Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:04

БДА дар бораи BMW-и Ҳукумов ва марги писари раиси чойхонаи "Роҳат"

10 октябр 2013, 17:25

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон мегӯяд, мошини BMW-е, ки шаби 9 октябр дар хиёбони марказии Душанбе ба садама дучор шуда, се куштаву се маҷруҳ бар ҷой гузошт, мутааллиқ ба Асрор Ҳукумови 21-сола аст.

Аммо Маҳмадшариф Шамсов, масъули хадамоти матбуоти БДА, пайвандии Ҳукумови 21-сола бо Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати Роҳи оҳанро, ки яке аз афроди наздик ба хонаводаи раисиҷумҳури Тоҷикистон дониста мешавад, шарҳ надод. Вай гуфт, онҳо фақат ному насаби ин афродро сабт карда, бо киву чикора буданашон коре надоранд. Ин дар ҳолест, ки қаблан "Азия-Плюс" бо такя ба як манбаи худ Ҳукумови 21-соларо ҷияни раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон муаррифӣ карда буд.

Бо ин ҳол, Маҳамдшариф Шамсов мегӯяд, “Асрор Ҳукумови 21-сола ҳангоми ҳаракат аз кӯчаи Рӯдакӣ ба тарафи кӯчаи Исмоили Сомонӣ ба муқобили самти ҳаракат мебарояд. Дар натиҷа, ба автомашинаи тамғаи ВАЗ 21-014 (рақами давлатиаш 80-36 ВВ 01) бармехӯрад, ки ронандааш Алоуддин Саидови 22-сола буда, дар ҷои ҳодиса ҳалок мешавад.”

Дар пайи ин садама, ба гуфтаи Шамсов, Сурайё Исмоиловаи 32-сола ва Уктам Мансурови 26-сола (писари Мансур Саидов, раиси чойхонаи "Роҳат") низ бо бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон ҷон бохтаанд. “Мусофирони автомашинаи тамғаи BMW -- Мадина Аҳмедова, Азиза Рӯзиева ва Маҳкам Шокиров ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар беморхона бистариянд”,-афзуд мусоҳиби мо.

Бозрасии давлатии автомобилӣ мегӯяд, нисбат ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Шер

  • 10 октябр 2013 17:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инна лиллохи ва инна илайхи рочеъун. Албатта Хабари нохуш. Ба ахли байти фавтидахо аз даргохи Худованди мехрабон сабри чамилро хохонам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инхо тамоман аз худ рафтаанд.Фикр мекунад ки бача е хешовандони раисони калон бошанд,хама чиз ба онхо ичозат дода шудааст.Мошини кимммат бошад,у шохи рох худашро мехисобат.Кормандони БДА ку инхоро боздошт намуда хуччатхо ронандагии онхоро гирад.Не боз ягон опел е нексияи кухначаро боздошт намуда,пули охирини хамон камбагали бечораро зада мегиранд.
Посух додан
  • 900020001

  • 10 октябр 2013 19:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
nadroi alamt kaday beakl
Посух додан
  • Самад

  • 10 октябр 2013 20:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инҳо дурустар фикр кардаанд, то монанди писари Қоимдодов аз лафзашон гарданд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ИНО ЛИЛЛОХ ВА ИНО ИЛАЙХИ РОЧИУН.Албата имруз бештари бойбачахо аз АЛЛОХ дуранд!! Ва мошинхои зиёдашон бо пули харом ба даст омадааст,ва дар роххо чунон ронандаги мекунанд,ки гуё аз тагдирашон бохабар бошанд.Холо нигох кунем ки чи хукме ба ин тухфа мекунанд. ДИККАТ......
Посух додан
  • Jack

  • 11 октябр 2013 10:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин дафъа Хукумов бо чи шарт хешашро мебароварда бошад??? 201 база???
Посух додан
  • Беном

  • 18 октябр 2013 19:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ки гунахкор АСТ ва ки бегунах хамаша бад аз тафтишот малум мешавад бехуда гапхои ночо нанависед чи ое чабрдидагон гунахкор нестанд??!! Гапи хархелаю дуруг низ нависед факат гапу калочакуниро медонад тамом следствие хамаашро малум мекунам
Посух додан
  • фед

  • 26 октябр 2013 18:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ба 900020001 барои мошин хечкаса алам намекна мошин ин боигари нест. Хакки мардума мехри катани мекни ана у аламай. Беакл
Посух додан
  • тима

  • 10 ноябр 2013 19:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
касе пуштии ин авлодро мегирад вай худаш ахмак аст,гунахкор аст чазошро дихед!!!!!!!!!!!!!!!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!