Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 09:31

Видеои пурсиши "Шуморо облава кардаанд?"

8 октябр 2013, 17:05

Баробари шурӯи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши Тоҷикистон, ки моҳи октябр оғоз шуда, охири ноябр ба анҷом хоҳад расид, мавзӯи “облава” ё даъвати иҷборӣ ҳам доғ мешавад. Вуҷуди “облава”-ро худи мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, ин маърака ба он ҳадде нест, ки дар расонаҳо тасвир мешавад.

Хабарнигори “Озодагон” дар як сӯҳбати сарироҳӣ аз ҷавонони Душанбе пурсид, ки оё онҳо низ ба “облава” дучор омадаанд, ё не. Аксари назардиҳандагон вуҷуди “облава” дар Тоҷикистонро тасдиқ карда, иддае “қурбон”-и ин маъарака шудани худро ҳам баён доштанд. Вале бештари онҳо гуфтанд, ба далели ин ки донишҷӯянд, аз облава халос шуда, ба таҳсили худашон идома медиҳанд.

Вале яке аз назардиҳандагон гуфт, даъвати иҷбории ҷавонон ба сафи артиш аз нигоҳи қонун дуруст нест. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, мақомот баъзан ҷавононро аз ҷои хобашон низ дастгир кардаву ба хизмати ҳарбӣ мефиристанд. “Ин аслан кори дуруст нест ва бояд ҷавонон бо хоҳиши худ ба артиш бираванд”,-гуфт мусоҳиби мо. Яке дигар аз назардиҳандагон мегӯяд, бештар бояд ҷавонҳое ба артиш ҷалб шаванд, ки ба гапи волидонашон гӯш намедиҳанду, баръакс, барои онҳо дардисар эҷод мекунанд.


Назари ҷавононро дар ин навори видео бубинед:



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • ahmadjon

  • 8 октябр 2013 21:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Salom.hamvatanoni aziz ba aqidayi shaxsi i man ki hamin xizmati harbiro 12moh kunad misli sobiq hamsoyadavlat Uzbekiston bad hamagon rafta xizmat kunand bad Shinosnomai Shahrvandiyawona dihand

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!