Бахшҳо

Посухи Кабирӣ ба суоли хонандагон: Зоировро харидаву фурӯхта намешавад (Қисми 1)

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва узви Маҷлиси Намояндагон, ба суоли сершумори корбарони “Озодагон” посух дод. Аксари саволҳо дар робита ба интихоботи президентӣ, Ҳизби наҳзати исломӣ ва пешбарии номзадии Ойниҳол Бобоназароваю муноисбати онҳо бо Раҳматилло Зоиров буд. Ҳоло як қисми ин суолу ҷавобро нашр карда, аз хонандагон мехоҳем, қисматҳои дигари ин суолу ҷавобро, ки базудӣ нашр хоҳад шуд, интизор бошед.

Муҳиддин Кабирӣ: Ба номи Худо ва таваккал ба зоти Ӯ. Дар аввали сӯҳбат мехостам миннатдории худро ба "Озодагон" ва ҳамаи дӯстони ширкаткунанда баён намоям. Пешопеш узри худро изҳор менамоям, агар ба саволе ҷавоби пурра ё қонеъкунанда дода натавонистам.

Дилшод: Кай истеъфо медиҳед?

Муҳиддин Кабирӣ:
Дӯстам Дилшод, ният дорам, корро то охири мӯҳлати муайянкардаи ойинномаи ҳизб идома бидиҳам, иншоаллоҳ, агар ҳодисае рух надиҳад. Чун ҳолатҳои истеъфоро ойинномаи ҳизб пешбинӣ кардааст ва сабаби ҷиддие ҳоло вуҷуд надорад.

Абдуллоҳи Муҳаққиқ: Гандболбозӣ беҳтар аст, ё шоҳмотбозӣ?

Муҳиддин Кабирӣ: Бародари гиромӣ, Абдулло. Ҳарду ҳам варзиши хубанд, яке барои тақвияти бадан, дигаре барои тақвияти мағз. Бо ҳарду алоқа дорам. Вале ҳарду аз сиёсат роҳаттар ва осонтар мебошанд. Агарчӣ сиёсат бештар ба шатранҷ наздиктар аст, на ба гандбол.

Диловаршо: Мӯҳтарам, Кабирӣ. Чаро ҳизби Шумо аз ақидаҳои рофизӣ тарафдорӣ мекунад?

Муҳиддин Кабирӣ: Бародари азизам, ҳизби мо дар асоси ақидаи аҳли Суннат ва Ҷамоат, фиқҳи ҳанафӣ ва қонунгузории кишвар таъсис шудааст ва фаъолият мекунад. Ин ҳизби сиёсии мабнӣ бар арзишҳои динӣ, миллӣ ва башарист, на як ҳаракат ё маҳфили мазҳабиву фалсафии хос. Мутаассифона, бисёриҳо фарқ байни ҳизби сиёсӣ ва як ҷамоати мазҳабиро намебинанд ва ҳангоми масъалагузорӣ мафҳумҳоро бо ҳам омехта мекунанд. Барои ҳамин, замоне ҳизбро ба пуштибонӣ аз ваҳҳобиҳо муттаҳам мекарданд, ҳоло ба рофизиҳо, фардо шояд каси дигар. Мо тибқи мазҳаби ҳанафӣ амал мекунем ва касеро аз аҳли қибла кофир намедонем ва мухолифи чунин кор ҳам ҳастем. Инчунин, бо гароиши пайравони мазҳаби ҳанафӣ ба мазҳабҳо ва ҷараёнҳои дигари фиқҳиву ақидатӣ усулан мухолафат дорем, агарчӣ, қонунгузории кишвар онро иҷозат додааст. Мухолафати мо ақидатӣ аст, на ҳуқуқӣ. Агар Шумо дар ин замина шубҳае дошта бошед, омодаи сӯҳбати бародарона аз наздик ҳастам. Муваффақ бошед.

Далер: Салом ба кормандони сомона! Ҳизби наҳзат бояд пош хӯраду Кабирӣ бояд тиҷоратро идома диҳад. Беҳад тоҷири хуб аст. Инро ҳодисаи интихоби намояндаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) нишон дод. Боз ба саволҳо ҷавоб медодааст. Ҷавоби ту ба кӣ даркор аст?

