Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:11

Меҳмоншоҳ Шарифзода: "Фақат бо гап миллат сохта намешавад"

7 октябр 2013, 10:58

Меҳмоншоҳ ШАРИФЗОДА,
докторанти Донишгоҳи Берген

Имрӯз ба гуфтугӯ ва шиорҳои аз воқеият дур дар бораи забон одат кардаем. Забон на «хишти кохи миллат аст» ва на “шоҳсутуни миллат”, чунон ки имрӯз дар овехтаҳои кӯчаву хиёбонҳо мехонӣ ё тариқи барномаҳои телевизионии Тоҷикистон мешунавӣ, балки ин як фазо ва воқеиятест, ки дар он мо бояд, худ, ҷомеа ва муносибатҳои хешро созем.

Ин ойинаест, ки бояд худ ва воқеияти хешро дуруст бинем, на ин ки аз сухан пардаи пиндор (воқеияти дурӯғин) дар баробари чашми мардум бофем ва гузушта аз ин мардумро аз таҷрибаҳои аслии худӣ – ҳақиқат – қудратсоз, ки дар он инсони мустақилро метавон тарбият кард, дур андозем. Ҳанӯз гуфтаи ҳаким Фирдавсиро, ки “Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ” нафаҳмидаем, ки забон танҳо хондани “Шоҳнома” нест, балки созандагист.

Забон ин сатҳест, ки таҷрибаҳои худӣ - ҳақиқат - қудрат ва фазосозии мардум дар он мегузаранд. Масалан, ваҳдати воқеиро сохтан зарур аст, на танҳо гуфтан, ки чун бунёди ин ваҳдат гузошта шуд, маъниҳо дигар мешаванд ва пас аз он суханҳо ҳам дигар ва самимӣ мешаванд. Ин воқеиятро бояд дарк кард, ки аз гап ҳеҷ гоҳ чизе сохта намешавад, ба хусус миллат. Аз ин рӯ, ҳаёти мардумро, ки забон ойинаи ин ҳаёт ва воқеият ҳаст бунёд кардан даркор. Гуфтугӯҳое, ки дар ҷомеа ҳукумронанд бояд дар матни ҷомеа реша дошта бошанд. Дар ҳар як тамаддун, забоне ва маъниҳое ҳукмрон мешаванд, ки соҳибзабон дар сари қудрат аст. Забони соҳибқудрат асосӣ ва маъниҳои ӯ муайянкунанда мешаванд.

Дар зинаи мақомии забонҳо, дар мақоми поёнӣ будан ин маънии онро дорад, ки дар поёнбудагон дунёи сохта ва бофтаи дигаронро қабул мекунанд, ҳар чанд, ки он ба завқу хоҳишҳои онҳо мувофиқ набошад. Ҳатто қиссаҳои бофтаи болонишинонро дар бораи худ ҳамчун қиссаҳои саҳеҳ мепазиранд. Чунон ки тоҷикон ба ҳуввияти бофтаи донишгоҳҳои шарқшиносӣ, таърих ва мардумшиносии коммунистӣ ва ғайрикоммунистӣ дар бораи худ боварӣ доштанд ва худро ба чашми ғайр мешинохтанд.

Забони Тоҷик дигар қудрат ва асолат надошт ва онҳоро иҷозати дастрасӣ доштан ба рисола ва китобҳое, ки метавонист боз онҳоро ба асл бипайвандад, намедоданд. Тоҷик дирӯз имконияте надошт, ки худ ҳақ, ҳастӣ ва воқеияти худро мустақилона рӯ ба рӯ шавад ва имрӯз ҳам ин шароит ва имкониятро барояш надода истодаанд. Фикр мекунам мавҷуди қудратӣ будани Тоҷик дар дили забони тоҷикӣ нуҳуфтааст, ва ин забон қудрати офаридани маъниҳои нав ва арзишҳои навро дорад.

