Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:54

Бохти ҷавонони тоҷик ба тими Арабистони Саудӣ

10 октябр 2013, 17:28

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19), дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё, имрӯз, 10-уми октябр, дар варзишгоҳи “Шаҳид Боҳунар”-и Эрон аз тими ҷавонони Арабистони Саудӣ бо ҳисоби 0:5 шикаст хӯрд.

Ин дар ҳолест, ки мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар нахустин бозиаш аз тими ҷавонони Эрон бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрда буд. Ҳамин тариқ Арабистони Саудӣ бо 6 имтиёз дар ҷои якум ва Эрон, ки то ҳол як бозӣ кардааст, бо 3 имтиёз дар ҷои дуюм қарор дорад. Лубнону Тоҷикистон бе ягон имтиёз айни ҳол дар ҷойҳои сеюму чорум қарор доранд.
Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё байни ҷавонони то 19-сола дар гурӯҳи “D” то 12-уми октябр дар шаҳри Кирмони Эрон баргузор мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар ин гуруҳ рӯзи 12-уми октябр бо якачини ҷавонони Лубнон мубориза мебарад.

Ғолибони 9 гуруҳ ва 6 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба сабқати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19), ки моҳи октябри соли 2014 дар Мянмар доир мегардад, роҳхат мегиранд.

Пас аз анҷоми бозиҳои даври авали гурӯҳи “D” дастаҳои Эрон ва Арабистони Саудӣ 3-имтиёзӣ ба даста оварда, мутаносибан дар ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шуданд. Тимҳои ҷавонони Лубнону Тоҷикистон имтиёз дар зинаҳои сеюму чорум қарор дорад.

Бозиҳои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон (U-19)
Сабқати интихобӣ. Гурӯҳи "D"
Даври 1-ум
8-уми октябр (сешанбе)
Эрон – Тоҷикистон – 2-0
Арабистони Саудӣ – Лубнон – 2-1
Даври 2-юм
10-уми октябр (панҷшанбе)
Тоҷикистон – Арабистони Саудӣ 0:5
Лубнон - Эрон
Даври 3-юм
12-уми октябр (шанбе)
Лубнон - Тоҷикистон
Эрон - Арабистони Саудӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сурик

  • 10 октябр 2013 17:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фикр мекунам кудакои кучаи мо аз хамин чавонора дида хутару бехтар бози мекунанд
Посух додан
  • Шер

  • 10 октябр 2013 18:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Натичахо гайриканоатбахш. Хам 16 солахо ва хам 19 солахо ба Мусобикаи Финали Рох наёфтанд. ФФТ ва Рустами Эмомали бояд донанд, ки ФУТБОЛ КУРБОНИ МЕХОХАД, яъне КУРБОНИИ ПУЛИ. Ман хайронам хама имкониятхо дар дасташон АММО НАТИЧА СИФР - 0. Чибояд кард? 1) Нафаронеро, ки дар бонкхои Швецария дар марказхои Оффшори маблагхои худро мечархонанд мачбур бояд кард ба сохаи ФУТБОЛ кумак кунанд. 2) Инфрасохтори ФУТБОЛРО бехтар кардан даркор: варзишгоххо ва тамрингоххои замонави бунёд кард. 3) ФУТБОЛРО БОЯД КАСБИ КАРД, барои футболбозон шароити хуб фарохам бояд овард, музди мехнат хуб бояд дод ва БА ХОРИЧА БОЯД БУРД ТО ТАЧРИБА ОМУЗАНД. Ба ин ислохоти руяки 100 сол хам ба пеш намеравем. ХОХЕД, КИ ОБРУИ МИЛЛАТУ ДАВЛАТРО БА ВОСИТАИ ФУТБОЛ БАЛАНД БАРДОРЕД ПАС АЗ ИМКОНИЯТХОИ МОЛЯВИИ ХОРИЧИАТОН ИСТОФОДА БАРЕД, КИ ФАРДО ДЕР ХОХАД ШУД!
Посух додан
  • Шер

  • 10 октябр 2013 21:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагон комменти ман ку?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!