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯсти азизам Далер. Шояд эҳсосоти Шумо каме поён рафта бошад, чун вақт ҳама чизро ҳал мекунад. Масъалаи парокандашавии ҳизбро канор мегузорем, зеро ин салоҳияти ҳизб ва қонун аст, ҳатто ман ҳам ҳаққи тасмим надорам. Вале, Шумо ҳаққи изҳори назарро доред. Ташаккур, ки маро тоҷири хуб гуфтед, агар киноя ҳам бошад, онро ҳамчун лутфи Шумо мепазирам. Чун аз донишҷӯи истиқлолияти иқтисодиву молӣ доштаам ва аввалин манзили сеҳуҷрагиамро солҳои таҳсил дар донишгоҳ харидам. Назари ман ин аст, ки сиёсатмадор наметавонад мустақил бошад, агар истиқлолияти молӣ надошта бошад. Албатта, ҳастанд касони истисно, вале кам. Агар касби мол ва сармоя бо роҳи ҳалол, қонунӣ ва шаффоф бошад, бадие надорад, балки хуб аст. Мутмаин бошед, сармоя ва тиҷорати мо қабл аз сиёсатамон будааст ва ҳеч гоҳ арзишҳо ва ақидаамро дар тиҷорат нагузоштаам ва нахоҳам гузошт. Шумо, ки ҳоло аз рӯи эҳсосот ва зери таъсири зоҳири масъала мондаед, шояд ин ҳарфҳоро қабул накунед, вале вақт ҳама чизро нишон хоҳад дод ва алакай дар як ду ҳафта маълум шуда истодааст. Фикр накунед, ки ҳама сармоядорон танҳо дар фикри сармоя ҳастанд. Кам нестанд касоне, ки сармояро ба хотири мустақилият ва ҳимояи арзишҳо васила медонанд ва агар лозим шавад, аз баҳри ҳама чиз мегузаранд. Ба муносибати шахсиатон ба мо коре надорам, вале бародарона як маслиҳат ба Шумо медиҳам, ки аввалан тақдири худро ба касе вонагузоред, дар интихоб ва хулосаҳоятон саросема нашавед. Вале агар хостед, ба касе такя кунед, ба оне кунед, ки корашро медонад, дар кораш ба ҷое расидааст, натиҷа гирифтааст, ҳатто тоҷир ҳам бошад. Агар Шуморо бифурӯшад ҳам, арзон намефурӯшад. Парҳез кунед аз ҳолатҳое, ки Шуморо қурбон кунанд, арзон бифурӯшанд ё ҳатто бепул ҳадя кунанд. Худо нигаҳбонатон бошад.

Darvesh: Salomu durudi bepoyon ba Janobi Kabiri. Avallo az Shumo pursidani budam ki, dar intikhoboti dar pesh istoda chand nafar ra’yi ovozdihiro dorad? Az on nafarone ki hukuki ovozdihiro dorand, chand nafarshon dar davlathoi khorija hastand? Ba misoli Russiya, Korea, Khitoy, Amrico va yakchandto davlathoi Avrupo. Chunki mo medonem shahrvandoni TJK dar in davlatho zindagi dorand va mikdori onho az 1 mln nafar ziyodro tashkil medihad? Misoli oddi mo dar davlati khorija zindagi dorem, ammo har marotibae ki intikhobot meshavad, ba khonai mo ki dar TJK ast da'vatnomi intikhobot meoyad... ba joi mo ki ovoz doda istodaast??? Mo vakte ki dar furudgoh guzashtan, hujjate ki az tarafi Khadamoti muhojirati TJK peshnihod shudaast pur kardem, boyad onh donand ki mo dar Jumhuri nestem, ammo novobasta az in onho ba mo da'vatnomai intikhobot ravon mekunand!!! Khadamoti muhojirat meguyad ki dar Russia 800000 nafar muhojironi Tojikiston hastand. Ammo dar voke' gired onjo ziyoda az 1500000 nafar zindagi dorad. Hamai onho dar intikhobot ishtirok namekunad, ba joi onho ki ovoz medihad? Misoli oddii digar... Barodaroni digari man dar digar davlathoi khorij hastand ammo ba nomi onho niz dar TJK da'vatnomai intikhobot meoyad!!! Ki in ovozhoro megirad? Chunki az khulosai Markazi intikhoboti dida budem omadaast ki hama intikhobkunandagon ishtirok kardand!!! ki ba joi onho ovoz dod? Khud kazovat kuned dar Tojikiston holo chand shahrvand hukuki ovozdihiro dorad? Az on shahrvandone ki dar TJK zindagi dorand?? Oyo hamai onho dar intikhobot ishtirok mekunad? Agar khohed mo ba Shumo isbot mekunem ki INTIKHOBOTI TOJIKISTON dar hakikatan SHAFOF ast... Chunki ba joi mo digaron ba kase khohand ovoz MEDIHAND!

