Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:46

Додгоҳ барои "нопадид шудани" Низомхон Ҷӯраев Русияро ҷарима баст

7 октябр 2013, 11:30

Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар аз иддаои Анна Ставитская, вакили мудофеи Низомхон Ҷураев, тоҷир ва собиқ намояндаи мардумии тоҷик ҳимоят карда, давлати Русияро ба пардохти ҷарима маҳкум намуд.

Бар асоси матни қарори Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар, ки дар торнамои ин ниҳод нашр гардид, ин додгоҳ гуфтааст, мақомоти қудратии Русия бо боздошт кардани Ҷураев чанд соли пеш дар Маскав Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи башарро нақз кардааст.

Ин ниҳоди судии Аврупо мегӯяд, Русия бояд, дар давоми се моҳ ба маблағи 30 ҳазор евро ҷуброни маънавӣ ва 12 ҳазор еврои дигар ҳамчун хароҷоти судӣ пардохт кунад: “Агар дар муҳлати муқарраргардида ин товонҳо пардохт нашаванд, Маскавро бо муҷозотҳои дигар интизор хоҳад буд.”

Додгоҳи Аврупо баъд аз омӯхтани қазияи ғайб задани Ҷӯраев дар Русия ва зуҳураш дар Душанбе қарор кардааст, ҳар чанд ҷониби Русияро дар рабуда шудани Ҷураев гунаҳгор намеҳисобад, вале дар мавриди он, ки барои истирдоди тоҷири тоҷик ба Ватанаш монеъ нашудаааст, ин кишварро ба нақзи конвенсия оид ба ҳуқуқи башари Аврупо муттаҳам намуда, мегӯяд, ҳадди ақал бояд Маскав қазияи нопадид шудани Ҷураевро аз Русия тафтиш менамуд. Инчунин Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо мегӯяд, ҳангоми боздошти Ҷураев низ ба мақомоти рус ба вайрон намудани талаботи банди 4-и модаи 5-и конвенсия роҳ додаанд. Зеро тибқи ин банд бояд ба шаҳрвандони боздоштшуда ҳаққи баррасии сареи қонунӣ будани боздошташро дода шавад.

Низомхон Ҷӯраев, ки ӯро дар Тоҷикистон бо чанд иттиҳом, аз ҷумла даст доштан дар куштор, азхудкунии маблағ ва таъсиси гуруҳи ғайриқонунии мусаллаҳ муттаҳам медонанд, 18-уми августи соли 2010 дар яке аз минтақаҳои шаҳри Маскав аз сӯйи пулиси Русия бо дархости ҷониби Душанбе боздошт гардида буд. Додгоҳи олии Русия дар он замон ба қароре омада буд, ки ӯро ба ватанаш истирдод кунад. Вале дар пайи эътирозҳои шадиди ҳуқуқшиносон аз ин қарори худ даст кашид.

Дар ибтидои соли 2012 Ҷураевро аз боздоштгоҳи Зеленогради Русия раҳо намуданд. Вале баъд аз чанд муддати беному нишон гардиданаш нохост дар Тоҷикистон аз худ дарак дод. Ӯ тариқи телевизионҳои давлатии кишвар гуфта буд, ки ба Ватан бо хоҳиши худ омадааст, то ба мақомот таслим шавад. Ба гуфтаи Ҷураев, гӯиё ӯ аз Русия тариқи қаламрави Қазоқистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон омадааст. Вале ба навиштаи расонаҳои хабарӣ Низомхон Ҷураев аз тарафи чанд тан аз ҳамватанони худ рабуда, ба Ватан оварда шудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Суруш

  • 7 октябр 2013 12:34
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Эй мардум ин Низомхонаш боз аврупоихоро гаранг карда гаштас. Охир худи у нагуфта буд, ки бо иродаи худаш хамчун инсони "поку" "бегунох" марзи Руссия, казокистон, киргистон ва Точикистонро убур кардаст". то ба Ватанаш ояд. Агар ин "мардак" худаш озодона омада бошад, пас магар Руссия пеши рохи уро мегирад. Чойи Низомхон бояд назди рафиконаш бошаду аммо ввой.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Суруш,
Ай, фабрикаи ҷавоб,
аврупоиҳоро Н.Ҷӯраев не, балки ҳимоятгари ӯ, хонуми далер, яке аз адвокатҳои машҳури Русия, Анна Ставитская ба по хезондааст. Барои ҳамвора зери по кардани ҳуқуқи башар ва ҳамкорӣ бо низомҳои худкома ба Русия 30 ҳазор евро не, бояд 30 миллион евро ҷарима баста шавад. Инҷо сухан сари еврои ночиз не (30 ҳазорак барои Русия тину танга аст), балки сари қонуншикании давлате меравад, ки худро абарқудрат меномад. Суди Иттиҳоди Аврупо ин бор низ Русияро муттаҳам дониста, ба ҷояш шинондааст.
Сониян, вақте ки дар ватан касеро иттиҳомот ва ҳабс интизор аст, магар ӯ девона шудааст, ки бо ду пойи худ ба доми пулис меояд.

Дар мавриди изҳороти "озодона ва бо иродаи худ ба Тоҷикистон омаданаш"; намедонам, аз усулу шеваҳои таҳқиқоти пулис хабар дорӣ ё на. Гумон мекунам, хабар дорӣ, зеро навиштаҳоят аз "протоколи пурсиш" рӯбардор шудаанд, бо нуқта ва вергулҳояш.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!