Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:49

Садамаи қатор 33 наваскарро захмӣ кард

10 октябр 2013, 15:24

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, дар садамаи қаторе, ки аз Душанбе ба Хуҷанд ҳаракат мекард, 33 нафар ҷароҳат гирифтаанд.

Бахтиёр Бозоров, масъули Вазорати мудофиа дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт: “Дар садамаи қаторе, ки субҳи имрӯз, 10-уми октябр аз самти Душанбе ба Хуҷанд ҳаракат мекард ва дар минтақаи Ҷиззахи Узбакистон ба садама дучор шуд, 33 даъватшаванда ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ гирифтаанд”.

Ба иттилои манбаъ, дар дохили қатор беш аз 200 даъватшаванда ва инчунин афсароне, ки наваскаронро ҳамроҳӣ мекарданд ба садама дучор шуданд. “Вобаста ба ҳолати баамаломада комисияи махсус ташкил шудааст, ки сабабҳои ҳодисаро муайян хоҳанд кард”,-афзуд манбаъ.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Дилёб

  • 10 октябр 2013 17:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо наваскаронро шифои комил дихад. Худо медонад чантои онхо ичборан ба тарики "облава" ба хизмат сафарбар шуда бошанд. ба андешаеша ман 32,5-тои онхо бо дили нохохам ва ичборан ба хизмат рафтаанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!