Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 18:34

Олимони Гумболд луғати олмонӣ-тоҷикиро омода карданд

29 июл 2011, 05:18

Дар сафоратхонаи ҷумҳурии Тоҷикистон дар Берлин бахшида ба 20-мин солгарди истиқлолияти давлатӣ ҳамойиши вижа доир гардид.


Тавре ба хбаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии вазорати умури хориҷа иттилоъ доданд, дар ин нишаст намояндагони дастгоҳи Канслери федералӣ, вазорати федералии корҳои хориҷӣ, доираҳои сиёсиву ҷамъиятӣ, ҳайати дипломатӣ ва васоити ахбори оммаи ҷумҳурии федеративии Олмон, инчуни донишҷӯёни тоҷикистонию олмонӣ, аъзоёни ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Олмон, намояндагони диаспораҳои тоҷик, афғон ва эронии муқими ин кишвар ширкат варзиданд.Ҷамъомадро сафири Тоҷикистон дар Олмон Имомуддин Сатторов ифтитоҳ намуда, зимни суханронии худ ба ҳозирин дар бораи рушди сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар дар давраи истиқлолият маълумоти муфассал дод. Ў таваҷҷӯҳи меҳмононро махсусан ба лоиҳаҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ ҷалб намуда, таъкид намуд, ки татбиқи онҳо барои таъмин намудани рушди устувори на танҳо кишвари мо, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти бузург дорад. Дар иртибот ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон қайд карда шуд, ки ҷумҳурии федеролии Олмон яке аз аввалин давлатҳое буд, ки истиқлолияти кишвари моро ба расмият шинохт ва барои рушд ва ташаккули он ҳиссаи муайяни худро гузошт. «Айни ҳол байни ду давлат муколамаи созанда ба роҳ монда шудааст, ки он рушди рӯзафзуни муносибатҳои дуҷонибаро бомуваффақият таъмин месозад» - таъкид намуд сафир дар баромади худ.

Манбаъ афзуд, иштирокчиён инчунин бо шавқи том бо ташаббусҳои минтақавӣ ва байналмиллалии ҳукумати Тоҷикистон, ки ба тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои байналмиллалӣ, сулҳ ва муколама равона шудаанд, шинос шуданд.Дар рафти ҷамъомад намояндагони доираҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва фарҳангии Олмон ба ислоҳотҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаҳои гуогуни ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии кишвар табиқ карда мешаванд, баҳои баланд доданд.Дар чаҳорчўбаи ҷамъомад, инчунин маросими муаррифии аввалин луғати олмонӣ-тоҷикӣ, ки бар асари сайъу кӯшиши бисёрсолаи олимони донишгоҳи Гумболд ва донишгоҳи педагогии Тоҷикистон таҳия ва нашр шудааст, баргузор гардид. Китоби мазкурро яке аз ҳаммуалифони он - профессори кафедраи Осиёи Марказии дониишгоҳи Гумболд Лутс Жехак ба ҳозирин муаррифӣ намуд.{jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!