Муҳиддин Кабирӣ: Бародари гиромӣ, тибқи маълумоти охирини КМИР 4 миллиону 22 ҳазор шаҳрванд ҳаққи овоздиҳӣ доранд. Ва охирин рақами хадамоти муҳоҷирати Русия нишон медиҳад, ки 1 миллиону 200 ҳазор дар ин кишвар расман зиндагӣ доранд. Чӣ қадар ғайриарсмӣ ва чӣ қадар дар кишварҳои дигар мисли Қазоқистону Украина ва ғайра номаълум. Шояд атрофи 2 миллион бошад, дар маҷмӯъ. Яъне, нисфи овоздиҳандагон дар хориҷанд ва агар тавонад камтар аз як фоизи он дар нтихобот ширкат мекунад. Ба як фоиз ҳам бовар нест, чун муҳоҷирони мо дар атрофи сафорату консулгариҳо зиндагӣ намекунанд, ки омада овоз диҳанд. Ва он ҳам дар шароите, ки милиса сари ҳар кадом тафтиш мекунад. Бинобар ин, 50 фоизи дигар дар дохил мемонад, ки аз он ҳам миқдори зиёд бо сабабҳои гуногун ширкат намекунанд. Пас, амалан камтар аз 50 фоиз дар интихобот ширкат мекунад, ки тибқи қонунгузории мо интихобот баргузоршуда ҳисоб намешавад. Сандуқҳои интихоботиро дар Русия ҳамагӣ дар 25 нуқта мондаанд, ҳол он ки сандуқи интихоботӣ бояд аз рӯи шумораи овоздиҳандагон муайян шавад, на бештар аз 3000 ҳазор. Масалан, агар дар Маскав 500 ҳазор овоздиҳанда зиндагӣ кунад, бояд муносиб ба ҳамин шумора тибқи қонун сандуқ гузошт. Тасаввур кунед, ҳамаи шаҳрвандони тоҷик барои овоздиҳӣ сафорат биёянд, чӣ мешавад? Масъалаи чигунагии ташкили овоздиҳӣ ва омода кардани шароит вазифаи ҳукумат аст, агар натавонанд пас масъулияти худро анҷом надодааст ва ҳаққи шаҳрвандонро поймол кардааст. Мо маълумоти пурра дар бораи тарзи овоздиҳӣ дар хориҷи кишвар ва тарзи ҳисоби овозҳоро дорем. Худи овозҳисобкунҳо ва протоколнависҳо ба мо маълумоти воқеиро додаанд ва хоҳанд дод. Барои ҳамин, мо гуфтем, ки ё барои муҳоҷирон шароити баробари имзокунӣ ва овоздиҳӣ бо дигар шаҳрвандонро фароҳам созед ё онҳоро аз ҳисоби умумии имзокунандагон бароред. Ин корро накарданд, пас овоз ва имзои онҳо мавриди сӯистифода қарор хоҳад гирифт, чун дар комиссияҳо ҳам намояндагони ҳизбҳоро нагирифтанд.

Аҳмад: Салому алайкум устоди мӯҳтарам. Оё Раҳматулло Зоиров дар ҳақиқат тарафдори номзади ягона буд? Агар ҷавоб “бале” бошад, пас, чаро ба Ҷунбиши Миллӣ дар шабакаи Фейсбук ҷавобе наменависад, онҳо то ҳол даъво доранд, ки номзади ягонаи онҳо Зоиров аст ва пирӯзӣ ба дасти онҳост. Хомӯш нишастани Зоиров ва ҷавоб нагуфтан ба ин гуруҳҳо моънои аҳду паймон шикастанро надорад? Ва чуноне ки мебинем ҶМТ ҳамаи ин мушкилот ва интихоб нашудани Зоировро бар сари Шумо ва ҳизбатон ва Тӯраҷонзода бор карда истодаанд. Оё дар ҳақиқат Шумо номзадии Зоировро нахостед?

