Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:13

Ҷавоби Насибҷон Амонӣ, хабарнигори тоҷик, ба “Салимбойбача”

7 октябр 2013, 10:15

Як гурӯҳ аз хонандагони мо дар бораи бозгашт ба хатти порсӣ, ки аз тарафи Луқмон Бойматов дар як ҳамоише дар Суед (Шветсия) пешниҳод шуда ва хулосаи он дар ozodagon.tj нашр шуд, баҳс мекунанд. Агар як гуруҳ мухолифи бозгашт ба ин хатту хулосаи Бойматов ҳастанд, иддае, баръакс, аз он тарафдорӣ мекунанд. Ахиран як номаи комилтаре аз тарафи Насибҷон Амонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Қазоқистон, ба мо расид, ки онро нашр кардаву дигаронро низ ба ин баҳс мехонем: ozodagonweb@gmail.com


“Бисёр хуб мебуд, дар баҳси марбут ба хатти порсӣ ононе ҳаққи андешаронӣ дошта бошанд, ки аз ин хат огоҳ бошанд, вагарна, ҳама ҳарфи онон монанди суханони шахсе мешавад, ки худ аз илми тиб фарсахҳо дур асту даъвои давои мардум мекунад.

Бештари баҳскунандагон,ки худро бо номи бойбачаҳои кишвари ҳамсоя муаррифӣ мекунанд, монанди ҳамон "табиб"-ҳои навбаромад ҳастанд, ки мову забонамонро ба ҷойи даво кардан ба варта мебаранд... Ба гунае, ки ёд кардам, кишварҳои Туркияву Узбакистон, Озарбойҷон... на ба хотири дастёбӣ ба фанновариҳои навину илми пешрафта ба хатти лотинӣ гузаштанд ва мегузаранд, балки онон бо даъвати Туркия мехоҳанд, ҳама кишварҳои туркзабонро бо хатти лотинӣ зери як парчами туркӣ гирд оваранд. Ин идеяро ҳанӯз сад сол пеш пантуркистон ба миён гузошта буданд ва имрӯз онон дар кӯшиши ба иҷро расониданаш ҳастанд.

“Салимбойбача” (яке аз шарҳнависон худро чунин номидааст) ва бархеи дигар, Шумо мехоҳед, мо ба ҷойи ба хатти порсиамон баргаштаву бо бародарони эрониву афғонистонӣ пайванд шуда, дар якҷоягӣ нерӯманд гардидан ва рӯҳи Устод Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Мавлонову Ҳофизу Саъдӣ ва дигар бузургонамон -- падару бобоҳои маънавии хешро шод кардан, ба хатти лотинӣ гузашта худро ба оғӯши туркҳо андозем ва зудтар аз байн бибарем?!

Ман дар бораи бартариҳои хатти порсӣ далели бисёр намеорам, танҳо чанд нуктаро баён мекунам. Ба ин хат ва забон беҳтарин асарҳои адибони ҷаҳон тарҷума ва нашр шудаанд, ки мо сирилликхонон ҳатто номи он адибонро ҳам намедонем; ба хатти форсӣ беш аз 1000 торнамо (сайт) ҳаст ва шумори он дар ҳоли афзоиш мебошад. Танҳо дар торнамои Ганҷур тамоми осори ҳама бузургони адабиёти форс - тоҷик (беш аз 50 адиби машҳур) гирд оварда шудаанд ва нуктаи дигар ин ки дар Донишномаи озод (Энсиклопедияи интернетӣ) ба хатти форсӣ наздик ба 220 ҳазор мақола гирд оварда шудааст ва медонед, ба хатти сириллик мо Дар Донишномаи озод чӣ қадар матлаб дорем -- хамагӣ даҳ ҳазор...

Ба андешаам, дигар дар ин маврид ҳоҷат ба дарозо кашидани сухан нест ва ба ҳар тоҷики худогоҳ бояд рӯшан бошад, ки мо ба ҷуз аз бозгашт ба хати ниёконамон -- форсӣ дигар роҳи наҷот надорем. Дигар бархӯрд барои мо фарҷоми бас ногувор дорад ва ба истилоҳ "он роҳ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст".

