Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 20:39

Абдуҳалим Ғаффоров: “Ман ин муллоҳоро хуб медонам...” (ВИДЕО)

7 октябр 2013, 17:18

Мусоҳибаи Ҳумайрои Бахтиёр, хабарнигори “Озодагон”, бо Абдуҳалим Ғаффоров -- раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) ва номзад ба мақоми президентӣ.

Озодагон: Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) замони ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳоро то 10 октябр дароз кард. Назари Шумо чист? Оё худатон аз ӯҳдаи ҷамъоварии имзои зарурӣ (210 ҳазор) баромадед?

Ғаффоров: “Гурӯҳи ташаббускори мо, ки иборат аз 600 ҷавонанд, ба хубӣ аз ӯҳдаи иҷрои ҷамъоварии имзо мебароянд. Масъалаи тамдиди замони ҷамъоварии имзоҳо масъалаи бисёр нозук аст. Бар асоси қонуни интихоботи президентӣ ҳар як номзад бояд давоми 20 рӯз имзо ҷамъ кунаду маъракаи таблиғотии ӯ на бештар аз 30 рӯз бошад. Дар умум, 50 рӯз барои ҳар як номзад ҷудо шудааст. Агар муҳлати ҷамъоварии имзо дароз шавад, табиист, ки мӯҳлати тарғибу ташвиқи номзад ҳам бояд тамдид шавад. Барои ман тамдиди мӯҳлати ҷамъоварии имзо ҳеч мушкил надорад. Бигзор тамдид шавад, то номзадҳои бештар вориди майдон гарданд. Номзадҳои бештар ин имкони баргузории интихоботи шаффоф ва демократӣ аст.”



“ҲИЗБИ ЗОИРОВ ҲИЗБ НЕСТ”

Озодагон: Ҳизби Шумо бо вуҷуди нокомиҳо пайваста дар интихоботҳои президентӣ ва парлумонӣ иштирок мекунад. Рӯҳафтода намешавед?

Ғаффоров: “Сабаби боз вориди майдон шудани ман, ин ҳамин мавқеи ҳизб аст. Он ҳизби сиёсие, ки дар интихобот ширкат намекунад, ҳизб нест. Барои мисол, Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ба раҳбарии Раҳматилло Зоиров) дар ягон интихобот иштирок намекунад. Ин хел ҳизби сиёсӣ ҳизб буда наметавонад.”

Озодагон: Пас, Шумо ҲСДТ-ро ба унвони як ҳизби мухолиф эътироф намекунед?

Ғаффоров: “Бори дигар мегӯям, он ҳизбе, ки дар интихобот иштирок намекунад, ҳизб нест. Он чӣ гуна ҳизб аст, ки ҳеч ҷоеро ба даст намеорад?!”

Озодагон: Вале ҳизби Шумо ҳам дар интихоботи соли 2006 (президентӣ) ва 2010 (парлумонӣ) муваффақ нагардид ва ҷое ҳам нагирифт...

Ғаффоров: “Дуруст, мо ҳеч ҷойро нагирифтем. Аммо иштирок дар интихобот барои як ҳизби сиёсӣ ҳатмӣ аст. Агар як ҳизби сиёсӣ дар интихоботи парлумонӣ ва президентӣ ширкат накунад, он ҳизб оҳиста-оҳиста аз байн меравад, мемирад. Бо он ки мо дар интихоботи гузашта пирӯз нагардидем, мавқеи мо аз даст намеравад. Дар асл ҳадафи ҳар як ҳизби сиёсӣ ин ба даст овардани ҳокимият аст. Ҳизби сиёсӣ ҳам барои он аст, ки бояд дар рақобатҳои сиёсӣ ширкат дошта бошад.”

“МАН ФОЛБИН НЕСТАМ”

Озодагон: Ин дафъа бовар доред, ки... соҳиби ҳукумат мешавед?

Ғаффоров: “Ман фолбин нестам. Лекин кӯшиш мекунем, ки дар интихоботи қарибулвуқӯъ ҷиддитар кор кунем.”

Озодагон: Бо чӣ барнома ба номзадҳои худ муроҷиат хоҳед кард?

Ғаффоров: “Дурнамои ҳизби мо ин беҳтар кардани шароити иҷтимоӣ аст. Ҳадаф аз он иборат аст, ки истифода аз боигарӣ ва захираҳои Тоҷикистон барои мардум баробар бошад. Захираҳои кишвар бояд баробар тақсим карда шаванд. Барои мисол, фабрикаи нассоҷии Тоҷикистон. Солҳои Шӯравӣ дар он ҳазорҳо сокини кишвар кор мекард. Ин корхонаро хусусӣ карданд ва имрӯзҳо он дар ҳолати бад қарор дорад. Ман гуфтаниям, хусусигардоние, ки бар зарари давлат буд, бояд ба ҳолати пешина баргардонида шавад. Иншооте, ки аз тарафи шаҳрвандон хусусӣ карда шуда, дар сурати фаъолияти нокомил бар зарари ҷомеа аст, бояд дубора ба тавозуни давлат гузаронда шавад ва ё ба шахсони дилсӯзи кишвар дода шавад.”

