Бахшҳо

Як сокини Ваҳдат: “Маро дар хона маҳкам карданд, то додамро президент нашунавад”

Мушаррафа Шарифова, як сокини ноҳияи Ваҳдат, ки чанде пештар мақомот як қисми манзили ӯро тахриб (хароб ё вайрон) карда буданд, мегӯяд, натавонистааст ҳангоми сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияашон ӯро аз наздик бубинад. Оқои Раҳмон рӯзи 3 октябр бо як сафари корӣ ба Ваҳдат рафта, дар он ҷо чанд иншооти навро ифтитоҳ ва дар охир бо мардум сӯҳбат карда буд.

Вале хонум Мушаррафа дар сӯҳбат бо мо гуфт, мақомот ӯро барои он ки дар назди президент аз мушкили худ шкиоят накунад, дар хонаи худаш маҳкам намудаанд: “Маро кормандони ОМОН аз ду дастам гирифта, ба хона бурданду дарро бастанд.”

Ӯ дар идома гуфт, “бовар мекунед, аз моҳи июн аст, ки ба додгоҳ муроҷиат мекунем, мегӯянд намешавад. Ҳамон рӯз баъд аз мулоқоти президент бо мардум маро сар доданд ва рӯзи дигараш ба додситонӣ шикоят бурдам, гуфтанд, мо мебинем, лекин то ҳол ҳеч кор накардаанд.”

Мушаррафа Шарифова мегӯяд, дар баробари ӯ боз чанд нафари дигаре низ буданд, ки ба президент гуфтаниҳое доштанд, аммо муваффақ нашуданд. Мақомоти ноҳияи Ваҳдат бегоҳи 29-уми майи соли ҷорӣ қисме аз манзили сокини кӯчаи “20-солагии истиқлолият” (Туғдона) -- Мушаррафа Шарифоваро чаппагардон карда буданд.

Баъд аз шикояти Шарифова дар пайи тахриби хонааш Эраҷ Зоиров, сармеъмори шаҳри Ваҳдат зимни суҳбат ба мо гуфта буд, манзили истиқоматии Шарифова вайрон нашуда, балки ошхонаи ӯ, ки дар назди ҳавлияш худсарона сохта шуда будааст, вайрон гардидааст. Ба қавли Эраҷ Зоиров, дар маҷмӯъ тибқи нақшаи генералии шаҳр манзили Шарифова ва ҳамсояааш Табарова пурра чаппа карда мешаванд ва дар ҷойи онҳо хонаҳои баландошёна сохта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми суҳбат бо фаъолони Ваҳдат мақомотро муваззаф кард, то сокинонро қабул ва ба арзи онҳо гӯш диҳанд. “Роҳбарони ҳукумат дар маҳалҳоро зарур аст, ба қабули шаҳрвандон ва баррасии масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии сокинон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд. Зеро таҳлили арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба Дастгоҳи иҷроияи президент нишон медиҳад, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз аҳолии шаҳри Ваҳдат 240 аризаву муроҷиат ворид гардидааст, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 160 арзу шикоятро ташкил дода буд”,-таъкид кард оқои Раҳмон.


Дар акс: Мушаррафа Шарифова
Мӯҳр
lak
ана хамин гуна ходисахоро, ки хазорхоянд, дида, тахлил карда, ана баъд ба интихобот рафта овоз додан даркор аст. шояд ягон номзаде ба ин беадолатихо хотима бахшида тавонад? Оре!

xonahoi kuhnavu betartib ki dar markazi shahru nohiyaho ast boyad chapa kunand.lekin boyad puli xonashona tiyand.

Агар ба президент хам шикоят мекард ягон чораву фоидае намекард....
вайхо намебинанд ва намешунаванд, аагар медиданду мешунавиданд холо Точикистон обод буду зиёда аз ду миллиону сесад хазор талбанда надоштем....

шояд ман барин чавонон сохиби кор мешудем бо ин дипломи додаи давлат ки дар худаш кор намеояд мегардем тага кофта чунки чойи кор нест дар мо шимолихо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)