Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 04:05

Тоҷикистон дар қатори кишварҳои иртиботи мобилияш гарон

8 октябр 2013, 17:07

Иртиботи мобилии аз ҳама гарон вобаста ба даромади миллии дохилӣ ба сари аҳолӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст. Дар ин бора Оразбек Қайиқов, раҳбари шӯъбаи минтақаии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи электрикӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ хабар додааст.

Ӯ, ки дар конфронси байналмилалие суҳбат мекард, гуфтааст, ба ҷуз Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳам иртиботи мобилӣ гарон аст. Аммо ба гуфтаи вай иртиботи арзони мобилӣ дар Қазоқистон, Русия ва Белорус будааст,-хабар додааст ca-news.

Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир алоқаи арзонтарин дар ҷаҳон дар Австрия мебошад. Даромади миллии дохилӣ бар сари ҳар нафар дар ин кишвар 48 ҳазору 300 доллар буда, ҳаҷми пешбардохт 0,1 дар сади ин маблағро ташкил медодааст.

Ба гуфтаи Қайиқов мақоми 22-юм дар ҷаҳон ва 1-ум дар ИДМ насиби Қазоқистон аст, ки даромади миллии дохилияш ба сари аҳолӣ 8220 доллар бо ҳаҷми алоқа 1 дарсадиро ташкил медиҳад.

Тоҷикистон дар зинаи 150-ум қарор гирифтааст. Даромади миллии дохилӣ бар сари аҳолӣ 870 долар бо ҳаҷми 21,8 дар сад аз ин маблағ гуфта мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • экономист

  • 8 октябр 2013 18:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точикистон аз хама факир аст, вале бензину, алокаи мобилию орд дар инчо аз хама гаронтар аст, зеро ин чизхоро монополя кардаанд ва дар фикри даромади худунду бас. Дар точикситон факат нархи одам арзон аст.
Посух додан
  • sitora

  • 8 октябр 2013 21:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Vazbinda

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!