“МАНСАБДОРОНРО БОЯД САБУКДӮШ КАРД”

Озодагон: Шахсони дилсӯзи кишвар, аз нигоҳи Шумо, киҳоянд ва аз рӯи кадом меъёр?

Ғаффоров: “Ин ҳамон соҳибкоронеанд, ки метавонанд корхонаҳоро дар шароити беҳтар нигоҳ доранд. Дуруст аст, ки аксари сармояи соҳибкорони мо дар хориҷа нигоҳ дошта мешавад. Нахуст, бояд ин сармояҳоро ба Тоҷикистон баргардонд. Бояд чунин дастуре ироа гардад, ки агар соҳибкор ва ё мансабдоре, ки хоҳиши баргардонидани сармояашро надошта бошад, бояд аз вазифа сабукдӯш гардад. Мо ҳам дар пайи иҷрои ин дастур хоҳем буд.”

Озодагон: Ба ин монанд дархостро раисҷумҳури кунунии кишвар карда буд, вале зоҳиран он амалӣ нагардид...

Ғаффоров: “Дуруст, аммо мо онро амалӣ мекунем. Мо чунин мансабдоронро аз вазифа сабукдӯш мекунем, ҳамон тавре ки Сталин карда буд. Таърих собит сохтааст, ки курсӣ ширинтар аз сармоя ҳаст. Мо ҳам вазифагузорӣ мекунем, ё сармояро баргардонанд, ё курсиро аз даст медиҳанд.”

“РОҒУН” – МУШКИЛИ ҶИДДӢ

Озодагон: Шумо аз сиёсати кадрии кишвар розӣ ҳастед?

Ғаффоров: “Тибқи сиёсати кадрӣ бояд ҷавонони болаёқат аз тамоми гӯшаи кишвар бошанд. Чунки онҳо ҷаҳонбинии хубтар доранд. Барои мисол, чанд ректорҳои донишгоҳҳо иваз шуд. Раҳбарони баъзе аз вазоратҳо аз кор гирифта шуданд. Камбудӣ танҳо ҳамин буд, ки баъзе аз мансабдорон аз як ниҳоди давлатӣ ба дигар мақом гузаштанд. Ҷомеа ҳамин гуна маҷбур мекунад. Дар умум мо наметавонем бигуем, ки сиёсати кадрии кишвар муваффақ набуд. Мо дар ин маврид бояд аз дастовардҳои Тоҷикистон фаромӯш накунем.”

Озодагон: Кадом дастовардҳоро дар назар доред?

Ғаффоров: Дигаргунӣ гуфта ман қабл аз ҳама баромадан аз бунбасти коммуникатсионии кишварро мегӯям. Кай мо дар фасли зимистон имкон доштем, то давоми 4 соат аз ин гӯшаи Тоҷикистон ба минтақаи дигар биравем? Он 4 нақбе, ки ҳукумати Тоҷикистон бунёд кард, давоми 70 соли ҳукумати Шӯравӣ насохта буд. Ин ҳам дастовард ҳаст. Бунёди бинои ҳазору 500 мактаб низ аз ҷумлаи дастоварди даврони истиқлоли кишвар мебошад. Мушкили ҷиддии Тоҷикистон ин бунёди нерӯгоҳи Роғун мебошад.”

“МО ЯГОН РӮЗ СИЁСАТРО БА ДАСТ МЕГИРЕМ”

Озодагон: Вақте як ҳизб пай дар пай номзадии як шахсро пешниҳод мекунад, ин аз чӣ далолат медиҳад? Вақте ҳизби сотсиалистӣ номзадии Шуморо дигарбора пешниҳод кард, тасмими бозпас гирифтани номзадиатонро надоштед, ё каси дигаре набуд?

Ғаффоров: “Инро на ман ҳал мекунам, на Шумо. Ҳизб пешниҳод мекунад ва мардум онро қабул мекунад. Номзадии маро анҷуман пешниҳод ва эътироф кард, ки ман сазовори ҳамин ҳастам.”

Озодагон: Феълан 7 номзади эҳтимолӣ ба мақоми раёсати ҷумҳур ҳаст, ки чанд нафари онҳо бори нахуст дар интихоботи президентӣ ширкат доранд. Миёни онҳо киро рақиби худ мебинед?