Муҳиддин Кабирӣ: Бародари гиромӣ Аҳмад. Назари мо ин аст, ки то ҳадди имкон дар ин мавзуъхо камтар баҳс кунем, зеро ҳам дар гуруҳи кории ИНИТ мо таъаҳҳуд кардем, ки ҷузъиёти масоилро нагӯем, ҳадди ақалл то интихобот. Бинобар ин, аз гуфтани тафсилот худдорӣ менамоям. Он чизе, ки мусаллам аст, тавофуқи ҳамаамон сари номзадии Бобоназарова буд. Худи дӯстам Раҳматулло Зойиров дар ин бора гуфтанд. Агар бигӯем, ки ин тавофуқ бечуну чаро буд, муболиға мебуд. Ҳар номзади дигарамон ҳам тақрибан ҳамин вазъиятро дошт. Эътилофу гузашту ҳамдигарфаҳмӣ ба хотири ҳамин аст, вагарна чӣ лозим эътилоф агар гузашту тавофуқ набошад. Агар мо ҳама мувофиқ намебудем, наметавонистем онро эълон кунем. Бояд бигӯям, аз ҳама охир номзадии Бобоназароваро ман ҷонибдорӣ кардам, ки ҳатто боиси каме нороҳатии муаллима шуд ва ошкор гуфтанд онҷо. Мӯҳтарам Бобоназарова ва дигар дӯстон хуб медонанд, ки шахсан ҳеч мушкилие бо онҳо нест ва нахоҳад буд, вале буданд мулоҳизаҳое, ки нисбат ба ҳар номзад ошкор гуфта шуданд ва шарт нест, ки тафсилоташро инҷо бигӯем. Бигузор ҳоло бигӯянд, ин номзади мо буд, аз ин фахр мекунем. Чун инсони арзандае ҳастанд. Аммо, ончи ки дар шабакаҳо ва бархе матбуот гуфта шуд, бештар дар заминаи эҳсосот буд ва онро бояд оромона қабул кард. Бояд эътироф кард, ки мо дар мавзӯи интихобот як Тоҷикистони воқеӣ дорем, як Тоҷикистони виртуалӣ. Тоҷикистони воқеӣ он аст, ки имрӯзҳо мушоҳида мекунем. Дар он ду тараф аст ҳоло, ресурси административии қавӣ аз як тараф ва ҷавонону хоҳарони имзоҷамъкунанда аз тарафи дигар. Яке бо ҳар роҳ талош мекунад монеи ин раванд шавад, тарафи дигар бо заҳмату азоб ва содиқона ин имзоҳоро ҷамъ карда истодааст. Ин бечораҳо на компютер доранду на аз Фейсбук хабар доранд. Вале кори худро самимона, бе ғавғо ва сарусадо анҷом дода истодаанд. Ҳар каси дигар номзад ҳам мебуд, инҳо кори худро барои Худову миллату ақидаҳояшон мекарданд. Аммо, Тоҷикистони виртуалӣ ё фейсбукӣ бо интихоботаш фарқ мекунад. Онҷо ҳама чиз дигар аст. Ва онҳо бо милисаву раиси ҷамоату бланка кор надоранд, онҳо бо дунёи худ ва орзуҳои худ кор доранд. Баёнот ҳасту изҳорот. Мо пайвастем, мо ҷудо шудем, мо эътироз дорем, мо дастгирӣ мекунем. Ин ҳама барои матбуот лозим аст, вале он нафаре, ки дар ба дар имзо ҷамъ мекунаду таҳқир мешунавад, на ин рафтанро ҳис мекунаду на омаданҳоро. Ӯ мушкилиҳои худро дораду аз ин изҳорот аслан бехабар. Албатта, ба ҳама ин дӯстон бо назарҳояшон эҳтиром дорем ва бояд бипазирем, ки мо ҳам инсонем, ҷое иштибоҳ хоҳем кард. Вале, бароямон муҳимтар назару кори он ҷавондухтаре ҳаст, ки хонаи президент меравад ва барои Ойниҳол Бобоназарова имзои ӯро гирифтанӣ мешавад, на оне, ки паси компютер нишаста интихоботро ҳал карданӣ мешавад. Ҷои худро паҳлуи он ҷавонону хоҳароне мебинам, ки дар ба дар гашта имзо ҷамъоварӣ мекунанд.

Самад: Муҳиддин Кабирии мӯҳтарам. Аз интихоби номзад ҳис кардам, ки фишорҳое нисбати шахсан Шумо аз тарафи ҳукумат мавҷуд аст. 1) Оё ин фишорҳо ба фишорҳо болои аъзои ҲНИТ монандӣ дорад? 2) Мегӯянд интихоби номзад ғайридемократӣ сурат гирифтааст. Яъне, ин тасмим танҳо аз тарафи ҲНИТ ва ҲСДТ сурат гирифтааст. То кадом дараҷа ҳақиқат дорад? 3) Оё ин интихоб ҷасорат надоштани шумову ҲНИТ-ро нишон намедиҳад?
4) Ҳангоми ин интихоб оё Шумо ба инобат гирифта будед, ки вуҷуди ИНИТ дар хатар мешавад ва қимати ҲНИТ поён меравад? 5) Худи Зоиров барои номзад шудан ба воситаи шабакаҳо хабар дода буд. Чаро Шумо онро нодида гирифта гуфтед, ки оё Зоиров ба мо муроҷиат кардааст? 6) Маълум буд, ки Зоиров номзади арзандааст ва ҳам худаш номзад шудан мехоҳад. Аммо шумо "ӯро ба агенти Ӯзбекистон муттаҳам кардаанд" гуфта ҷонибдорӣ накардед. Оё ин асос шуда метавонад, ки аз ӯ ҷонибдорӣ накард ё аз тарафи ҳукумат ягон фишори дигар дар нақша буд, ки мо намедонем?

Муҳиддин Кабирӣ: 1. Бале, фишорҳо буданд, ҳастанд ва хоҳанд монд. Ду соли охир бештар шуданд. Фикр мекунам, фишорҳо болои аъзои қаторӣ, ба хусус, масъулони маҳаллии ҳизб бештар аст.

2. Чунин назарҳоро хондам, ҳоло зарурати баҳс дар ин мавзӯъ нест. вале он комилан демократӣ ва шаффоф буд. Агар далели мушаххасе барои ғайридемократӣ будани пешниҳоди номзади ягона бошад, хоҳишмандам, ки баъд аз интихобот пешниҳод кунанд. Ҳоло не, чун бояд диққатро пурра ба интихобот равона кард.