Ҳама тоҷикони Афғонистон, ки шуморашон беш аз 12 миллион аст ва бародарони эрониамон, ки беш аз 85 миллионанд, низ мехоҳанд, ки мо ҳарчи зудтар ба хатти ниёконамон баргашта, барои пайванди қавӣ ва нерӯманд кардани ҳамдигар ёрӣ расонем.

Насибҷон АМОНӢ,
журналист”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом. Шахсан банда чонибдори гузариш ба хати форси хастам. Аммо бояд аввал барномае кабул намуд масалан дар мактабхо соатхои дарси форсиро зиёд намуд, дар донишгоххо дарсхои форсиро чори намуд. Дар сатхи давлат низ бояд ин масъаларо бо тамоми пахлухош дарк кунанд. Ун як ду нафаре, ки норозиги баён мекунанд ТОЧИКИ АСИЛ нестанд. Хохем(д) ё нахохем(д) мо ба хатти фориси мегузарем. Иншааллоh ман 100% ба ин боварам агар имруз нагузарем фардо хохем гузашт. Масъулин сари ин масъала бетараф набошед. Бо умеди тавфик Шер.
Посух додан
  • Shams

  • 7 октябр 2013 11:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон монед хамин бахсхои бемаъниро чахон гуросзанон
ба Марс бурафсост "Мо хануз адар хами як кучаем". Барномаи таълимии мамолики аврупои барои синф 1 ро бо барномаи таълими мо кунед! Хаттоеа хатмкунандагони мактаб дар хали онхо душвориа мекашбанд. Ана айб дар кучост.
Посух додан
  • sabo

  • 7 октябр 2013 12:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точики "асилро" дар кучо дидед Шери Хуросони?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хати форси' гузаштани Точ,икистон ман фикр мекунам , ки х,атмист! Хуб мешуд. , х,укумати ин кишвар дар ин бора як дастур к,абул кунад , ки дар он "точ,икони Узбакистон" фаромуш нашуда бошанд. Чунки ин амал боиси зудтар аз асли хеш дур шудани ин к,авм , нашавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ман сад дарсад тарафдори ба хати форси гузаштан хастам хануз солхои 1988 1990 ман тарафдори ба хати ниёгон баргаштан будам хато чанд маротиба дар рохпаймои иштирок намуда будам ба фикри ман баъд аз ду сол инкоро анчом додан лозим
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
албатта бояд ба хатти аслии худ баргардем !
Посух додан
  • tojik