Ғаффоров: “Миёни онҳо ман рақиби худро намебинам. Чунки ман таҷриба дорам, беҳтар ҳастам. Онҳое, ки вориди майдон шуданд, бар муқобили ман нестанд. Шахсони нав воридшударо ман рақиби худ намедонам. Барои он ки онҳо ҳанӯз ба он таҷрибае, ки мо дорем, нарасидаанд. Таҷрибаи мо ҳам дар он аст, ки мавқеи худро дарк кардаем, мо дар он ҷойе мубориза мебарем, ки ба мо овоз диҳанд.”

Озодагон: Дар мавриди номзадҳо “таҷрибадор” чӣ гуфтаниед?

Ғаффоров: “Бале, ман онҳоро рақиб мешуморам. Бештар Эмомалӣ Раҳмонро. Чун имконияти тарғибу ташвиқи бештар дорад. Марде барои сиёсат талош намекунад, вай мард нест. Мо талош мекунем ва боварӣ дорем, ки як рӯз не як рӯз сиёсатро ба даст мегирем. Ман бартарии худро дар барномаи беҳтарин, дар нутқам, гуфторам ва рафторам мебинам.”

“БАРТАРИИ МАН АЗ РАҲМОН?”

Озодагон: Мегӯед, ки барномаи Шумо беҳтарин аст. Пас, бартарии худро аз Эмомалӣ Раҳмон дар чӣ мебинед?

Ғаффоров: “Бо чунин мардони бузург вориди майдон шудан, рақиб будан, бузургӣ аст. Ман ҳам худамро бо ин бузург мебинам. Вақте ба майдон мебароед, дар қиболи чунин марди бузург рақобат мекунед, худаш алакай нишони бузургӣ ҳаст.”

Озодагон: Баъзе аз баҳсҳое ҳам ҳастанд, ки дар пешбарии номзадии Шумо аз тарафи ҳукумат кумак мешавад...

Ғаффоров: “Агар номзадии ман аз тарафи ҳукумат мешуд, мо анҷуман ташкил намекардем. Агар номзадии мо аз тарафи ҳукумат мебуд, гуруҳҳои ташаббускори мо ба ҷамъовари имзо машғул намешуданд. Мо гуруҳҳоро тақсим кардем. Ба вилояту ноҳияҳо бо дарназардошти аҳолӣ ташаббускоррони худро гузоштем. Ҳукумат барои чӣ ба ман имзо ҷамъ мекардааст? Ин ҳама гапҳои кӯча ҳаст. Мақсади ман он аст, ки дар интихобот ғалаба кунам. Дафъаи гузашта, дар соли 2006 гӯиё ман дар натиҷаи интихобот ҳамон овози бештар аз 3 дарсадро ба Эмомалӣ Раҳмон додаам. Ин овозаҳо аз тарафи кӣ паҳн мешаванд, медонам.”

Озодагон: Кӣ паҳн мекунад?

Ғаффоров: “Инро ҳамон Раҳматилло Зоиров ва Мирҳусейн Назриев мекунанд, дигар кӣ мешуд?”

Озодагон: Онҳо аз чунин овоза чӣ манфиат мебинанд?

Ғаффоров: “Барои он ки дар вақташ ман Зоировро 2-3 бор ба додгоҳ кашида будам. Барои ҳамон аз Назриев пуштибонӣ карданаш. Ман гуфтам, ки агар Назриев писанд бошад, ба ҳизби худаш бигирад. Дар соли 2006 онҳо дар вилояти Суғд варақа паҳн карданд, ки мардум ба ҷонибдории ман овоз надиҳанд. Ман бовар дорам, ин сол ҳам ба он корашон машғул ҳастанд.”

“МАН ИН МУЛЛОҲОРО МЕДОНАМ...”

Озодагон: Дар бораи Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ҳам номзадии ӯро пешбарӣ кардааст, чӣ назар доред? Оё шонси ӯ чӣ гуна аст?

Ғаффоров: “Мардум ин дафъа аз ҲНИТ ҷонибдорӣ накард. Худатон дидед, ки ҷонибдорӣ намекунанд. Барои чӣ? Барои он ки он филмҳои намоишдода таъсири худро ба мардум расонд. Албатта, ман зидди пахши чунин филмномаҳо ҳастам...”

Озодагон: Вале ҲНИТ мегӯяд, ин як барномаи тарҳрезӣ шуда ҳаст...

Ғаффоров: “Ман ин муллоҳоро хуб мешиносам. Наход динро тиҷорат кунанд, наход як тӯмор 50 сомонӣ арзиш дошта бошад.”

Озодагон: Яъне ба таҳлили Шумо бо пахши ин филмномаҳо нуфузи ҲНИТ миёни мардум поён рафт?

