Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:37

Имзоҷамъкунии Кабирӣ ба тарафдории Бобоназарова

8 октябр 2013, 09:15

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, шахсан ба ҷамъоварии имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова пардохтааст, ки аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ ба мақоми президентӣ пешниҳод шудааст.

Кабирӣ ин хабарро дар суҳбат бо “Озодагон” таъйид намуда, афзуд, ки имрӯз, 8-уми октябр низ дар Душанбе ба ҷамъоварии имзо ба тарафдории Бобоназарова машғул хоҳад шуд. Аз Ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ки то ҳол ба тарафдории номзадашон 185 ҳазору 800 имзо ҷамъ кардаанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон муҳлати ҷамъоварии имзоҳоро аз 7-уми октябр то соати 18:00-и 10-уми октябр тамдид кард. Айни ҳол барои иштирок дар интихоботи президентӣ ҳафт нафар номзад шудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва раҳбари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, яке аз онҳост. Аз анҷоми маъракаи имзоҷамъкунӣ ба тарафдории номзадҳояшон то ҳол танҳо Ҳизби аграрӣ ва Ҳизби халқӣ-демократӣ хабар додаанд.

Имзоҷамъкунии Кабирӣ ба тарафдории Бобоназарова


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чаноби Икс

  • 8 октябр 2013 09:42
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иншоооллох то вакти нишондод чамъовари менамоед! Муваффакият хохонам ба ИНИТ!
Посух додан
  • Салим

  • 8 октябр 2013 10:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бовар кардем . уже маслихатхо пухтаги . имзо чамъоварда хохад шуд.
Посух додан
  • aли

  • 8 октябр 2013 10:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
иншaaлло мувaффaк хохeм шуд
Посух додан
  • Бахт

  • 8 октябр 2013 11:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иншоаллох пирузи насиби инит хохад шуд бо кумаку мадади Аллохи мехрубон. Хушо ба холи Кабири!
Посух додан
  • ahmadjon

  • 8 октябр 2013 21:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Janobi kabiri xudaton arzanda ba in nomzadi hasted

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!