Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 23:17

“Гранд Отел” ҳам аз Раҳматилло Зоиров “рӯ гардонд”

10 октябр 2013, 11:53

Масъулони “Гранд Отел”, яке аз меҳмонхонаҳои маъруфи Душанбе, ки қаблан барои баргузории Анҷумани сотсиал-демократҳо ризоият дода буданд, “аз қавлашон гаштаанд”.

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократ (ҲСДТ), гуфт, қарор буд, анҷумани онҳо рӯзи 12 октябр дар толори “Гранд Отел” баргузор шавад, “аммо ҳоло саркашӣ мекунанд”. Вале Зоиров мегӯяд, ин охири кор нест. Ба қавли ӯ, маъмурияти “Гранд Отел” менеҷери ин меҳмонхонаро, ки бо ҲСДТ барои баргузории Анҷумани онҳо қарордод баста буд, низ аз кор рондаанд.

“Маъмурияти меҳмонхона аз посух ба саволҳо оид ба сабабҳои саркашӣ кардани худ худдорӣ мекунанд”,-афзуд Зоиров. Раҳбари сотсиал-демократҳо дар идома гуфт, “маълум мешавад, ҳукумат аз ваколату имкониятҳои худ сӯистифода карда, барои баргузор нагаштани анҷумани ҲСДТ монеа эҷод менамояд.”

Оқои Зоиров мегӯяд, дигар маҷбур аст, анҷумани пешазинтихоботиро дар толори хурди қароргоҳи ҳизбаш баргузор кунад. Вай гуфт, ба далели танг будани ҷо наметавонанд меҳмоннони зиёдеро даъват намоянд. “Аз ин рӯ, маҷбурем, танҳо намояндагони Кумисюни марказии интихобот ва Вазорати адлияро даъват кунему халос”,-таъкид кард ӯ.

Ҳизби сотсиал-демократ, ки ҳоло шомили Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон аст, аз номзади ягонаи ин эътилоф Ойниҳол Бобоназарова пуштибонӣ мекунад. Хонум Бобоназарова, ки дар гузашта дар Бунёди Сорос ва Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо кор кардааст, дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ ба ҳайси номзади ягонаи ислоҳотхоҳон муаррифӣ шуд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Абдуллох

  • 10 октябр 2013 12:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин як шармандаги хаст барои ин давлатдорон, аз Худо би тарсед! то ба кай зулум болои мардони хакикатгу мекунед? Кабири бас набуд ки боз дунболи Зоировро гирифтед? офтобро бо доман пушонида намешава инро шумо донед!!!рузе худованд хакро болои ботил голиб мегардонад ин сухани Аллохро фаромуш накунед.Озодагон ин суханони маро дар сомонаатон чой дихед: чандбор мешавад шумо хакикат ошкор гуфтаамро чоп намекунед ё ин ки аз ин хукумат дорон метарсед? агар битарсед чаро номатонро Озодагон мондаед
Посух додан
  • А

  • 10 октябр 2013 13:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чой нест,хайр хамачо банд аст.ачоиб бо даьвои демократияву озоди дорем?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хукуматдорон шарм хам надоранд.
Посух додан
  • man

  • 10 октябр 2013 20:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
барои мехмонхои ХНИТ ки дар рузи тачлили 40-солаги аз хорич омада буданд ин мехмонхона чунин ахдшикани карда буд вале М. Кабири аз фурсат истифода бурда шармандаашон кард ва ноилоч мехмонхои ХНИТ-ро кабул кардан. чаноби Зоиров шумо рухафтода нашавед дар толори хурди худатон бо чамъияти кам ва бо бакия мехмонхо дар як хиёбон хам мешавад анчуманро гузаронид ва ё бо истифода аз эътилоф дар зери капаи Кабири (ХНИТ) гузаронед

Хар накухохе ки ояд зиндабаргураш кунем,
Чун равад аз кайди олам васфу машхураш кунем.
Посух додан
  • Точ

  • 11 октябр 2013 10:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э бародарон хамин толори худашон хам басандааст, бовар накунед рафта бинед чои холи бисёр мемонад. О чорзону задан чи дар кор.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!