Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 01:03

Вазири маориф ба президент дуруғ гуфтааст?

8 октябр 2013, 12:04

Вазири маорифи Туркманистон моҳи август президент-Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадовро итминон дод, ки мактабҳои кишвар комилан ба соли нави хониш омодаанд. Аммо бештари макотиби миёнаи Ашхобод аз нарасидани адабиёти дарсӣ танқисӣ мекашанд. Махсусан хонандаҳои синфҳои 2 то 7 бештар ба ин мушкил мувоҷеҳанд, -менависад торнамои “Хроника Туркменистана”.

Ба иттилои манбаъ, дар мактаби № 55-и пойтахти кишвар китобҳои дарсии таърихшиносӣ, забони туркманӣ, забони русӣ, асосҳои зиндагӣ намерасад: “дар бештари маврид танҳо ними хонандаҳо ба ин китобҳо таъминанду халос”.

Дар мағозаҳо низ китобҳои дарсӣ камёфтанд. Муаллимон ба волидони мактаббачаҳо мегӯянд, ба чопхонаҳо рафта аз ҳисоби худ ин китобҳоро нашр кунанд.

“Падару модарони хонандаҳои мактабро сарфи иловагии маблағ дигар ҳайрон намекунад. Онҳо ҳар моҳ 6 манат, муодили 2 доллар барои синфхонаҳо ва 5 манат барои оби ошомиданӣ пардохт мекунанд. Ба ҷуз ин ҳамасола аз волидон 50-65 манат ($18-$23) барои либоси варзишӣ ситонида мешавад, зеро масъулини вазорати маориф пайваста талабот ба ранги либосҳоро тағир медиҳанд. Ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактаб ва харидории туҳфа барои муаллимон як амри маъмулӣ аст”,-менависад “Хроника Туркменистана”.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!