Дар роҳҳо эҳсоси ноамнӣ мекунам. Шумо чӣ?
10 октябр 2013, 15:19
Абдулазизи ВОСЕЪ
Дар Эрон ҳам зиёд мушоҳида мешавад, ки ронандаҳо зуд зуд масирашонро тағир медиҳанду пеши мошини дигарро мегиранд, аммо ба фарқ аз Тоҷикистон ронандаҳои эронӣ ба якдигар дастугиребон нашуда ва онеро ки “помех”-аш дод “сур” кардаву ҳафт пушти гузаштаву баъдан меомадаашро дашномҳои нестандарҷаҳон намекунанд.
Ба назар мерасад тамоми ронандаҳо дар Тоҷикистон ҳамеша асабиянд. Андак сухан ё ҳаракати мошинҳои дигар “илҳомашон”-ро бедор мекунад. Барои бархеи ин ронандаҳо фарқ надорад, ки дохили мошин занону кӯдакон нишастаанд. Аз оча сар мекунанду дар гунҷишкҳои лаби бом хотима мебахшанд.
Ронандаҳои бештари мусофиркашҳои хӯрд гӯйё аз субҳ бо мақсади ширкат дар сабқати “Формула-1” ба роҳ баромадаанд. Гоҳе якбора суръати мошинро баланд мекунад, гоҳе якбора онро нигоҳ медоранд. Гуиё шогирди Шумахеранд. Гоҳе аз ҷои мамнуъ мошинро мегардонанду гоҳе муқобили самти ҳаракат мошин меронанд. Ҳамеша як эҳсоси ноамнӣ бо туст. Баъзан маҷбур мешавӣ, чашмонатро пушида интизори бархурд шавӣ. Раваду ба бахтат ягон ронандаи боэҳтиёт биёяд, ҳам нафаси сабук намекашӣ. Аз ин ронанда ки дилат пур шуд, боз андешаи мошинҳои атроф оромат намегузорад.
Гузашта аз ин ронандаҳое, ки бо мақсади пулкоркунӣ ба роҳ мебароянд, бо одамони роҳ ҳамчун луқма муносибат мекунанд. Сарнишинҳои “Старекс”, ки ба ҷои се нафар чор кас мешинонанд (мо ва тамоми шаҳрвандоне, ки дар Тоҷикистон ба сар мебаранд аллакай ба ин чиз одат кардаанд ва дигар касе ҳам эътироз намекунад), одамони фарбеҳро бад мебинанд. Танҳо рӯзҳои камодам ба чунин афрод хизмат мерасонанд.
Дар масъалаи роҳкиро намегӯем. Фоида надорад.
Чанд рӯз пештар дар чорроҳаи назди СУМ “пробка”-и думдарозе шуд. Аҷибаш ин буд, ки ронандаҳо на ба нишондоди чароғаки сабз нигоҳ мекарданду на ба сурх. Гуйё қиёмат қоим шуда буд. Аз ин аҷибтараш он буд, ки тақрибан 6-8 корманд БДА назди гузаргоҳи зеризаминӣ, дуруст дар ҷое, ки садои сигнали мошинҳо ба само печида буд, бо ҳам гарм чақ чақ доштанд. Аммо ҳеч нафари онҳо ба ин “рӯзи маҳшар” аҳамият намедод. Гуйё ҳеч чизро намебинанду намешунаванд.
Ва чун гап аз кормандони БДА рафт як ҳолати аҷиби дигар. Тақрибан моҳе пештар ба вилояти Хатлон мерафтем. Дар дидбонгоҳи ағбаи “Чормағ”, ҳоло “Хатлон” чун маъмул мошинро нигоҳ доштанд. Ронанда се сомониро гирифта рафт ва баъди ним дақиқа омаду ба ҳаракат даромадем. Ҳануз чизе напурсида хандида гуфт, “тасаввур кунед, ки ҳамин мошинро ман дуздида бошам. Касе кор надорад. Се сомон медиҳӣ, тамом”.
Ва боз дар бораи БДА-шникҳо. Онҳо ҷуръати нигоҳ доштани мошинҳоеро, ки бо суръат мераванд, надоранд. Чаро инашро навиштам, худатон аз ман беҳтар медонед...
Ҳоло Душанбе ба “Шаҳри бехатар” омода мешавад. Маблағи ҳангуфте ҳам барои насби камераҳои назоратӣ масраф шудааст. Масъулин итминон медиҳанд, ки бо фаъол шудани онҳо ҳолатҳои қоидавайронкунӣ кам мешавад. Аммо ман ба ин бовар надорам. Ҳеч тасаввур карда наметавонам, ки якбора ҳамаи ронандаҳо “гапшунав” мешаванду қоидаҳоро риоя мекунанд. Намедонам чаро, аммо ҳеч наметавонам ба ин чиз бовар кунам. Солҳост мусофири мусофиркашҳои хурдаму гоҳо бо таксиҳои “се сомона” ҳам меравам ва рафтору кирдори ронандаҳои тоҷикро хуб омӯхтаам. Шумо чӣ мегӯед?
Дар роҳу кӯча ҳеч гоҳе худро амн эҳсос намекунам. Чӣ ба сифати мусофир дар нақлиёт ва чӣ ба сифати пиёдагард дар пайраҳаҳо. Ҳар замон хатари ба ту ё мошине, ки ту нишастаӣ бархурдани нақлиёти дигар мавҷуд аст. Бархеҳо гӯё дар кайҳонанд, барояшон рамз ва ранги чароғак фарқе надорад...