Бахшҳо
10 окт 2013 12:51Тоҷикистон / Сиёсат

Додрас хост, Мамадшо Илолов ва Меҳмон Бахтӣ ба додгоҳ оянд

Рустам Устобоев, намояндаи ҳуқуқии панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, ки аз болои Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия-Плюс”, ба додгоҳи Фирдавсии Душанбе шикоят бурдаанд, аз ӯ танҳо барои се зиёии тоҷик 200 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарарӣ маънавӣ хост.

Ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ, ки рӯзи 10 октябр ҷараён гирифт, гуфт, “Аскаралӣ Раҷабов, Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов баъд аз хондани матлаби Олга Тутубалина дар бораи бозгашти Бозор Собир ба Ватан, ки дар он ҷо дар бораи зиёиён низ гап меравад, зарари маънавӣ дидаанд.”

Оқои Устобоев дар идома афзуд, аммо панҷ иттиҳодияи эҷодӣ, аз ҷумла Академияи илмҳо ва Иттифоқи нависандагон, мехоҳанд, хонум Тутубалина фақат аз онҳо маъзаратхоҳӣ кунад. Ин намояндаи ҳуқуқии панҷ иттиҳодияи эҷодӣ дар муроифаи рӯзи панҷшанбе аз панҷоҳ саволи додрасу вакили мудофеи Олга Тутубалина ба бистои он посух дод.

Додрас хост, Мамадшо Илолов ва Меҳмон Бахтӣ ба додгоҳ ояндВай аз ҷумла гуфт, “норизоиятии панҷ иттиҳодияи эҷодӣ аз он аст, ки Олга Тутубалина дар як матлаби худ зиёиёни тоҷикро таҳқир намудааст”. Олга Тутубалина дар матлабаш “Неинтеллигентно об интеллигенции” бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" ор бурда ва таъкид карда буд, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбат ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.

Дар поёни мурофаии рӯзи 10 октябр додрас Сурайё Ҷобирова пешниҳоди вакили мудофеи Олга Тутубалинаро дар мавриди ҳузури худи даъвогарон пазируфт ва талаб кард, ки дар мурофиаи навбатӣ Мамадшо Илолов, президенти Академияи улум, Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагон ва Дилбар Абдиева ва Ҳикмат Раҳматов ишитрок намоянд.
Мӯҳр
ф
Ана хамон 3 нафар бояд исбот кунанд, ки онхо зиеи хастанд, на мошенник. Вазъиятро истифода бурда пули муфт кандан мехоханд.

Кандидат наук
Бечорахо ин зиёиёни ба ном зиёи дар чанд соле, ки дар таърифу тавсифи хукумати чаноби оли буданд, хеч неки тавонанд маоши хуб дарёфт кунанд холо дар остонаи интихобот барои бастани дахони журналист мехоханд хам чанд пулаки ба даст оранду хам табъи хочаашонро хуш кунанд.

аз хама рохи хуби пулкоркуни гадои мебошд.Гадои кунед аз ин кореки пеш грифтаед бехтар аст.Шарм надоред.ПЕРЕД.

Агар Аскарали Рачабову Дилбар Абдиева ва Хикмат Рахмат худро ин кадар гаронарзиш шуморанд, 400 нафари дигари аъзоёни Иттиходи нависандагон ва бештар аз 15000 нафар кормандони Академияи илмхо чи арзише дошта бошанд?
Ин нафарон базичае беш барои сиёсатмадорони давр нестанд, зеро Аскарали Рачабов саргарми Борбаду рузгори уст, Абдиеваро хамчун номзади илм дар доираи илми тиб барои чомеа мисли Мансурови машхур нест, Хикмат Рахмат бошад мунаккидест, ки танхо аз доираи таърифи дустонаш берун нарафтааст.
Хамин "зиёиёни бенуранд", ки аз дасти хушомадгуиву чоплусиашон дар зарфи 20 соли охир 1120 доктори илм Точикистонро тарк кард. Ин нафарон бояд шарм кунанд, ки бо чунин тафаккуру бо чунин андешаи гуломона мехоханд ки будани худро нишон диханд.

Зихи Олга, ки магзи хушкшудаву ночунбони зиёиёни моро ба тахрик оварди!!!

Olga durust guftaast va yagon kasro tahkir nakardaast. Sharm dored ziyoiyon va doned ki oftobro bo doman pushida nameshavad. Hama medonad ki Olga chi guna jurnalist ast va faqat haqiqatro menavisad. Voi bar holi ziyoiyoni Tojik.

Академияи илмхо
Тутубалина аз хамаи шумо, хомиёни интеллигенциянамои мисли худатон дуруяву тарсуву чоху мансабхох миллиард бор точиктару рушанфикртар аст. Шармам меояд аз вокунишхои худнамоёнаву руйширинкунонаи Бахти ва Илолов ва амсоли онон. 80% рушанфикрони точик хамрайъ бо Ольга Тутубалина хастанд.

Аскарали Рачабов ба як пули сиёх намеарзад. Вай дар илм корчаллони сафсатагуст. Ягон кораш чидди нест. Хамааш як чиз. Вай чи вазифа мехоста бошад, ки ин кадар чоплуси мекунад? Гумонам мехохад узви вобаста шавад, зеро ин замон хамаи вазифаву унвонхоро як нафар медихад. Аскарали бояд садокати зохирию дуругинашро ба вай нишон дихад. Ё Худо! Номусу шарафу вичдони гурухе аз мардуми ба истилох "рушанфикр" мурдааст.

Академияи илмхо,
Агар ба Бахтӣ ва Илолов чӣ қасде ё ғаразе доред, мӯҳтарам АИ, пас дигар равшанфикрони қаторӣ чӣ гунаҳ кардаанд, ки ба ғазаби шумо барин космополити руспараст (ҳамон русҳое, ки тоҷиконро чашми дидан надоранд) гирифтор шудаанд?
Пас худи шумо кӣ ҳастед? Шоирча ё олимчае, ки вазифа надодаанд? Ё ягон низомӣ ё амниятие, ки ҳануз аз замони Шӯравӣ бо руспарастӣ заҳролӯд шуда, ҳамеша равшанфикронро "ПАРШИВАЯ ИНТЕЛЛИГЕНЦИЯ" меномиданд. Агар инро Олгаҷонатон надонад, барояш бигӯед, ки ин ҳам яке аз истилоҳооти дӯстдоштаи падари маънавияш Ленини диктатор аст. Охир О.Т ва ҳамқавмонаш забони тоҷикиро аз куҷо донанд, ки худашон хонанд ва лаззат баранд? Онҳо ҳам ба тоҷикҳо ва ҳам ба забонашон кайҳо туфи балғамолӯд кардаанд. Минҷумла ба рӯи шумо ҳам. То ҳол нафаҳмидед; онҳо ҳеҷ ором нестанд, ки империя ва салтанаташон аз даст рафтааст. То дами вопасин заҳри худро мечаконанд. Инро фақат шахси нобино намебинаду халос!

Сохиб Али
Агар бо ин "чурм" мардумро ба додгох мекашиданд, пас имруз дар ягон кишвари дунё зиёди вучуд дошта наметавонист. Барои ин сухан ба додгох кашидани рузноманигор алакай худ нишонии интилигент набудан аст

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)