3. Аввалаш ин ки номзади ягонаи ИНИТ мебошад ва ҳизби мо ӯро расман ҷонибдорӣ ва пешниҳод кард. Ҷасорати шахсии моро ҳоло канор бигзорем, ҳизбе ки ин ҳама корномаву муборизаҳои гуногунро гузаронидааст ва имтиҳони часоратро додааст, оё метавонад дар масъалаи интихобот беҷуръатӣ кунад? Баръакс, пешниҳоди хонум аз тарафи ИНИТ ва ҷонибдории мо шояд ҷасоратеро талаб мекард ва он ҳам дар ҷомеаи суннатие мисли мо.

4. Бале, пешбинӣ мекардем ва медонем, ки дар кӯтоҳмуддат ҳизби мо зери зарба меравад. Вале, дар дарозмуддат ин ба нафъи ҳам ИНИТ ва ҳам ҳизби мо хоҳад буд. ИНИТ ҳам имтиҳони ҷиддиро паси сар кард ва заминаро барои фаъолияти баъдӣ гузошт. Ҳар эътилофе, ки сари шахси алоҳида бошад, давомнок нест, агар атрофи идея бошад, ояндадор аст. ИНИТ атрофи контсепсия ташкил шудааст, на шахси алоҳида. Ҳадди ақал, дар зоҳир ҳама ба ҳамин иттифоқ карда буданд ва ҳамин боиси омадани шахсиятҳову нерӯҳои ҷиддӣ шуд. Ва омили пойдориаш ҳамин метавонад бошад. Ҳамагуна кӯшиши шахсмеҳварӣ дар ИНИТ натиҷа нахоҳад дод ва ҳар касе барои шахси алоҳидае омада бошад, бояд аз ҳоло худашро ҷудо кунад.

5. Зойиров як сиёсатмадори варзида ва ботаҷриба ҳастанд ва ҳеч гоҳ нагуфтаанд, ки ҳатман номзад мешаванд. Он кас гуфтанд, ки агар ИНИТ ё ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод кунад, розӣ аст, ки номзад шавад. Агар ИНИТ номзадии ӯро нодида мегирифт, чанд рӯз пайи ӯам дар ин бора баҳсу гуфтугӯ намешуд. Ин худ маънии ҷиддӣ гирифтан аст. Чуноне, ки номзадии чанд нафари дигар ҳам пешниҳод шуд ва ҷиддӣ баррасӣ гашт. Вале, расман ИНИТ як номзадро пешниҳод кард, ки он Бобоназарова мебошад.

6. Шумо медонед, ки дар ягон сӯҳбат нагуфтаам ва нахоҳам гуфт ин ҳарфро дар бораи дӯстам Раҳматулло Зойиров, чун ба он бовар надорам ва ӯ болотар аз ин ҳарфҳост. Ва касе ҳам аз ҳизби мо ин ҳарфро нагуфтааст. Агар ҷое ҳам дар ин бора гап рафта бошад, ҳатман ишора шудааст, ки мутаассифона таблиғоти густардаеро алайҳи ӯ дар заминаи ин иттиҳоми дурӯғ роҳандозӣ кардаанд ва хоҳанд кард. Чунин мулоҳизаҳо дар бораи Устод Тӯраҷонзода вобаста ба ҳодисаҳои солҳои навад ҳам гуфта шуданд, ки ҳарду комилан бофта ва нодурустанд. Мулоҳизаҳои дигар низ нисбат ба мо гуфта шуд. Вақте нуқтаҳои қуввату заъфи ҳар номзадро баррасӣ кардем, табиист, ки ин мулоҳизаҳо нисбат ба ҳар кадом гуфта шуданд. Ба маънои он ки байни ҷомеа инро таблиғ хоҳанд кард, на ба маънои он ки аъзои ИНИТ ба таблиғоти зидди номзадҳояш бовар доранд. Як чизи дигарро мехоҳам инҷо бигӯям, гӯиё кадом сӯҳбате байни мо ва ҳукумат дар ин мавзуъ будааст. Аслан ин воқеият надорад ва вақт ин чизро исбот хоҳад кард.

Муҳоҷирбача: Рафиқ Кабирӣ барои чӣ Шумо ва Раҳматулло Зоиров дар ноором кардани Ватани маҳбубамон ин қадар сайъу кӯшиш карда истодаед. Шумо ва Зоиров ба мардум чӣ хизмат кардед? Дасти ягон бенаворо гирифтед? Ба мардуми азизи Тоҷикистон ғайр аз кинаву бухл, иғво андохтан боз чӣ корҳоеро ба анҷом расонидаед? Мо дар охир аз Шумо хоҳиш дорем, ки мардуми осудаю оромро ноором накунед, илтимос! Худованд бухлу кинаву адоватро аз Шумо ва аз дили Зоиров берун кунад. Омин.

