Бахшҳо

Назар: Аз наздик омадани зимистон наметарсед?

“Озодагон” ин ҳафта аз чанд нафар пурсид, ки оё аз наздик шудани фасли сармо ё зимистон наметарсанд. Чаро ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳангоми сӯҳбаташ бо сокинони шаҳри Ваҳдат гуфт, моҳи октябр зоҳиран гарм омада, аз моҳи нобяр то феврал ҳавои сард хоҳад шуд. Ва бо изҳори ин, аз сокинон хост, барои зимистон омодагии хуб бубинанд. Инак, посухи мусоҳибони мо.


Бобоҷон ҚАЮМОВ, як масъули ҲНИТ:
"Наздикшавии сармо имрӯзҳо маъмулан ҳамаи мардуми моро ба ташвиш меорад, аз ҷумла худи маро низ. Ман бо наздик шудани фасли сармо чанд ташвиш дорам. Яке нигаронӣ аз реҷаи барқ аст. Яъне, имсол реҷаи барқ чигуна мешуда бошад, зеро ман дар ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ мекунам ва бояд "шукронаи ин неъматро" ҳам ба ҷо орам. Аз тарафи дигар бо зиёд шудани теъдоди аҳолӣ ва тақсимоти зиёди барқ дар атрофи Душанбе маъмулан дар зимистон чандин бор трансформаторҳо вайрон мешаванду мо бояд аз паси таъмири онҳо бошем. Ба фикри таъмини хонаи падару модарам дар деҳа бо ҳезуму ангишт ҳастам, то онҳо дар сармои зимистон азият накашанд. Нигарони мактаби фарзандонам ҳам ҳастам, ки боз бебарқ намонаду писаронам аз сармо наларзанд ва аз дарси муҳими информатика ҳам маҳрум нагарданд. Ҳамчунин, дуо мекунам зимистони имсол аз ҳад зиёд сард нашаваду дароз давом накунад, то мардуми мо бо камбуди ҳезуму, дигар васоил рӯбарӯ нашаванд.

Фирӯз САИДОВ, як масъули Маркази тадқиқоти стратегӣ:
"Наздикшавии фасли сармо ҳамаро ба ташвиш меорад, ки чӣ хел барои гузаронидани он омода ҳастем. Солҳои охир мушкилоти нерӯи барқ дар шаҳрҳо то андозае бартараф шуда истодааст. Ин мушкил аслан ҳалшаванда аст, вале маблағи зиёдро талаб мекунанд. Барои бартараф кардани мушкилот дар фасли сармо ба далели камбуди барқ мо бояд гази табииро аз кишвари ҳамсоя ворид кунем. Аммо тавре маълум аст, давоми чанд соли охир Узбакистон ба мо камтар газ медиҳад. Ҳукумат ҳоло барои ин масъала чораҳои қатъӣ меандешад. Агар ҳамин маркази гармидиҳӣ, ки дар назар аст дар шаҳрҳо дубора комилан барқарор шавад, мавриди истифода қарор бигирад, мушкилот сабук мешавад. Аслан мушкилоти Тоҷикистон дар фасли сармо ба барқ рабт дорад. Аз ин хотир бояд неругоҳҳои хурдро ба истифода бидиҳем."

Муҳайё НОЗИМОВА, хабарнигор:
"Ростӣ, чандон ба ташвиш намеорад. Танҳо ҳамин мушкили нақлиёт маро хавотир мекунад. Дар мавриди барқ. Мо, ки дар Душанбе ба сар мебарем, соли гузашта чандон мушкил надоштем. Умедворам, соли ҷорӣ низ дар фасли сармо чунин мушкил пеш нахоҳад омад. Ба фикри ман барои ҳамин бартараф кардани мушкили нақлиёт як роҳ вуҷуд дорад-ин ҳам як субҳ тавассути нақлиёти ҷамъиятӣ ба кор рафтани вазири нақлиёт."
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)