  • 8 октябр 2013 00:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
xati forsi shavad xondani kur'on oson meshavad.kase in peshnihodro ba emomali rahmon rasonad bovari doram tez va ba zudi ijozat metiyand.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар ҳукумати мамлакат дар бораи гузаштан ба хати форсӣ байни мардуми Тоҷикистон як ҳамапурсии (референдуми) одилона ва беғаразона, бе дахолати ҳукуматчаҳои маҳаллӣ, баргузор мекард, он вақт медидем, масъала ба фоидаи кӣ ҳал мешуд. Аминам, бештари мардум ба тарафдории ҳуруфоти ҚУРЪОНИ КАРИМ овоз хоҳанд дод, ки ин табиист.
Тарафдорони алифбои ниёгон набояд аз он виҷ-виҷи мухолифин хаста бошанд. Он чанд нафаре, ки бар зидди ин алифбо пак-пак мекунанд, маъмуланд русзабон ҳастанд, бештарашон узбакҳои Душанбеанд, ки фарзандони хешро ба макотиби русӣ додаанд ва дар таҳлукаи аз байн рафтани забони русӣ ( аслан ин рост аст!) дар Тоҷикистон мебошанд. Зеро забони русиро инҷо ҳамин алифбои сириллику пириллик каме нигаҳ медорад. Як қисм виҷ-виҷҳо аз ҷониби "фабрикаи ҷавобҳои" ҳукуматиҳо меоянд. Аслан шахсе, ки худашро тоҷик меномад, ҳеҷ вақт зидди алифбои ниёгон сухан намекунад.
Сатҳи саводнокии мардум вобаста ба душворӣ ё осонии хат нест, балки вобаста ба адолати иҷтимоӣ, иқтисод, фарҳанги миллӣ ва кӯшишу майли донишомӯзии халқ аст. Агар ҳамин тавр намебуд, мамлакати Хитой, ки соҳиби душвортарин хат дар дунё аст (онро хат ҳам гуфта намешавад, аломату ишора ҳастанд), кайҳо ба хати лотинӣ мегузашт! Мардуми хитойро нангу номуси миллӣ, ифтихор ва пос доштани меъроси ниёгон нигаҳ медорад. МУТААССИФОНА ҲАР СЕИ ИН ХИСЛАТ ДАР МО РӮ БА НОБУДӢ НИҲОДААСТ. Бештар аз бегонапарастӣ, кунковӣ, пой задани таърих ва фарҳанги хеш ва, бадтаринаш - мардикорӣ дар Русия лаззат мебарем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ташакур Амони! Аммо дар Афгонистон 16 миллион даризабон асту 14 миллион точик.Бо хати фори 6 миллион халкхои уйгур.точик,брушески сарикули моти,хунзои дар Чин тахсилу кор мекунанд.Дар Индонезия 7 миллион аз хати форси исттифода мебаранд.Моро дустону худихо аз ин решаамон кандани мешаванд.Аммо туркхо ба мисли Шабистари,мухсини Табрези Углуки турку уйгур чон канда хостанд,ки мо ба асл баргардем.Сафир Шабистри барои ин бршат хатто лоихаи мукаммал ба Хукумати Эрон пешниход кард.Каллаи ману чопони як хеле аст.аммо ероглифи ачдодии у ин калларо пухта карду магзи маро гохе сирилику гохе лотини хароб кард.Ин хиёнатро то хадде Устод Айни Бобочон Гафуров Рахим Хошим ривоч доданд.
Посух додан
  • Сабурӣ

  • 8 октябр 2013 18:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Устод Насибҷон Амонӣ беҳтарин пешниҳод ва баргашт ба реша ва асолати миллӣ, мо тоҷикон бояд, ки ҳар чӣ зудтар ба хати ниёгон баргардем ва ин боиси пешрафти фарҳанг ва маънавиёти миллати ҷафокашида мегардад. Баҳона лозим нест ва мо аксарият хатти арабиасосро бо тамоми нозукиҳояш медонем ва дар ҳолати сиёсати миллатдустона омодаем дар кудакистону макотиб ройгон ба атфоламон дарс гуем. Мутаассифона ба ин иқдоми хайр mонеа эҷод мекунанд
Посух додан
  • Насибҷон

  • 8 октябр 2013 21:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ин навишта, ки пас аз хондани матлаби донишманд Луқмон Бойматов зуд чун назари хонанда рӯи коғаз омада буд, арқоми кӯҳна ва нодуруст корбурд шудааст. Бар пояи иттилои тоза ҳоло шумораи матлабҳо ба хати форсӣ дар Донишномаи озод наздик ба 330 ҳазор расида, вале он ба хати сириллик ҳамагӣ 21 ҳазор аст. Аз хонандагон ва нашрияи "Озодагон" барои ин иштибоҳ пӯзиш мехоҳам.
Аз сӯи дигар, чун хонандагон дар назарҳояшон хостори ба паҳлӯҳои дигари ин мавзӯъ рӯшанӣ андохтани мо гардидаанд ва ҳам пурсишҳоеро ба миён гузоштаанд, кӯшиш мекунам, ки як матлаби дигаре навишта то ҷое, ки битвонам пиромуни он мавзӯъҳо андешаҳои хешро баён кунам ва ба пурсишҳои онон посух бидиҳам. Бо арҷ ва изҳори сипос аз хонандагон ва нашрияи "Озодагон" Насибҷон Амонӣ, дабири торнамои "Тоҷикам"
Посух додан
  • amir

  • 9 октябр 2013 10:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба пеш халки точик, ба давраи амириву/бекигари, алифбои араби, чамъияти феодали/гуломдори!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!