Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:02

Баҳси рама ва "срок"-и Убайдуллоев ба муовини худу раисони ноҳияҳо

10 октябр 2013, 18:56

Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, имрӯз, 10-уми октябр, дар маҷлиси вакилони халқии шаҳри Душанбе аз парвариши чорво дар пойтахт нигаронӣ карда, барои нест кардани онҳо супориш додааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Убайдуллоев ҳисоботи муовини якумаш Хайруллоев Насруллоро дар самти танзими нигаҳдории чорво ва ҳайвонот дар Душанбе шунида, барои саҳлангориҳо дар ин самт ва ислоҳи камбудиҳо ба ӯ ва раисони ноҳияҳои пойтахт то 1-уми январи соли 2014 муҳлат додааст: “Барои ислоҳи вазъ ба сардухтурони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ З. Авғонов ва Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе Б. Қармишев то 1 декабри соли 2013 муҳлат муқаррар карда шуд.”

Раиси Душанбе ба додситонӣ ва мақомоти умури дохилии пойтахт дастур додааст, ки кори масъулинро пайгирӣ кунанд ва аз натиҷаааш ҳар ҳафта шахсан ба ӯ гузориш диҳанд.

Тибқи қонун «Дар бораи статуси пойтахти Тоҷикистон» дар марзи шаҳри Душанбе парвариш, нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст.

Тибқи иттилои шаҳрдорӣ дар ҷаласа муқаррар гардид, ки муддати 10 рӯз тавассути фаҳмондадиҳӣ бо шаҳрвандон инвентаризатсияи чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолиро дар марзи шаҳр ба сомон расонида, тибқи салоҳдиди шаҳрвандон аз байн бурдани онҳо таъмин карда шавад. Дар ин зимн Убайдуллоев супориш додааст, барои ба оилаҳои камбизоати муайянкардашуда ҷиҳати расонидани кӯмаки молиявии якдафъаина ба раиси шаҳр пешниҳод ирсол карда шавад.

Инчунин ба иттилои шаҳрдорӣ бо қарори иҷлосия убури рамаҳо тавассути марзи маъмурии шаҳри Душанбе ба чарогоҳҳои мавсимӣ қатъиян манъ гардид ва қарор шудааст, дар ин хусус ба унвонии ташкилоту идораҳои дахлдор маълумотномаи расмӣ фиристода шавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеле қарори оқилона. Вале афсуски мисли дигар қарорҳои ҳукумат, шояд, ин ҳам ба зудӣ фаромӯш шавад.
Ҳукумати Душанбешаҳр бояд сӯзондани барги хушки дарахтонро на танҳо дар кӯю кӯчаҳо, балки дар ҳудуди ҳавлиҳо низ, таҳти муҷозоти сангин, қатъиян манъ кунад. Аз дуди ғализи он баргҳо гази бисёр зарарнок хориҷ мешавад, ки роҳҳои нафасро гирфта, ҳаёти инсонро зери хатар мегузорад. Махсусан онҳое, ки аз бронхит, астма, илтиҳоби шушҳо ва бемории сил азият мекашанд.

Сониян банда доимо мушоҳида мекунам; занҳои фарроше, ки субҳи зуд кӯчарӯбӣ мекунанд, баргу қоғазу дигар партовҳоро руфта, ба ҷӯйҳои лаби роҳ меандозанд, ки дар натиҷа он ҷӯйҳо аз партовҳо пур шуда, дар мавсими боришҳо мушкилоти зиёдро иҷод мекунанд. Зимнан, ин амали ношоистаро на танҳо фаррошҳои кӯчарӯб, балки соҳибхоназанҳо низ як ба як такрор мекунанд. Шояд инро ҳама мушоҳида карда бошад. Аз ин хотир, ТВҳои давлатӣ вақти эфирро барои сиёҳкунии мухолифини ҳукумат сарф накарда, ба ин масъалаҳои тозагӣ ва поккории пойтахт таваҷҷӯҳи ҷиддӣ диҳанд, савобаш бештар мешавад.
Посух додан
  • шахрванд

  • 11 октябр 2013 07:29
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чаноби Убайдуллоев як ба раиси нохияи Сино фармондихед ки гову бузу хару гусфандони кучаи Р. Набиев ва Рохи Навро дида барояд . Дар ин кучахо гузашта намешавад аз буи гализи ахлоки чорво. Субх ё бегох мешавад гумон мекуни ки дар Ягнобам ё Уротеппа. Барои чи ин нохияхоро ном мебарам чун ки хамаи он истикомат кунандагон аз хамон чоянд. Хамаи инхо гушт фурушхои микрараёни 33 мебошанд . Дар хонаи баъзеяш 10 то 15 сар бузу гусфаанд аст. Илтимос чора бинед . Инаст мурочиати шахрванд.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"Чорвои калони шохдор" ? Хохиш мекунам ба забони модариатон ва модаратон эхтиром бигузоред!
Посух додан
  • о

  • 11 октябр 2013 09:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гушт хурданда хамат тайер, лекин аз гову мол ор мекунед. Душанбе кайхо кишлок шуда рафтаги аст. Дар кишлок бошад, мардум гову гусола бони мекунанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!