Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 23:07

Рабуда шудани нахуствазири Либия аз тарафи як гуруҳи мусаллаҳ

10 октябр 2013, 11:53

Алӣ Зайдон, нахуствазир ва раиси ҳукумати муваққати Либия аз тарафи як гуруҳи ниқобпушони мусаллаҳ рабуда шудааст.

Дар ин бора ҳукумати Либия дар сафҳаи интернетии худ хабар додааст. Манбаъ, мегӯяд, субҳи имрӯз 10-уми октябр як гуруҳи мусаллаҳи ниқобпушон нахуствазири либиро аз меҳмонсарои ба номи “Corinthia”-и ин кишвар дӯздида ба ҷои номаълум ғайб задаанд.

Дар идома гуфта шудааст, ки ҳукумати Либия дар рабуда шудани раиси худ, тазоҳургарони пешин ва узви Коммисия оид ба пешгирӣ аз ҷинояткориро муттаҳам менамояд, ки он таҳти раҳбарияти вазорати дифоъ ва дохилии ин кишвар қарор дорад.

Нахуствазири либӣ дар ҳоле дӯздида шудааст, ки 5 рӯзи қабл дар шаҳриТарабулуси Либия Абу Анас, шаҳрванди ин кишвар ва узви гуруҳи Ал-Қоида боздошт шуда, ҳоло зери назорати дастаи коммандоси амрикоӣ қарор дорад.

Ҳукумати Либия бо пахши изҳорот аз мардуми худ барои нигаҳдории оромӣ дар кишвар даъват карда, гуфтааст, ки ҳукумат ҳоло Шӯрои вазирони Либияро ба нишасти изтирорӣ даъват кард. Алӣ Зайдон, ки 63 сол дорад, аз моҳи октябри соли 2012 инҷониб симати нахуствазириро дар Либия бардӯш дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!