Муҳиддин Кабирӣ: Ташаккур бародари гиромӣ барои дуои некатон ва мо ҳам омин мегӯем, ки Худованд дуои Шуморо қабул кунад ва кинаву адоват аз дили мардуми мо нисбат ба якдигар дур гардад. Худованд худаш шоҳид аст, ки мову Зойиров барои ин миллат чӣ кардаем.

Мухлис: Салом! Воқеан, дар пешбарии хонум Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади воҳид барои курсии раисиҷумҳур тардид надорам ва барояш барор мехоҳам. Агар имкон бошад, кумаки молиявӣ хоҳам намуд. Имрӯз, ки ҷомеаи огоҳӣ кишвар аз даст кашидани ҷанобон Кабирӣ ва Зойиров барои сабқати президентӣ баҳсҳо доранд ва далелҳои овардаи Шуморо низ чандон эътимодбахш намеҳисобанд. Инчунин маълум гашт, ки омили даст кашидани Зойиров аз пешниҳоди номзади воҳиди ИНИТ ин хонум Зарафо Раҳмонӣ будааст... Узри маро қабул фармоед, намехоҳам ба иззати нафси касе расам, вале ҳаргиз қабул надорам, ки Зарафо Раҳмонӣ ҳамчун ба як фарди таъсиргузор расида бошад ва ҳарфи ӯро Шумо ва дигар аъзои ИНИТ ҳамчун "пешниҳоди қабул" ҳисобӣ гардидааст. Хоҳиш менамоям, аз ин ба баъд ҳар як ҳарфи пучу хушкро қабул нанамоед, ки ин хосси як ҳизби умдаи сиёсӣ нест. Агар худи Шумо хоҳиши номзад гардидани Зойиров мебудед, пас як ҳарфи пучи Зарафо Раҳмониро ботил кардан барои Шумо мушкил буд?

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯсти мухлис, ташаккур барои мулоҳиаҳо ва мутмаин бошед, ки дар он ҷаласаи тасмимгиранда хоҳар Зарафо Раҳмонӣ ширкат надоштанд. Мо як ҷаласаи муштараки ду Шӯрои сиёсӣ ва гуруҳи кории ИНИТ доштем, ки хонум Раҳмонӣ андешаҳояшонро мисли дигарон онҷо гуфтанд. Вале тасмим ҷои дигар ва дар чорчӯби дигар гирифта шуд. Ба ҳар сурат, ташаккур барои дилсӯзии Шумо ва муваффақ бошед.

Гургалӣ: Агар Шуморо президент интихоб кунанд, аз худ бовар доред, ки аз ӯҳдааш мебароед?

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯсти гиромӣ, чун номзад нестам, ҷавоб ба саволи Шуморо ба шакли дигар мегӯям: мутмаинам, ки номзади ИНИТ аз ӯҳдаи ин масъулият бо шакли беҳтар мебарояд.

Салим: Мегӯянд, аз гунҷишк тарсӣ, арзан накор. Чаро Шумо аз пешбарии номзадии худ ба мақоми президентӣ дар интихоботи навбатӣ тарсидед? Фикр намекунед, ки ормони ҳазорон нафарро барбод додед? Чаро нагузоштед, ки ақаллан номзадии Зоиров пешниҳод шавад? Зарафо Раҳмонӣ магар ҳақ дорад, ки ба Зоиров гӯяд, ки Шумо набояд пешбарӣ шавед ба ин мақом?

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯстам Салим, дар бораи хонум Зарафо ва нақши ӯ дар ин раванд гуфтам. Аммо, сиёсат арзанкорӣ нест, масъулият дорад, қоида ва паҳалӯҳои гуногуни дигар дорад, ки онро танҳо касони машғул ба он дарк мекунанд. Агар ҷиддӣ машғули сиёсат бошанд, на аз рӯйи ҳавас. Ва дар сиёсат ҷо танҳо барои уқобҳост, на гунҷишку мӯсичаҳо. Шикастани ормони ҳазорон ҳам кори хубе нест, вале шикастани тақдири миллионҳо ҷиноят аст. Мо бояд фикри миллионҳоро кунем, ки ҳазорон ҳам дар он дохиланд ва моро мебахшанд, иншоаллоҳ. Ва бо гузаштани вақт дарк хоҳанд кард. Аз тарафи дигар, ман шахсан ин қудрату тавонмандиро надорам, ки ҳар киро бихоҳам номзад шавад, ҳар киро нахоҳам не. Инҷо аниқ, ки муболиға мекунанд дӯстон.

Галина: Оё қазияи Зайд Саидов ба Шумо ҳам таъсир кард, ки аз пешбарии номзадии худ дар интихоботи президентӣ худдорӣ варзидед?

Муҳиддин Кабирӣ: Муҳтарам Галина, аввалан ташаккур барои донистани забони тоҷикӣ. Сониян, коршиносон медонанд, ки қабл аз қазияи Зайд ширкат накардани худро дар интихобот эълон карда будам. Шояд Шумо дар ҷараён набудед. Аммо қазияи Зайд Саидов воқеиятҳои зиёдеро дар саҳнаи сиёсии кишвар ошкор кард, ки ин мавзӯи дигар аст.


