Бахшҳо

КМИР гуфт, “Бобоназарова то субҳи 11 октябр фурсат дорад”

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) мегӯяд, ситоди интихоботии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи кишвар (ИНИТ), то фардо -- 11-уми октябр барои супоридани имзоҳои худ ҳақ дорад.

ТАНҲО БОБОНАЗАРОВА МОНД

Абдуманнон Додоев, раҳбари дастгоҳи КМИР, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, муҳлати ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ба мақоми президентӣ соати 18:00-и 10-уми окябр ба поён мерасад. “Вале замони ниҳоии сабти номи номзадҳо фардо, 11-уми окябр, мебошад”,-афзуд ӯ.

Вай гуфт, ин ниҳод аз ситоди интихоботии хонум Бобоназарова талаб кардааст, то субҳи фардо 11-уми октябр рӯйхати имзоҳои ҷамъоваришуда ба ҷонибдории номзади худро супоранд. Дар ҳамин ҳол, масъулони ситоди интихоботии номзади ягонаи ИНИТ низ изҳор доштанд, ки то соати 18:00 ҷамъоварӣ имзоҳоро ба поён расонида, аммо маҷмӯи имзоҳои ҷамъшуда ба ҷонибдорӣ аз номзади хешро субҳи фардо эълон хоҳанд кард.

Ин дар ҳолест, ки дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Суғд, мегӯяд, он нақшаи ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдорӣ аз хонум Бобоназароваро дар ин минтақа пурра ба поён расонидааст. Наимҷон Самиев, раҳбари дафтари ҲНИТ дар Суғд ба “Озодагон” гуфт, ба монеагузориҳо нигоҳ накарда, тавонистаанд, нақшае, ки барои онҳо гузошта шуда буд, ба охир расонанд: “Ба мо ҳудуди 70 ҳазор нақша дода буданд, бачаҳо тавонистанд он имзоро ҷамъ намоянд.”

Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) рӯзи 9 ва 10 октябр шаш номзад ба мақоми президентиро сабтином кард. Инҳо -- Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби халқӣ демократӣ, Толиббек Бухориев аз Ҳизби аграрӣ, Олим Бобоев аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров аз Ҳизби сотсиалист, Исмоил Талбаков аз Ҳизби коммунист ва Саидҷаъфар Исмонов аз Ҳизби демократи Тоҷикистон мебошанд. Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор мегардад. Дар сурати сабтиноми Ойниҳол Бобоназарова ҳафт нафар барои дарёфти курсии президентӣ талош хоҳанд кард, ки яке аз онҳо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунист.
Мӯҳр
Бародарону азизони арчманд! Имзохои чамъшуда то соати 18-00 худуди 100 фоизи пешбинишударо ташкил медиханд.
Хисоби онхо идома дорад, насиб 219 хазор бояд бошад.
Омин!

Бобоев руирост зикр намуд, ки максад аз интихобот президентшавии у нест! Чи гуна садхо хазор имзо чамъ кардааст?
Ва ё дигар номзадхо низ максади хурдо гуфтанд, ки Президентшавиашон факат ба хотири демократи кунони интихобот асту халос, яъне онхо низ президентшав наянд!
Факат ба истиснои Рахмон ва Бобоназарова, садхо хазорхо одамони бенанг ба дигар номзадхо имзо додаанд!
Ман хайронам.
КМИР чигуна ингуна одамонро сабт кард, харчанд, имзо чамъ оварда бошанд, хам максади муайян - яъне ПРЕЗИДЕНТ шуданй нестанд.

Чаноби Икс
Офарин! Ахсант!

Муаллим
Хизбхои такаллуби бо имзохои такаллуби дар интихоботи такаллуби такаллуби навбатии хешро ба рох хоханд андохт. Ин амал тавхин ва тахкири райъи мардум аст, ки онро низ бо такаллуб хоханд рабуд!

саид
Худоё харонкасоне ки барои дину фарханги ин милат бештар дилашон месузад аз хамон гурух( хизб)номзадашро пируз бигардон Худоё ту хакикатро дуст медори

UNDP
Бибиоли нагуфтам пеш аз пода чанг наандоз ана акун дам биги.

Маъруф
Агар дар 5 фоиз имзо чамъ кардан ин кадар мушкили дошта бошед, чи хел Президент шудан мехохед! Дар хакикат мушкил, мардум шуморо "гарм"кабул мекунад. Бовар накунед аз раисатон пурсед.

Галаба
Муборак бошад галаба дар интихоботи Президенти.
Ойнихол ба пеш.
Кабири аз кафо.
Зоиров тавасути катора.
Билохира 7 сол баъд тайёри бинед, ки чи кор бояд кунед.

Галаба
Гуфтам руймол банд набасти. Ана хамин аст окибати сари луч гаштан. Хизбро бехурмати карди, такдират чунин шуд.

Орзу
Умед ва орзу дорем,ки вактхои наздик Точикистони азизи мо дар хакикат ба як кишвари демократи ,хукукбунёд табдил меёбад ва Сарвари точикон нафаре интихоб мешавад, ки ба фасодкори ва ришваситони дар макомотхои давлати, вазифафуруши, бекори ,бебарки,ноадолати,шиканча,маошхо ва нафакахои ночиз,роххои пулаки, "облава",хешутаборбози ва махалгарои, монополияи навъхои сохибкори аз тарафи шахсони наздик ба раиси чумхур, андозхои баланд, кашшоки ва сатхи пасти зиндаги ва г.х. хотима мебахшад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)