Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе вазири умури хориҷаи давлати исломии Афғонистон Залмай Расулро ба ҳузур пазируфт.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент зимни ин нишаст масоили марбут ба ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар соҳаҳои сиёсат, амният ва иқтисоду иҷтимоиёт баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаҳои зербиноии минтақавӣ доир ба сохтмони роҳу пулҳои оҳану мошингард, нерўгоҳҳои барқию хатҳои интиқоли нерўи барқ, ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию энергетикӣ ва транзитии кишварҳои минтақа зоҳир карда шуд. Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши робитаҳои дуҷонибаю минтақавӣ таъкид намуданд.
Таҳким ва рушди ҳамкории миёни ниҳодҳои қудратии ду кишвар, аз ҷумла дар мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, ба мисли терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҳамчунин омодасозии кадрҳои низомии Афғонистон дар Тоҷикистон низ аз мавзўъҳои асосии сўҳбат буд. Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба омодагӣ ба мулоқоти сарони кишварҳои «Чоргонаи Душанбе» - Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Русия, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд ва оид ба дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ сурат гирифт.{jathumbnail off}
Мӯҳр