоҷирони бозори мазкур, ки худро Тоҷиддин муаррифӣ кард, гуфт, ҳоло ҳайрон аст бори худро куҷо барад, чун масолеҳи сохтмонии ӯро, ки чӯбу тахта аст намешавад дар хонааш ҷой дод: “Баъзе борҳои худро ба хонаашон бурда истодаанд. Ҳавлии хонаи мо хеле хурд аст ва ин қадар бор намеғунҷад. Ба мо гуфтанд ба куҷое, ки мебаред зудтар ҷойро холӣ кунед.”

Бархе аз савдогарон барои қатъ нагардидани тиҷораташон масолеҳи сохтмонияшонро ба бозори “Балх” интиқол медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, ин кор бо хароҷоти зиёд сурат мегирад. Бар асоси иттилои тоҷирон дар бозори мазкур ҳудуди 500 мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ буда, бо чунин шева тахриби бозор зарбаи сахти молӣ ба ҷайби савдогарон аст.

Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор ба “Озодагон” гуфт, ба муносибати 3 ҳазорсолагии Ҳисор нақшаи генералии шаҳр тасдиқ шуд, ки дар ҷои бозори масолеҳи сохтмонӣ бояд иншооти замонавӣ, ба вижа манзилҳои 8-9-қабатаи истиқоматӣ ва мактаб барои 700-800 хоҷагӣ сохта шавад. Номбурда илова намуд, “дар ин бозор тоҷироне ҳастанд, ки дар вақташ ин маконро бо роҳи ғайриқонунӣ тасарруф намудаанд”. Усмон Сабзов таъкид кард, “тоҷирони бозор дар дигар ҷойҳо 2-3 макон доранд, бигузор масолеҳи сохтмонии худро ба он ҷойҳо баранд”. Раиси ноҳияи Ҳисор дар идома афзуд, феълан сохтмони як бозори дигар идома дорад ва дар сурати анҷом ёфтани сохмони он тоҷирон метавонанд масолеҳи худро ба он ҷо интиқол диҳанд.

Аммо тоҷирон мегӯянд, ҳоло аз анҷомёбии сохтмони бозоре, ки Усмон Сабзов дар назар дорад, дараке нест ва мушкили аслӣ барояшон набудани макони фурӯш ва қатъ гардидани тиҷорат аст. Ба гуфтаи онҳо, ҳайронанд, ки пеши кӣ арзу шикоят баранд.


Тахриби бозори Ҳисор, додхоҳии тоҷирон ва вокуниши Усмон Сабзов (АКС)

Тахриби бозори Ҳисор, додхоҳии тоҷирон ва вокуниши Усмон Сабзов (АКС)

Тахриби бозори Ҳисор, додхоҳии тоҷирон ва вокуниши Усмон Сабзов (АКС)

Тахриби бозори Ҳисор, додхоҳии тоҷирон ва вокуниши Усмон Сабзов (АКС)

Тахриби бозори Ҳисор, додхоҳии тоҷирон ва вокуниши Усмон Сабзов (АКС)

Тахриби бозори Ҳисор, додхоҳии тоҷирон ва вокуниши Усмон Сабзов (АКС)

Тахриби бозори Ҳисор, додхоҳии тоҷирон ва вокуниши Усмон Сабзов (АКС)

Тахриби бозори Ҳисор, додхоҳии тоҷирон ва вокуниши Усмон Сабзов (АКС)

Тахриби бозори Ҳисор, додхоҳии тоҷирон ва вокуниши Усмон Сабзов (АКС)

Тахриби бозори Ҳисор, додхоҳии тоҷирон ва вокуниши Усмон Сабзов (АКС)

Тахриби бозори Ҳисор, додхоҳии тоҷирон ва вокуниши Усмон Сабзов (АКС)
Мӯҳр
Санг
Сабзов ба пеш, корот хубай. Хисорро ба тартиб дарор!

Любойтона аз бозортон меъехезонем. Кати Мо шухи накнен, а бача и читарияй. Хисорда зачем бозори материали строителни?

Ман дар хайрат мондаги Хисор наин ки чорвояшон таърифи будаст одамхояшон хам мисли гусфанд кучое ки хохад Сабзов хамон тараф харакат мекунанд

У САБЗОВ ЯК лаганбардори дигар аст. Аз рузе ки ба вазифа омад дар роххои мошингарди ХИСРОИ ШОДМОН дар табло яъне чойи рекламахо акси Э.РАХМОН иваз намудааст. Баъдан ай дар тачлили 3 солагии ХИСОР ай дасти у хеч чиз хам намеояд.

Мутассифона хукумати имруза ба чуъз аз офаридани мушкилот ба халк, дигар хеч кудрате надорад.

ҳисорӣ
Хеле кори хуб кардаанд. Ҳарчанд ки барои мардум ин бозор зарур аст, аммо на дар сари роҳи асосӣ. Ҳар руз мошинҳои калон роҳҳоро банд карда "пробка" мекарданд. Мо тарафдори қарори ҳукумати ноҳия ҳастем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)