Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 06:51

«МегаФон» зангҳо ба Русияро ду баробар арзон кард

9 октябр 2013, 14:29

“Мегафон”, яке аз пешсафони бозори мобилии Тоҷикистон, бо назардошти теъдоди зиёди шаҳрвандони тоҷик дар Русия қарор кардааст, нархи тамосҳо бо ин кишварро арзон кунад.

Тавре масъулини “Мегафон” мегӯянд, мизоҷони ин ширкат ба наздикони худ - муштариёни «МегаФон»-и Русия зиёд занг мезананд ва акнун имкон доранд, ки хароҷоти худро ба алоқаи мобилӣ то дараҷаи назаррас кам кунанд: “Барои ин мебояд аз хизматрасонии нав ва айни замон ҳоло дар Тоҷикистон нодир- «NGN-и байналмилалӣ» истифода намуд. Барои пайвасткунии он аз телефони худ USSD-дархости *811#-ро рақамчинӣ карда, тугмаи даъватро пахш кунед. Арзиши пайвасткунӣ ройгон аст. Пас аз ин арзиши дақиқаи суҳбат бо муштариёни ширкати «МегаФон» дар Русия 30 дирамро ташкил хоҳад дод.”

Дмитрий Семёнов, мудири тиҷоратии ширкати «МегаФон Тоҷикистон», мегӯяд, “имрӯзҳо ҳар як сокини чоруми Тоҷикистон барои коркунӣ ба Русия меравад, бинобар ин, пешниҳоди хизматрасониҳое, ки ба коҳиши хароҷоти зангҳо ба Русия мусоидат хоҳанд кард, хеле муҳим мебошад. Арзиши алоқаи овозиро танҳо дар он сурате кам карда мешавад, ки агар ҳам наздикони дар Тоҷикистон буда, ва ҳам шахсони ба Русия сафаркарда хизматрасониҳои як операторро истифода баранд. Бахусус, муштариёни «МегаФон» дар ин ҳолат имкон доранд, ки то ду маротиба хароҷоти худро камтар намоянд”.

Масъулини “Мегафон” мегӯянд, хизматрасонии «Дастрасии байналмилалии NGN» то 31 январи соли 2014 амал хоҳад кард ва меафзоянд, ки маълумоти муфассалро метавон дар сомонаи расмии ин ширкат ба даст овард.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • фира

  • 9 октябр 2013 18:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
30 дирхам ба гуфти шумо арзон аст ? Пеш аз ин 0,01$ яъне 0.06 сомони буд 30 дирхам 5 баробар зиед аст е шумо хато фахмидед 3 дирхам бошад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
занг задан ба русия дар 1дакика 70дирам мебошад. Ва он чанд фоиз арзон карда шуд?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!