Ғаффоров: “Хеле поён рафт. Шумо бо касе суҳбат кунед, мегӯяд, ки намедонист муллоҳо чунинанд. Шумо чӣ, соли 1991-ро фаромӯш кардед? Вақте ҳамин муллоҳо мардумро марҷбур карданд, то говро фурӯхта, “Калашников” бигиранд...”

Озодагон: Шумо ҳамчун шаҳрванди Тоҷикистон ба кӣ овоз медиҳед?

Ғаффоров: “Овози худамаро ба худам медиҳам. Ба каси дигар намедиҳам.”


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Овозатонро ба худат дех, ака ба ягон кас нате!худат насиб бошад 0,5%овоз кати курсия мегири ака!
Посух додан
  • диловар

  • 7 октябр 2013 17:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аспи този мачрух шуда ба зери полон., тавки заррин хама дар гардани хар мебинам!!чунинхоро забонашон дароз аст, шумо да хаетатон чо намегирен чунки косалесонеду 4 аьзо надоред, ман хайронам шарм надошта бо да рузнома гап мезанаэ,
Посух додан
  • Гариб

  • 7 октябр 2013 17:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ягон одам дар ин дунё абади боки намондааст, ки шумо боки монед, Рузе шумохам дар назди Парвардигор ру бо ру мешавед, дар он вакт азоби сахте шуморо ва хамон муллохое , ки шумо мегуед азоб сахт интизор аст! Вой бар холи Шумо! Худованди мехрубони Исломро нигахдор Омин!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ана ин жереновски точика бенан
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 7 октябр 2013 18:23
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ошно, фоизи овозхое, ки дар интихобот мегири алакай маълум аст,худат медони! Ин кадар ман-мани накун! Ту бо ин суханонат харгиз арзанда нести ба президенти!! Хеч бузург нести! Президент намешави! Такдират кайхо маълум шудааст! КМИР рав хамаашро мегуянд ба ту! Баъди интихобот саломат мегуям, бо 0,0000000000000000001 фоизи гирифтаат!!! 0,5%-и саводи Зойировро надори! Боз "дастовард"-гуяк будаст ин хам.

"Озодагон" Ташаккур мегуям ки бо хамааш сухбат орости! Бобоев монда буд ки уро аз сомонаи BBC хондам. Аммо намедонам бо у хам сухбат мекунед ё не. Бобоев мегуяд ки максади ман иштирок дар интихобот президен шудан нест. Ачиб-ку.
Посух додан
  • донишчу

  • 7 октябр 2013 18:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мегум ки ба хами гафоров янга кати гудакош овоз медода бошанд?Худо медона.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рафик Гаффоров ХНИТ-ро дар ТВ-хо бадном кардан,ки дар интихобот шикаст хурад.
Посух додан
  • ahmad

  • 7 октябр 2013 18:58
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҳамон муллоҳое ки туморро 50 сомони мефурyшад тарафдори шyмо ва шyмобаринҳо ҳастанд. Чигyнае ки шyмо лаганбардор ҳастед онҳо ҳам мисли шyмо ва дар бари шyмо ҳастанд. Мyллоҳои ҳизби Наҳзат агар камбyдие дошта бошанд вале аз шyмо ва шyмобаринҳо садҳо мартаба миллатдуст ҳастанд. Гови бешир овозеш баланд
Посух додан
  • А

  • 7 октябр 2013 19:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хато ва боз хам хато ва боз хам хато ин гаффоров!
Посух додан
  • Макомдор

  • 7 октябр 2013 19:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед ба ин занаш як тараф истад, хатто худаш аз тарси Рахмон овоз намедихад!Сиёсата ба майдони масхарабози табдил додаи,
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охир хамааш малумай лагандбардор буданш, ман хайронамки шарм надошта руй рост дуруг мегуянд. Охир аз гапхоят малум ки лаганбардори, ними кабирию зоировро савод надорию гапмезани, лекин нагуфт ки бартарияшро дар чи мебинад. Ташакури зийод апаи Хумайро Худованд дар панохаш нигох дорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Расули акрам(с.с) мефармояд ки хар кучое ки мадохонро дидед санг бизанед
Посух додан
  • Х-6

  • 7 октябр 2013 19:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бо хар чонибдори Э.Рахмон вориди бахс шуда, аз хаёти шури мардум шикоят намои, дархол мегуяд: "Шумо чӣ, соли 1991-ро фаромӯш кардед?" Маълум, ки акаи Гаффоров хам аскари чаноб аст.
Посух додан
  • мирзо

  • 7 октябр 2013 19:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
вой бар холи тубарин сиёсатмадор
Посух додан
  • Зикир

  • 7 октябр 2013 20:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисьер сухбати хандаовар. Утоки ин "номзад" пури сурати президент Рахмон аст :)
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!