Халқҳоро мардони асилу содиқи ҷонфидои соҳибтаҷриба ва соҳибзабон, ки меъморони аслии забонанд, ба мақоми қудрат ва пешвоӣ ва фарҳанги воло мерасонанд. Имрӯз дар ҷомеаи мо, забони тоҷикӣ дар зинаи мақомии забонҳо (иерархия), мақоми охиринро ишғол мекунад ва ин ҳолати инқирозии забони тоҷикиро наметавон фақат ба воситаи қонун ва фармон дигар кард, балки дар бораи соҳибзабонҳо мебояд фикр кард, дар бораи меъморони ин забон мебояд фикр кард, ки чӣ гуна шароитро барои беҳтар кардани зиндагии онҳо муҳайё метавон кард.

Забон олат ё абзоре нест, ки мо ҳар гуна хоҳем истифодааш барем, балки ин як сатҳ, ё воқеиятест, ки мо бояд дар он ширкаткунандагони фаъол бошем. Дар ин роҳ пеш аз ҳама дар ин сарзамин бозори меҳнатро ташкил мебояд кард, то мардум имкони амалӣ кардани орзӯ, хаёл, андеша ва тасавуротҳои хешро дошта бошанд. Дигар ин ки системаи маорифро тақвият мебояд бахшид, беҳтарин бунёд барои инкишофи забон аст, то кӯдакон аз хурдӣ фикркунанда ва эҷодкор бошанд. Сеюм, фикр мекунам бештар раванди ба ҳаёт наздиктар кардани дониш ва илмро тезонидан даркор мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам ..файласуф..миллатро сохтаистодаем...на танхо бо сухан..суханро бояд шумо эчод кунед коратон ин аст..дар Точикистон мо кор кардаистодаем...ба шумо фикрхои хуб орзумандам...
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин! Хеле асоснок шарх додаед. Инаст рохи кадрдонии забон.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баъзан ба назар мерасад, ки мо нотавонию ноухдабароии худро тавасути забони модариамон аз дигар миллатхо пинхон мекунем. Гайр аз гуфтани гапхои бехуда, худфиребкунии шерхони дигар хунар надорем. Вокеан, агар хама он чизро, ки телевизиони мо мегуяд ва дар мачлисхои дурударози мо гуфта мешавад, миллатхои дигар мефахмиданд, ба ахволи мо боз хам зиедтар механдиданд. Хушбахтона онхо забони моро намефахманд. Бахусус аксарияти дигар миллатхо медонанд, ки мо аз хама зиедтар карз дорем ва аз хама зиедтар ниезманди садакаю хайрия хастем, аммо парвое надорем танхо гап мезанем. Дар ояндаи наздик аксарияти чавонони мо, ки харчи бештар тарки ватан мекунанд, бо тези забони точикиро хеч набошад кисман фаромуш мекунанд, чунки дар он чойхое, ки онхо кор мекунанд, зарурат ба донистани забони точики намемонад.
Посух додан
  • А

  • 7 октябр 2013 14:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иктисодийот хуб бошад хамаш хуб мешад! аз паси иктисод шудан даркор
Посух додан
  • hisor

  • 7 октябр 2013 14:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
серж..самара,
behtarin javobash dodi serj.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо канд гуфтан дахон ширин намешаваду бо сухан миллат сохта намешавад ва бо се соат дар хар баромад лексия хондан Точикистон обод намешавад.... АЗ ХОБИ ГАРОН ХОБИ ГАРОН ХОБИ ГАРОН ХЕЗ.....
Посух додан
  • ahmad

  • 7 октябр 2013 19:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз сер самара ва кyр кyрона тарафдориаш кардани ҳисори пyрсиданиам ки куҷост он миллатсозии шyмо? Магар 2 миллион муҳоҷири кори доштан ин миллатсозист ки яке онҳо шyмо ҳастед ки дар самар бyрдаи ноне мекобед. Магар фасоди идори ки дар кишвар ба дараҷаи ало расида миллатсозист? магар маҳалгароии давлатмардони мо миллатсозист? магарҳои зиод аст вале барои исони оқил ҳамин қадараш корист
Посух додан
  • OZOD

  • 8 октябр 2013 02:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мутассифона вокеати имрузаи точикистон ин танхо ваъдабози, гапхои хушку холи ва амалхои зиддимардуми.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!