Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:32

АКС: Президент дар Хоруғ бо нархи "қимат" мураббои шифобахш харид

9 октябр 2013, 09:16

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 9-уми октябр аз ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон омад.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳри Хоруғ бо самимият ва шукргузориҳо аз ободкорӣ дар ин гӯшаи баландкӯҳи Тоҷикистон истиқбол намуданд.

Шарифзода афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар боғи наздикии фурудгоҳ дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ аз тамоми Бадахшон ширкат карда, бо таваҷҷуҳи махсус ба себҳои хушлаззат, картошкаю дигар маҳсулоти бенуқсони кишоварзӣ ва осори волои санъати Бадахшон ба масъулин дастур додааст, ки барои ҳифзи ин ҳама сарват чораандешии бештар кунанд.

Шарифзода илова намуд, ки дар намоишгоҳ раисиҷумҳур аз мурраббоҳои зани соҳибкор, Ғаффурова Васила аз ноҳияи Ванҷ, ки аз гиёҳҳои шифобахш омода шудаанд, харид карданд. Дар мавриди нархи мураббоҳои шифобахш сухангӯи раисиҷумҳур ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки 10, 35 ва 180 сомонӣ нархгузорӣ шудаанд: “Вале президент ба фикрам, кӯмак шавад гуфта, аз нархҳои нишондодаи соҳибкор маблағи бештар, ҳудуди 5 ҳазор сомонӣ, доданд.”

Ба иттилои сухангӯи раисиҷумҳур имрӯз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим идома хоҳад ёфт.

АКС: Президент дар Хоруғ бо нархи "қимат"  мураббои шифобахш харид

АКС: Президент дар Хоруғ бо нархи "қимат"  мураббои шифобахш харид

АКС: Президент дар Хоруғ бо нархи "қимат"  мураббои шифобахш харид

АКС: Президент дар Хоруғ бо нархи "қимат"  мураббои шифобахш харид

АКС: Президент дар Хоруғ бо нархи "қимат"  мураббои шифобахш харид

АКС: Президент дар Хоруғ бо нархи "қимат"  мураббои шифобахш харид

АКС: Президент дар Хоруғ бо нархи "қимат"  мураббои шифобахш харид

АКС: Президент дар Хоруғ бо нархи "қимат"  мураббои шифобахш харид


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • л

  • 9 октябр 2013 10:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
5000 сомони? Инро подкуп избирателей меноманд. бехтараш чойхои кории бо маоши хуб таъмин мекард бехтар буд. Ин хел садака партои кати то кучо меравем?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба чаноби л. Барои чй мардуми мо инкада тангназар, бахил шудааст? Майлаш ЧО аз як шахрванди Точикистон ширинй харидааст ку! На аз дигар нафар...
Посух додан
  • п

  • 9 октябр 2013 12:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сухроб

Наход хамин кадар тангназар боши? Нафакаи на факат хамон кампир, балки тамоми нафакахуронро зиед кунад намешавад ми? Ин хел дешевый авторитет гирифтан кати чумхури обод намешавад. Кори хакики кардан лозим, на худнамоишдихи.

Сухроббой

Хаминро дон ки агар мухочирон пул нафиристанд, нисфи мардуми чумхури аз гуруснаги чон ба Чаббор месупоранд . ЧО ба мардум чизе накардааст, гайр аз чор флангштоку дигару дигараш.
Посух додан
  • Оиша

  • 9 октябр 2013 16:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Л. бигзор Лолачон. Мо мисли ин одам сахт нестем.
Бовар кунед, л-чон ба ин андоза одами дилтанга дунё надидааст. Хатто дар навишти номи фаршивиат як харф мондаи. Ин аз бехайру баракат будани ту огахи медихад.
Ба ин дарача бахил будаи ки як нафар зани точик ки ба чои ту барин мардхои 50 фоизаи пушти интернет чосуси мекардаги мехнат мекунад, бо чашми хасад нигох мекуни. Барои ту баринхо агар маоши панчхазора хам ташкил кунанд кор намекунед. Зеро муфт аз хисоби чосуси меёбед.
Ош шавад ба хамин зан. Истехсол карди пул медиханд. Ту барин ки гайбат карди хакорат мешунави. Вой бар холат бечораи тангдил.
Озодагон чоп кун, ки курдилон чавоб гиранд.

Ба Сухроббой
Ту дар хакикат ба навиштаат диккат намедихи. Чунки бо закази дигарон бугзу кинаатро нишон медихи.
Ба охири сафсатахоят ахамият дех. Худо туро мачбур сохтааст, ки хизматхои ЧО-ро номбар куни.
"гайр аз чор флангштоку дигару дигараш" ана хамин дигару дигар кор аст буродари зархаридам.
Посух додан
  • л

  • 10 октябр 2013 07:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Оишабиби
Ту маънои гапи маро нафахмиди ва гапро дигар тараф набар. Хеч кас ба он зан бахили накардааст. Бигзор 5 хазор не, 50000 сомони дода бошандаш, ошаш шавад. Маънои гапи мо ин аст, ЧО худнамоишдихи накунад. Ба мардум чои кор, маоши хуб, нафакаи арзанда мухайе кунад. Ин аст вазифаи ЧО. Худро Хотами Той нишон дода гаштан хеч зарурият надорад. Агар ба ман чавоб додани боши, хар гуна сафсаттаро нагуй. Бехтараш бигуй кай маошу нафакаи арзандаро ба мардум мухайе мекунед?
Посух додан
  • ХУРРАМ.

  • 10 октябр 2013 08:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сафари Чаноби оли ба Бадахшон Ёд меоранд Нушервони одилро хама, Халкпарвар подшохро дуст медорад ХУДО. Чаноби оли дар хакикат халкпарвар аст. Хасудон мемуранд аз хасад. Мо бо Чаноби Олинм бо КАХРАМОНИ ХАКИКИИ МИЛЛАТ.
Посух додан
  • д

  • 10 октябр 2013 11:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуррам

20 сол шуд ЧО мардумро фиреб дода гаштааст. Ягон шарму хаё хай ми шумонда?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!