Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:04

Ҳимояти ҷанговарон аз номзадии Раҳмон дар интихоботи 6 ноябр

6 октябр 2013, 15:16

Шӯрои Кумитаи кор бо ҷанговарони интернатсионалисти Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома аз мардуми кишвар хостааст дар интихоботи президентии моҳи ноябр ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, райисҷумҳури феълӣ овоз диҳанд.

Дар ин муроҷиатнома, ки торнамои “Ховар” нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад, “таҳаввулоту дигаргуниҳои куллии дар ҳаёти давлату миллати мо дар мӯҳлати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ, 22-соли соҳибистиқлолӣ, бадастомада нишонгари онанд, ки мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳтарин номзад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои исботи ин андешаҳо саҳифаҳои таърихи навини Тоҷикистонро варақ зада мебинем, ки мо кӣ будему, кӣ шудем. Ҳамаи душвориҳои ниҳоят вазнинро бо сарварии мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паси сар кардем ва ба рӯзҳои неку ҳаёти шукуфон ноил гардидем”.

Ҷанговарони интернатсионалист гуфтаанд, онҳо, ки аз кӯраи ҷанги даҳшатбори таҳмилии Афғонистон гузаштаанд, дар Ватани худ рӯзҳои вазнинтарину фоҷиабори солҳои аввали 90-ми асри гузаштаро нағз дар хотир доранд: "Бо айби душманони миллати тоҷик бародар бо бародар, падар бо писар силоҳ кашида, ҷанги бемаънии бародаркушӣ вусъат ёфт”.

Дар муроҷиатнома гуфта мешавад, Тоҷикистони навбунёд ба киштии оташгирифтаи даруни баҳри беканор монанд буд ва хавфи аз харитаи ҷаҳон несту нобуд гардидан онро таҳдид мекард: “Мардум ба фардои худ боварӣ надоштанд. Садҳо ҳазор нафар ҳамватанони мо ба давлатҳои Афғонистон, Покистон, Эрон ва ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фирорӣ шуданд. Дар чунин шароити вазнину роҳи сарбаста як қуввае лозим буд, ки мӯъҷиза офараду бародарро бо бародар оштӣ диҳад, ба ҷанги хонумонсӯз хотима гузорад, халқи парокандаи тоҷикро сарҷамъ намуда, сулҳу амониро барқарор созад. Хушбахтона, ба бахти миллати тоҷик чунин шахси мӯъҷизакор пайдо шуд. Мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ақлу хиради худододи худ ҷони худро ба каф гирифта, дар ҳассостарин лаҳзаҳои пурхавфу хатар тадбирҳо андешида, шабу рӯз кору пайкор намуда, халқи азияткашидаи тоҷикро аз ин вартаи сарбастаю пурхавфу хатар наҷот дод”.

“Мо, ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ, ҳеҷ шубҳае надорем, ки мақсаду вазифаҳои ба миён гузоштаи Эмомалӣ Раҳмон дар амал ҷорӣ мегарданду сатҳи зисту зиндагонии мардуми мо ба зинаҳои боз ҳам баландтар бардошта мешавад. Хизматҳои барҷастаи мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар назди миллати тоҷик ва тамоми мардуми Тоҷикистон ба назар гирифта, мо, ҷанговарони интернатсионалисти ҷумҳурӣ кулли интихобкунандагонро даъват менамоем, ки дар рӯзи интихобот ба тарафдории номзади беҳтарину арзандаи халқ, шахси мӯъҷизакору хирадпеша, сиёсатмадори арсаи ҷаҳонӣ Эмомалӣ Раҳмон якдилона овоз диҳанд”,-омадааст дар муроҷиатнома.

Чоруми октябр Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар анҷумани 11-уми худ Эмомалӣ Раҳмонро ба унвони номзади худ дар интихоботи қарибулвуқӯъ интихоб кард. Пз ин пеш номзадии Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи вакилони Иттифоқи ҷавонон ва ҳамчунин Федератсияҳои мустақили Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон пешниҳод шуда буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Носех даркор нест

  • 6 октябр 2013 17:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба суханхои шумо "чанговархо"-и интеснатсионали касе гуш намедихад. Худатон, ки мехохед, овоз дихед, аммо бидонед, ки овоздихи озод аст ва халки точик эхтиёч ба насихату маслихати касе надорад. Мардуми бекору бебарку азияткашидаи точик хатман ба номзади дилхохи худаш овоз медихад.
Посух додан
  • донишчу

  • 6 октябр 2013 17:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
тупатугри.
Посух додан
  • Ahmad

  • 6 октябр 2013 18:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
равед сафсата нагуед мардум кyр нестанд мебинанд ба чи пешравиҳо ноил шyданд. Магар муҳоҷир шyдани 2 миллион Тоҷик ба кишвари Рус ва хурондани 6 миллион нафари дигар тавасyти ҳамин муҳоҷир пешрави аз тарафи президент бошад? Порахyри, маҳалбози, хешyтаборбози аз тарафи давлатмардон пешрави бошад?
Посух додан
  • Интернатсионалист

  • 6 октябр 2013 20:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бале ба тарафдори аз ин шахс овоз дихед.Чунки дар давраи президентии ин шахс хамаатон чи Интернатсионалистону чи иштирокчиени чанги Бузурги Ватани аз хама намуди лготу имтиезхо махрум шудед.
Посух додан
  • Komron

  • 6 октябр 2013 21:12
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чаро яктарафа бахо медихед, танхо Э.Рахмон набудку?аз як даст садо намебаряд........
Посух додан
  • А

  • 6 октябр 2013 21:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хохиш мекунам бо чунин насихатхои аллакай азёдшуда обруи он касро нарезонед. Мардум хуб медонад ки хуб асту ки бад. Интернатсионалисти хакики набояд чунин бошад! Мурочиату хохиши шумо чизеро хал намекунад! Баръакс мардумро дилсард мекунед.
Посух додан
  • Шахрванд

  • 7 октябр 2013 08:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз лагандбардориву чоплусии шумо намерасид ,чанобон интернатсионалистхо.
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 7 октябр 2013 08:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э э э биё мон хамин афсонахоятро!!!!!!!!! Бо "шахси муъчизакор" будаст.....уффффффф! Хести ки хоби!!
Посух додан
  • Чанговар

  • 7 октябр 2013 08:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман хайрон, чаро аз номи ман ин "Шуро..." гап мезанад? Чи худам дасту забон надорам? Ман дар чанги Афгон будам. Рафиконам он чо халок шуданд. Он эхтироме. ки мо дар он шурави доштем, аз хазор яктоашро хам холо надорем ва маъюбонамон пеш аз вакт мурда истодаанду солимонамон як зиндагии хароб доранд. Пас чи гуна ман аз ин Шуро дастгири кунам?
Посух додан
  • shuhrat

  • 7 октябр 2013 10:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Наъузубиллох, "марди муъчизакор" муъчизаро танхо Худованд меоварад, на инсон. Аз ин суханхо бармеояд,ки ин "чанговарон" Э.Рахмонро хамчун Худо мешуморанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!