Амир: Мо аз Шумо умед доштем, ки номзад мешавед. Аммо Шумо номзадиатонро намондед, президент то агар одами ботақво ва худотарс набошад, фикри халқро намекунад, одаме, ки аз Худо метарсад, хизмати халқро мекунад, чунки медонад фардо рӯзи қиёмат Худованд аз ҳамаи корҳои кардааш ӯро мепурсад. Шахсан ман норозиам аз Шумо барои номзадиатонро намондан...

Муҳиддин Кабирӣ: Бародари гиромӣ Амир. Ман шуморо хуб мефаҳмам ва ҳамчунин ҳазорон нафари дигарро, ки аз мо умеди номзадшавиро доштанд. Худованд шоҳид аст, ки танҳо манфиатҳои мардум, дини мубини Ислом ва кишварро ба назар гирифта ба чунин хулоса омадам. Агар кори савоб кардам, Худованд қабул кунад, агар не, Ӯ бибахшад ва Шумо низ бародари гиромӣ сахтгир набошед. Чун манфиати шахсӣ, ҳатто ҳизбӣ ҳам дар байн набуд. Барои ҳизб ҳам хубтар мебуд, агар номзади худамон мешуд. Вале, ҳизбу ин фаъолиятҳо барои миллат аст, манфиати миллат авлотар.

Саидов Самӣ: Ҷаноби Кабирӣ, барои чӣ Зоиров нею Бобоназарова? Хуб шуд, ки номзадии худро намондед. Бо он аъзои мутаассиби худ оё Шумо ҳукуматдорӣ карда метавонед?

Муҳиддин Кабирӣ: Дӯсти гиромӣ, дар бораи Зойиров ва Бобоназарова болотар гуфтем ва бо иҷозаи Шумо такрор нахоҳам кард. Аммо, маълум гашт, ки аъзои мо мутаассиб набудаанд, чун аксаран аз номзадии як хонум ва он хам дунявӣ ҷонибдорӣ карданд ва имрӯз бо тамоми ҷаҳд барояш кумак мекунанд. Умедворам, ин иқдоми мо зеҳнияти ғайривоқеии Шуморо тағйир медиҳад. Иттифоқан, ин кори мо як ҳақиқати дигарро ошкор кард, ки андешаҳои иртиҷоӣ дар бораи зан на дар доираҳои динӣ, балки бештар дар қишрҳои ба ном дунявӣ будааст ва аксаран онҳо мухолафат доранд.

Беном: Кабирӣ Зоировро чанд пул фурӯхтӣ. Ту ҳеч гоҳ ба ӯ баробар шуда наметавонӣ. Ӯ сиёсатмадор асту ту тоҷир!

Муҳиддин Кабирӣ: Воқеан, бо бародарам Раҳматулло баробар шуда наметавонам ва инро қаблан ҳам ҷойҳои гуногун гуфтаам. Бо вуҷуди ҳама камбудҳоям як одат дорам, ки касони аз худ беҳтарро эътироф мекунам, ки якеашон Раҳматулло Зойиров мебошад. Бузургии Раҳматтуло ҳам дар ҳамин аст, ки ӯро харидаву фурӯхта намешавад.

Самад: Ба гуфтаҳои Р. Зоиров дар мусоҳибааш бо хабарнигори "Нигоҳ" чӣ фикр доред?

Муҳиддин Кабирӣ: Бародар Самад, шояд бовар накунед, вале ин мусоҳабаро нахондаам. Вақте гуфтанд, ки чунин мусоҳаба ҳамон рӯз фавран додааст, гуфтам, ки намехонам, чун ман Зойирови дигарро мешиносам ва ҳоло ҳам бо ҳамон Зойиров ҳастам ва эътиқод дорам. Дар бораи як инсон, андешаҳо ва мавқеъҳои вай дар асоси як мусоҳаба ё назар хулоса кардан дуруст нест. Ҳолатҳо метавонанд гуногун бошанд ва ҳамаи мо башар ҳастем ва таъсирпазир мебошем. Ҳатман дар ин бора баъд аз интихобот сухбат хоҳем кард бо бародар, вале ҳоло фурсати ин гапҳо нест. Шояд аслан сӯҳбат ҳам накунам дар ин мавзуъ, чун дар ҳамкориву бародарӣ ҳама чи шуданаш мумкин. Ман ба дилам ва шинохти чандсолаам бовар дорам, на ба он чизе, ки нашр мешавад, ҳатто агар гапҳои худаш ҳам бошад.
Мӯҳр
Хуш ба холатон чаноби Кабири!, хеле посуххои мушахасу пурмаънову бачо. Худо мову Шуморо мувофак ба ниятхои некамон гардонад!

