Бахшҳо
10 окт 2013 16:02Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Шикоят аз болои наҳзатиҳо: "...Мабодо кӯдаконамонро нагиранд"

Наимҷон Самиев, роҳбари бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) мегӯяд, ӯ ва чан тан аз намояндаҳои ин ҳизб рӯзи чоршанбеи 9-уми октябр ба додситонии шаҳри Хуҷанд даъват шуданд.

Оқои Самиев дар суҳбаташ ба "Озодагон" гуфт, ҳадафи ин даъват шикояти Кумитаи заминсозии шаҳри Хуҷанд ба додситонӣ будааст, ки гӯиё бинои вилоятии ҳизб ғайриқаноатбахш истифода мешудааст: "Солҳои пеш ин бино мағоза буд. Аммо 10 сол мешавад, ки аз ҷониби як узви ҲНИТ харидорӣ шудааст. Бахши суғдии ҳизб онро иҷора гирифта буд. Ду сол боз барои гирифтани сертификат саргардонем, аммо кормандони Кумитаи заминсозӣ корро кашол медиҳанд",-афзуд ӯ.

Наимҷон Самиев мегӯяд, рӯзи гузашта ваколатдори бино Наимҷон Очиловро низ ба додситонӣ даъват намуда аз ӯ дар мавриди бинои бахши суғдии ҲНИТ баёнот гирифтаанд: “Чанде пеш кормандони Кумитаи амнияти шаҳри Хуҷанд низ Наимҷон Очиловро ба идораашон даъват кардаанд. Ба ӯ гуфтаанд, аз истиқоматкунандаҳои биноҳои истиқоматии 17 ва 18, ки дар назди бинои ҲНИТ дар Суғд ҷой гирифтаанд, ду аризаи шикоятӣ омадааст. Дар ин аризаҳо гӯиё навишта шудааст, ки “мо рӯзона ба кор меравем ва аз кӯдаконамон хавотир ҳастем, ки мабодо сатрдору ришдорҳо кӯдаконамонро гирифта набаранд”. Гӯиё навиштаанд, ки аз фаъолияти ҳизбии мо бехабаранд”.

Ба гуфтаи раҳбарияти бахши суғдии ҲНИТ муомилаи муфаттиши додситонӣ бо онҳо бисёр хуб буд: “Фақат гуфт, ки Кумитаи заминсозӣ даъво дорад, ки шумо ҳамин биноро, ки мағоза буд, самаранок истифода набурда истодаед. Барои ҳамин таъиноти қарори раиси шаҳр дар кор аст. Мо инро мегирем иншоаллоҳ. Агар мағоза ғайрисамаранок бошад, мо онро ба ташкилоти маъмурӣ табдил медиҳем. Ба раиси шаҳр мактуб мекунем ва бояд онҳо мусоидат намоянд”.

Пештар аз ин, дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ, Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хостори тафтиши қароргоҳ ё дафтари Ҳизби наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд шуда буд. Ин Кумита бо ирсоли як нома аз раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Идораи заминсозӣ, меъморӣ, ҳифзи муҳити зист, ширкати Тоҷиктелеком, Идораи дин ва шабакаҳои барқу сардухтури Хуҷанд хоста буд, бо ташкили як кумисюн дафтари шаҳрӣ ва вилоятии ҲНИТ-ро аз назар гузаронда, баъдан хулосаи худро пешниҳод кунанд.
Мӯҳр
Баходур
Якумаш ин ки ин аризаро худи бачахакои макомот навиштаву хеч кас аз мадуми оди чунин кор намекунанд. дуюм кудакони мардумро боз чинояткороне шояд бо фармони кадом масъули болочахак медуздаду фазои вахшатро чори мекунанду на танхо нахзат балки мусалмононро гунахкор мекунанд. Ин як сиёсатест ки барои бадном кардани мусалмонон албатта бо дасти касоне ки онхо низ мегуянд мусалмонем, вале душмани асосии мусалмонон хаминхоянд, анчом мешавад. Бечора хукумати мо чунон дар гирдоб фуру рафтааст ва наметавонад мушкилоти ичтимоиву иктисодии мардумро хал кунад, ба хамин сабаб даст ба корхое мезанад ки хиёл мекунад бо ин рох мешавад мардумро фиреб дихаду чанд рузаке дар курсии мулоим шинанд, вале ин фазои вахшат ба зарари худашон ки аз тарс аз ин ки касе пулхояшонро надуздад, шаб хоб намераванд. албатт ин кор бар арари кишвар шудааст.

777
камтари дигар мондхуди ХНИТ аз байн меравад.дигар бино чи лозим?

аюб
ин нахзат хизбуллох аст ки худованд худаш ваьда кардааст ки то кийомат нигах медорад шумобарин шайтонбачахо хазоронашон нест мекунем гуфта бо касалихои сироятнашаванда гирифтор шуда мурда мераванд вой дартаги замин

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)