Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 19:38

Талаби аз 8 то 10 соли зиндон ба Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев (ВИДЕО)

9 октябр 2013, 18:21

Иброҳим Саидов, намояндаи додситонии Суғд, аз додраси парвандаи Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоев, ду маҳбуси зиндони Хуҷанд, хостааст, онҳоро аз ҳашт то даҳ сол равонаи зиндон кунад.

Оқои Саидов дар мурофиаи рӯзи 9 октбяр эълом карда, ки “мувофиқи моддаи 332 ва 346-и Кодекси ҷиноӣ Суннатулло Ризоев 10 сол ва Садриддин Тошев 8 сол аз озодӣ маҳрум шаванд”. Мақомот Ризоев ва Тошевро барои паҳн намудани тақрибан ҳафт навори видеоие, ки дар бораи шиканҷаи зиндониёни Хуҷанд нақл мекунад, муттаҳам мешуморанд.

Аммо Файзиннисо Воҳидова ва Абӯбакр Қулматов, вакилони мудофеи ин ду маҳбус, талаби айбдоркунандаи давлатиро ғайриқонунӣ дониста ва гуфтанд, нафарони таҳти ҳимояташон гуноҳе содир накардаанд. “Дар тӯли бештар аз се моҳ дар мурофиаи судӣ муайян карда шуд, он айбҳое, ки нисбат ба ду судшаванда эълон карда шудааст, тасдиқи худро наёфтанд. Зеро судшавандаҳо дар ҷойҳои адои ҷазо қарор гирифта, ҳеч имкони паҳн кардани маълумоти бардурӯғ, бахусус навори видеоиро надоштанд”,-афзуд Воҳидова.

Видеои шиканҷаи Садриддин Тошев



Хонум Воҳидова дар идомаи суҳбаташ гуфт, “дар мурофиаи судӣ бе баҳс муайян карда шуд, ки санаи 5-уми ноябри соли гузашта ҳангоми ворид шудан ба муассисаи 3/3-и шаҳри Хуҷанд, воқеан, ҳамаи маҳбусон мавриди шиканҷа қарор гирифта буданд. Аммо ягон далели шайъӣ гирифта нашудааст ва то имрӯз ба парванда флешкорт ё телефони мобилие, ки тавассути он шиканҷаи зиндониён ба навор гирифта шудааст, вуҷуд надорад.”

Вакилони мудофеи Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошев далели бегуноҳии зерҳимояҳои худро дар он мебинанд, ки онҳо ягон воситаи техникӣ ва дастрасӣ ба сомонаҳои интернетӣ надоштанд, то иттилои бардурӯғро паҳн намоянд. Агар талаби айбдоркунандаи давлатӣ аз сӯи додрас қонеъ карда шавад, дар он сурат Тошев ва Ризоев аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳое, ки қаблан бар асоси он зиндонӣ шуда буданд, 12 соли дигар дар зиндони низомаш сахт адои ҷазо хоҳанд кард.

Садриддин Тошеву Сунатулло Ризоев тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба Хуҷанд интиқол ёфтанд.


Дар акс: Файзиннисо Воҳидова ва Абӯбакр Қулматов


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • СУДЯ

  • 9 октябр 2013 18:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ГОВСУД ЗИНДА БОД!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мархамат ин аст ватану ватандори ин аст озодию хакикатпарасти шахсе, ки хайвонгарихои кормандони зиндонро ошкор карданд, ки чандин фарзандони ин миллатро маъюб кардаву аз азоб дихии онхо ба халокат расонида буданд ба чое, ки мукофот диханд не балки хашт дах сол говсудашон мекунанд....
Посух додан
  • Абдуллох

  • 10 октябр 2013 12:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Rustam Rustamov,
Бародари азиз инхоро як нафар шиканча дода бошад агар хеч гапе не локин ин бадбахтон чансад нафаронро шиканча додаву чандин нафарони зиёдро аз зиндаги махрум кардаанд ин азоби Худованд аст бар онхо вакте дар озоди буданд барои дар рохи рост рафтан бояд мубориза мебурданд холо ки бо ризогии Худованд ба чазо гирифторанд халоси мечуянд холатон аз ин бад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!