Бахшҳо
07 окт 2013 16:59Тоҷикистон / Сиёсат

Э.Раҳмон аз 30 созишнома гуфт, С.Наришкин - аз интихобот

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи ҳафтуми октябр ҳамроҳ бо Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия, ҳамкориҳои миёни Душанбеву Маскавро ба баррасӣ гирифтанд.

Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, оқои Раҳмон сӯҳбатро бо ёдоварӣ аз ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Русия оғоз карда, афзудааст, “мо ҳазорон пайвандҳо дорем”.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, миёни Тоҷикистону Русия айни ҳол қариб 240 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ баста шудаанд ва 30 санади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Ба иттилои Шарифзода, раисиҷумҳури Тоҷикистон махсусан санадҳои ба тозагӣ тасвибшуда - дар бораи тамдиди муддати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистонро ба нафъи ҳарду кишвар хондааст.

Эмомалӣ Раҳмон барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия, аз ҷумла фаъолияти бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва ба кор даровардани дигар омилҳои муассирро зарур хондааст.

Ба иттилои Абдуфаттоҳ Шарифзода, Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Наришкин бо зикри робитаҳои мустақими минтақаҳои Тоҷикистон бо зиёда аз 80 субъекти минтақавии Русия инчунин ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф ва фарҳанг низ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.

Сергей Наришкин баъд аз анҷоми сӯҳбаташ бо Эмомалӣ Раҳмон ба чанд суоли хабарнигорон ҳам посух додааст. Аз ҷумла, ӯ дар бораи интихоботи президентии рӯзи шашуми ноябри Тоҷикистон гуфтааст, Русия ба ҳеч ваҷҳ ба ҷараёни ин интихобот дахолат нахоҳад кард.

Ин дар ҳолест, ки қаблан баъзе аз соҳибназарон тасвиби қарордоди Душанбеву Маскав дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-и Русияро талоши Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти пуштибонии Крмелин дар интихоботи президентӣ медонистанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, ин тарҳи ин қарордод тақрибан як сол боз рӯи мизи кории мақомдорони тоҷик мехобид.
Мӯҳр
диловар
30 санади дига, яьне путинчон дар кади пастут садка илтимос хами точикора разрешенияшона 3 сол кн ма ором бгардм, охи и мардум мачбурм кестан, ма намедонистм ки инхо хам бедор мешидай

Читавр дахолат намекyнед алакай кардед ҳамин тасвиби пойгоҳатон дар натиҷаи фишор болои Раҳмон ва тимаш шyд ва шyмо шарт гозоштед ки агар пойгоҳ бидyни кадом шарте ба тасвиб расад дар интихобот аз президенти Имомали Раҳмон дастгири мекyнед. Инро шyмо Русҳо зоҳиран ҳам ки нагуфта бошед ҳатто як тифли синфи як медонад. Равед аз мулкамон бе шyмо мо метавонем марзy бyмамонро аз ҳамон террористон омодакардаатон дифо намоем. Аср 21 астy шyмо ба зулме ки нисбати халқи Тоҷик карда истодед ҷавоб хоҳед дод. Воқеан дуст мебyдед муҳоҷирони Тоҷики моро инқадар азобy шиканҷа ва паст намезадед.Ҳар ҷо дасти шyмо бошад ҳатман онҷо каромати инсони поймол астy дастy зурy зургyи ва зyлмy ситам пойдор.

Хуррам
Чаноби Оли бо хости Худованди чону хирад бе пуштибонии Кремл низ аз дохил пуштибони меёбад. Ёд меоранд Нушервони одилро хама, Халкпарвар подшохро дуст медорад Худо.

Будани бузургтарин пойгоҳи низомии рус дар Тоҷикистон на танҳо таҳдид ба бехатарии ин кишвар, балки ба тамоми Осиёи Миёна аст. Ин ниру аз тамоми артиши Тоҷикистон қавитар аст. Давлат ва миллате, ки эҳтиром ба худ дорад, ба ин пойгоҳ ҳаргиз розигӣ намедод. Фикр мекунед он сарбоз ва афсарон дар қисми ҳарбияшон ором менишинанд? Ҳаргиз на! Чанд рӯз боз банда мушоҳида мекунам. Дар марказ ва гирду атрофи "Садбарг" мардҳои руси девҷусса ду-се нафари сайру гашт мекунанд, ки то тасвиби он созишномаи нангин аз ҷониби порлумон дида намешуданд. Инҳо ба сарбоз ва афсарони муқаррарӣ монанд нестанд, балки мансуб ба нируҳои махсуси "спесназ" монанданд. Бист нафари ин девҳои машқдида дар як соат дастгоҳи президентро титу пит карда, одами худро (лухтакро) мешинонанд. Мисле, ки соли 1978 шоҳи Афғонистонро сарнагун карда буданд. Наъси русҳо аст, ки 35 сол боз он давлат оромиро ёд надорад! Ва ҳоло бештар худи русҳо моро аз паёмади нооромиҳои Кобул ҳамвора метарсонад. Бадбахтона порлумони кисагӣ ин тарафи масъаларо нодида гирфтааст.
Ягона умед бар он аст, ки рӯзе раиси ҷумҳур ва порлумони воқеан миллӣ ва ватандусти бо нангу номус меояду ин созишномаи таҳмилгаштаро лағв (бекор) карда ба ҳоҷатхона меандозад. Ин 7 сола набошад, ҳафт солаи оянда ҳатман ин кор сурат мегирад. Иншаллоҳ! (Ба шарте Маскав боз ба як ҷанги нави шаҳрвандӣ оташ назанад.)

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)