Мошооллох. Хуб мешуд, ки тамоми хизматчиёни давлати ва умуман шахсиятхои ба ном маъруфи кишвар ба саволхо чунин посуххои пурра ва каноаткунанда медоданд. На аз суолхо гурехта суханро ба суи дигар мебурданд. Хар касе дар рохи ХУДО аст, ХУДО бо у аст. САРБАЛАНДИ!!!

tojik
Dar masalai zoirov kamtar nohakki shyd ba fikram Kabiri az savolho malym meshvad ki kam kasone nabyddand zouirovro tarafdori mekarddand dar hakikat odami varzidaast y

Устод Кабирӣ, Худо мададгорат бошад, ҳамеша муваффақ бош! Дар воқеъ сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ ҳастӣ. Посухҳои бамантиқ, бамаънӣ, бафарҳангона, боодобона, инсонпарварона, асилона... Доимо тансиҳату солим бош, ки ба ин халқу миллат хизмат намоӣ. Ҷомеаи мо ба ту барин сиёсатмадор эҳтиёҷ дорад.

Шариф
Наход ягон нафари муносиб ёфт нашуд, ки як занеро, ки на тачрибаи кори сиёси дорад ва на дар байни мардум маъруфият ба номзадии президенти пешниход кардаанд. Ин худ нишондихандаи суст ва бечуръат будани нирухои ислохотхо мебошад. Русхо як макол доранд - Волков боишся в лес не ходи. Сиёсат майдони мубориза ва ракобат аст ва буздилону тарсончакхо набояд вориди ин майдон шаванд.

Офарин.Мо бо шумоем!Ана мебинед хамааш хуб мешавад!Худованд ёру нигохбонат!!!

Tarjumon
Tashakuri ziyod barodar Kabiri dar haqiqat javobhoi oli va daqiq kosh hamai mansabdoron mislim shumo siyosatmador va zaki meshudand Khudovand shumoro nigahbon boshad va oyandai millat, rohbari mo Tojikon boshi Omin-Omin
ozodagon iltimos chop kuned chand bor navishtahoi maro chop nakarded

абду
кош хукуматдорон монанди устод бо мардум сухбати озод мекарданд.

кош хамин хукуматдорон монанди устод Кабири бо мардум сухбати озод мекарданд

худованд аз ин дида илму фархангу маданяту фаросататонро зиедтар кунад..ман боварии комил дорам ки аз президент сар када бо вазирон ва умуман ягон мансабдор ингуна чавобхои бо фаросату ма фархангу пур мазмун дода наметавонад..ба рости ки ман пеш Кабириро хамчун шахси сиесатмадору бо фарханг эътироф намекардам.. рости гап фикрам дар бораи донишу фарханги ин шахс тагир ёфт ..сад офарин

Точик
Офарин Устод Кабири барои чавобхои пурмухтаво.....

асалому алайкум бародари гироми суоле дорам посухащро хуб чавоб гардонед щумо бо дустоне ки ин хизбро тащкил доданд ва ононе ки маслихатчии щумоянд чаро з саидро (казел отпущени) кардед маслихати хизби навро командаи щумо дода буд ку

Рости бардошти банда аз суҳбати ҷаноби Кабири ҳамин аст ки y ба тасмимҳои хyд комилан бовар дорад ва фикр мекyнам бади машваратҳо бо раҳбарони Наҳзат барои гузарондани фикри хyд пофишори карда бошад. Чyн ҳамеша гуфтааст вақт нишон медиҳад ба гуфтаи y вақт нишон медиҳад ки фикри y комилан дар мавриди пешниҳод Бобоназарова дуруст бyдаст. Ба назари банда агар Ихвонул муслимин дар миср шикаст намехyрд, тазоҳурот дар Туркия ба вyқy намепайваст, тазоҳyрот дар Тyнис намешyд, ҳаргиз номзади Бобоназарова пешниҳод намешyд. Ҷаноби Кабири бисёр ҳозирҷавоб мебошад, Илми сиёсии баланд дорад вале мисли раҳматии Нyри ҷаззоб, самими ва қобили қабyли ҳамагон нест. Шахсияти бyзyрг ва қобили қабyли мардyм он раҳбароне хоҳанд бyд ки кам сухан мекyнанд вале амал бештар. Лиҳозо мушоҳидаи ман ҳамин аст ки бади ба даст гирифтани ҷаноби Кабири раҳбариро дар ҳизб меҳру мyҳаббати мардyм нисбати Ҳизб хело коста шyд чyн сухан бисёр локин амал кам.

Галина
Яujy посухи халол надодааст, акнун сиёсатмадори Жириновский барин шудагии..ту ки сухбати Зоирова нахони ва точир буданда инкор куни..офарин аз ин ба баъд аз мо боварии мо рафти...

махмад
Мухиддин Кабиров агар актиёр мешуди бехтар буд

654
Рости гап то хол намефахмам,барои чи ин мард номзадиашро нагузошт

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)